Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мақомот: Айб дар яке аз чархаҳои Норак буд


Қатъи якбораи нерӯи барқ дар шаби 28 октябр дар тамоми Тоҷикистон, ки тақрибан се соат идома кард ва нигаронии сокинонро ба бор овард, бинобар сар задани нуқс дар яке аз чархаҳои нерӯгоҳи обии Норак ба миён омадааст. Дар маъмурияти нерӯгоҳи Норак рӯзи 29 октябр дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфтанд, "дар ҳоли ҳозир ҳамаи чархаҳои нерӯгоҳ фаъол ва коршоям ҳастанд."

Душанбе дар асорати торикӣ:

Душанбе пойтахти Тоҷикистон дар асорати торикӣ
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:48 0:00

Ширкати "Барқи тоҷик" пас аз хомӯш шудани нерӯи барқ дар қаламрави кишвар ба ҷуз аз вилояти худмухтори Бадахшон, ки масъулияти бо нерӯи барқ таъмин кардани онро ширкати "Помир-Энержӣ" бар ӯҳда дорад, бо нашри як изҳорот гуфт, "28 октябр соати 18:29 дақиқа бар асари рух додани ҳолати ғайриштатӣ дар система ва ба кор даромадани низоми худкори ҳимояи рейлегии зидисадамавӣ интиқоли нерӯи барқ қариб ба тамоми қаламрави кишвар қатъ гардид."

Нозирҷон Ёдгорӣ
Нозирҷон Ёдгорӣ

Нозирҷон Ёдгорӣ, сухангӯи ширкати "Барқи тоҷик", аз додани иттилои бештар дар ин маврид ба Радиои Озодӣ худдорӣ варзид ва танҳо гуфт, ки дар ҳоли ҳозир як комиссияи вижа чунучарои сар задани ин садамаро дар нерӯгоҳи Норак таҳқиқ мекунад.

Нерӯгоҳи Норак дар ҳоли ҳозир аз бузургтарин нерӯгоҳи кишвар аст, ки 75 дарсади ҷумҳуриро бо нерӯи барқ таъмин мекунад. Ғуломиддин Сайфинддинов, коршинос дар умури энержӣ дар Тоҷикистон, сар задани чунин ҳолатҳоро ба камбуди муттахасисони ҳирфаӣ дар ин бахш донист. Ӯ гуфт, "ҳар як чархаи нерӯгоҳи Норак аз 10 то 13 таҷҳизоти муҳофизаткунанда дорад, ки бояд сар задани чунин ҳолатро пешгирӣ намояд. Ин ҳолат аз набуди муттахассисон дарак медиҳад." Сайфиддинов афзуд, нерӯгоҳ ва таҷҳизоти он касбияти баланди мутахассисонро талаб мекунад, чунки он аз таҷҳизоти мураккаби муҳандисӣ иборат аст.

Шоми 28 октябр барои се соат нерӯи барқ дар тамоми гӯшаҳои Тоҷикистон қатъ гардид. Азбаски шифохонаҳо ва дигар иншооти ҳаётан муҳим низ аз нерӯи барқ маҳрум шуданд, мутахассисон мегӯянд, ки мушкили техникӣ агар дар Норак ё шабакаҳои баландшиддати барқ ва ё истгоҳҳои тақсими нерӯи барқ ба вуҷуд омада бошад, пас мушкили ҷиддӣ буд.

Қатъи саросарии нерӯи барқ дар ҳама гӯшаҳои Тоҷикистон сокинонро бештар нигарон кардааст. Аксари корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ дар Тоҷикистон навиштанд, ки дар аввал онҳо фикр карданд, ин маҳдудияти интиқоли нерӯи барқ аст, аммо вақте фаҳмиданд, дар тамоми кишвар барқ нест, дар ҳолати нигаронӣ афтоданд.

Нерӯгоҳи Норак, ки дар ҳоли ҳозир аз бузургтарин нерӯгоҳҳои Тоҷикистон аст, тақрибан 90 дар сади қаламрави кишварро бо нерӯи барқ таъмин мекунад. Нерӯгоҳ нӯҳ агрегат дорад ва иқтидори умумиаш ба 3000 мегаватт мерасад. Ба ғайр аз ин нерӯгоҳ, Тоҷикистон чандин нерӯгоҳҳои миёна ва хурд дорад, ки қудрати таъмини қаламравҳои хурд бо барқро доранд. "Сангтӯда-1" ва "Сангтӯда-2", нерӯгоҳҳои Сарбанд, Қайроққум вуҷуд доранд, ки қудраташон ба таъмини манотиқи маҳдуде мерасад.​

XS
SM
MD
LG