Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Арӯси тоҷикро бо заврақ ба хонаи шавҳар мебаранд. ВИДЕО


Арӯси тоҷикро бо қаиқ хонаи шавҳар мебаранд
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:04:50 0:00

Арӯси тоҷикро бо қаиқ хонаи шавҳар мебаранд

Саидшоҳ, сокини деҳаи Гирдоби шаҳри Норак, дар рӯзҳои истироҳат серкор аст. Ӯ ба ҳайси ронандаи «таксии обӣ» кор мекунад. Саидшоҳ бо заврақаш сокинон ва меҳмонони деҳаи Гирдобро аз як тарафи дарё то тарафи дигараш бар ивази як сомонӣ мерасонад.

Дарди фарзанд гирифт, мо бояд ӯро таваллудхона мебурдем. Дар роҳ, дар болои заврақ таваллуд кард

Рӯзи якшанбеи 8-уми октябр мусофирони ӯ хос буданд. Домоду арӯсе, ки бояд аз об гузашта, барои ҷашни арӯсӣ бираванд. Заврақҳои дигар меҳмонон ва ҷиҳози арӯсро то деҳа мерасонанд.

Шермаҳмад арӯсӣ дорад. Аз Қӯрғонтеппа арӯс овардааст. Наздикони Дилбар интизор доштанд, ки арӯсашонро бо «Лимузин» ваё «Мерседес» ба хонаи домод мебаранд, аммо бо дидани ин манзара ҳайратзада шуданд.

  • Деҳаи Гирдоб дар 100-километрии Душанбе, дар ҷануби шаҳри Норак бо 58 хоҷагӣ ва 840 сокин роҳи мошингард надорад. Нақлиёти мардум заврақҳои обӣ мебошанд.

Ҳар субҳ сокинони Гирдоб бо 6 заврақ ба кор мераванд, тиҷорат мекунанд ва ҳангоми корҳои зарурӣ худро ба ҷойи ободтар мерасонанд. Ин заврақҳоро сокинони деҳа харидаанд.

Юсуф Худойбердиев, вакили деҳаи Гирдоб, гуфт, “дар сурати пеш омадани ягон мушкил ё бемори вазнин дар нимароҳ мемонанд, чӣ кор кардани худро намедонанд.” Гурез Ҳабибуллоев, сокини деҳаи Гирдоб, мегӯяд, ки ҳатто яке аз фарзандонаш дар заврақ ба дунё омад. "Дарди фарзанд гирифт, мо бояд ӯро таваллудхона мебурдем. Дар роҳ, дар болои заврақ таваллуд кард", - гуфт ӯ.

Дар солҳои Шӯравӣ, бо оғози сохтмони обанбори нерӯгоҳи “Бойғозӣ”, ягона пули деҳа, ки он ҳам танҳо одамгузар буд, зери об монд ва мардуми деҳаи Гирдобро ба ноҳияи Данғара муҳоҷир карданд. Аммо бо гузашти як муддат мардум дубора ба зодгоҳашон баргаштанд.

Афроди кӯҳансоли деҳ мегӯянд, заврақҳои муҳҳарикдор кори мардумро то як андоза осон кардаанд. Дар замонҳои пеш мушкилашон дучанд буд. Сокинони деҳаи Гирдоб аз мақомот хостанд, ки дар сохтани як пул ё купрӯки одамгузар аз болои дарёи Вахш ба онҳо кумак кунанд.

Дар ҳар як тӯй мардум аз таҳти дил мерақсанд, чунки одамҳои навро мебинанд, соҳиби хеши нав мешаванд. Каманд духтароне, ки мисли арӯси Шермуҳаммад, қаҳрамони гузориши мо, ба ин гӯшаи бероҳ тақдирашонро бипайванданд.

Шарҳҳоро бинед (7)

Ин баҳс баста шудааст.

Шарҳҳо

Шарҳи нав расид
Идома
XS
SM
MD
LG