Пайвандҳои дастрасӣ

"Регар" нав шуд. "Норак" дигар аз кор намемонад


Дар Тоҷикистон навсозии зеристгоҳи барқии бузургтарин ва ҳаётӣ ба поён расид, ки дар гузашта борҳо аз кор монда ва сабаби қатъи нерӯи барқ дар саросари кишвар шудааст. Як манбаъ дар ширкати давлатии “Барқи тоҷик” рӯзи 15-уми май ба Радиои Озодӣ гуфт, ки комиссияи ҳукуматӣ охири моҳи апрел баъди санҷиши ҳаматарафаи иншоот, онро қабул кард ва ба ихтиёри ширкат супорид.

Комиссияи давлатии қабулро Азим Иброҳим, муовини нахуствазири Тоҷикистон раҳбарӣ мекард ва ба он муовинони вазирон ва дигар ниҳодҳои давлатӣ шомил буданд. Ба гуфтаи мусоҳиби Радиои Озодӣ, “навсозии истгоҳ пеш аз ҳама имкон медиҳад, ки қисми зиёде аз манотиқи кишвар бо нерӯи барқ муназзам таъмин шаванд ва муҳимтар аз ин аз ҳаргуна садама дар шабакаҳои барқӣ ва бахусус нерӯгоҳи барқи обии Норак пешгирӣ шавад.”

Манобеъ дар ширкати давлатии “Барқи тоҷик” мегӯянд, ки комиссияи ҳукуматӣ охири моҳи апрел баъди санҷиши ҳаматарафаи иншоот, онро қабул кард ва ба ихтиёри ин ширкат супорид.

Зеристгоҳи барқии 500-киловолтии “Регар-500”, барои нисфи аҳолии Тоҷикистон ва бахусус корхонаи азими “Талко” хидмат мекунад. Рӯзи 28-уми октябри соли гузашта садама дар яке аз трансформаторҳои зеристгоҳ сабаби аз кор мондани чархаҳои нерӯгоҳи барқи обии Норак шуд ва бисёре аз мардуми кишвар 3 соат дар торикӣ монданд.

Садамаи шабеҳи дигаре соли 2013 рух дод, ҳарчанд ба гуфтаи мақомоти ширкати “Барқи Тоҷик”, паёмадҳои ҷиддие барои шабакаҳои барқӣ надошт. Садамаҳои пештар дар “Регар-500”, ширкати “Талко” --истеҳсолкунандаи бузургтарини алюминий дар Осиёи Марказиро ба бало гирифтор кардааст. Аз ҷумла дар соли 2009-ум ба гуфтаи худи "Талко" дар натиҷаи садама дар Регар-500 бисёре аз электролизҳои корхона барои 50 дақиқа хомӯш шуд, ки ба вайрон шудани таҷҳизоти гаронқимати “Талко” оварда расонд.

Баъди садамаҳои пай дар пай ҳукумати Тоҷикистон, тарҳи навсозии зеристгоҳи “Регар-500”-ро омода кард ва барои он аз ширкати “Эксимбанк”-и Чин тақрибан 40 миллион доллар қарз гирифт. Навсозиро ширкати "ТБЕА"-и Чин соли 2014 бо истифода таҷҳизоти пешрафта ва комптерӣ шурӯъ кард ва соли гузашта анҷом додааст.

Ба гуфтаи мусоҳиби Радиои Озодӣ, зеристгоҳи Регар-500, ки солҳои 70-ум дар аҳди шӯравӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтааст ва дар ин муддати тӯлонӣ бисёре аз траснформаторҳои он фарсуда шуданд. Ба гуфтаи манбаи Радиои Озодӣ дар ширкати "Барқи тоҷик", онҳо умедворанд, “зеристгоҳи навшуда муддати тӯлонӣ барои мардуми Тоҷикистон хидмат мекунад.”

“Регар-500” бо ду хати баландшиддати нерӯи барқи 500-киловолтӣ дар 5- километрии корхонаи “Талко”дар шаҳри Турсунзода ҷойгир шудааст ва корхона аз ин зеристгоҳ бо 8 хати баландшиддати 220-киловолтӣ нерӯи барқ мегирад.

“Регар-500” ягона зеристгоҳе аст, ки Тоҷикистонро ба нерӯгоҳи бузурги барқи бухории Сирдарёи Узбакистон ва шабакаи ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ васл мекунад, агарчӣ ҳоло ба далели аз ин шабака берун шудани Узбакистон, Тоҷикистон ба он васл нест.

Назари хонандагон

New Comments Available

Агар сухане, назаре ё хабаре доред, бемалол ба мо занг занед ё SMS (паёмак) фиристед:

Дар Душанбе:

+992 988 65 94 63
+992 988 65 94 64

Дар Прага:

+420 724 053 959

Машваратдодашуда

XS
SM
MD
LG