Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дуои "Худо серфарзанд шавӣ" ба Тоҷикистон зарар дорад?


Акс аз бойгонӣ

Муаллифони як пажуҳиши тоза мегӯянд, камбуди ҷойи кор, норасоии манзили зист ва сатҳи пасти зиндагӣ дар Тоҷикистон ба сабаби серфарзандӣ ва афзоиши босуръати аҳолӣ аст.

Ба гуфтаи муаллифон, як роҳи пешгирӣ аз бадтар шудани ин мушкилоту коҳиши афзоиши аҳолӣ, метавонад тақсими бештари васоили пешгирӣ аз ҳамли нохоста бошад.

Аммо дар Тоҷикистон, ки дуои пирон дар ҳаққи ҷавонон “Худо серфарзанд шавӣ” аст, аксарият аз истифодаи ин васоил ҳазар мекунанд ва фарзандро “атои Худо” мешуморанду ба шумора аҳамият намедиҳанд.

Ҳабибулло Ғоибов фарзанди 5-ум ва хурдии хонаводаи 24 нафарӣ айни ҳол дар муҳоҷирати корӣ аст. Сокини деҳаи Обшорон дар канори Душанбе мегӯяд, дар як ҳавлӣ бо шумули ӯ 5 хонавода зиндагӣ мекунанд ва тангии манзил “ҷони ҳамаро ба лабашон овардааст.”

“Ба ғайр аз оилаи ман, се бародарам бо зану кӯдаконашон ва падару модари пирам зиндагӣ мекунанд. Ман ҳар сол муҳоҷират меоям ва ҳар рӯз аз хона арзу шикояти модарамро мешунавам, ки келинҳо бо ҳам ҷанҷол карданд” – мегӯяд, ӯ.

Боғҳои Тоҷикистон ҳамеша пур аз кудак аст.
Боғҳои Тоҷикистон ҳамеша пур аз кудак аст.

Ҳабибулло, ки дур аз ватану фарзандон бо шунидани гапи хонаву ҷанҷолҳо асабонӣ мешавад, талош дорад, ҳар чӣ зудтар хонаи алоҳида бисозаду ҷудо зиндагӣ кунад. Як порча замин харидааст ва ҳоло бояд хона бисозад.

Бо вуҷуди ин Ҳабибулло аз фарзандони худу бародаронаш “шукр” мекунад ва мегӯяд, онҳо сабаби мушкилӣ нестанд.

Фарзанд мушкилӣ намеорад, ба шарте ки..

Дар воқеъ фарзандон наметавонанд, сабаби ҷангу ҷанҷол ва муноқиша шаванд, ба шарте ки зиёд набошанд, мегӯяд - Манзура Саломова мудири собиқи Раёсати кор бо занон ва оилаи шаҳри Душанбе.

Ӯ аз таҷрибаи кориаш ёд меорад ва мегӯяд, маҳз фарзанди зиёд падару модаронро афсурдаву хаста мекунад ва худи кӯдакон ҳам таҳсили хубу муносиб намегиранд.

“Вақте оила серфарзанд шуд, албатта буҷаи оила ба ҳама намерасад. Мо бояд ин воқеиятро фаҳмем ва қабул кунем, хусусан оилаҳои ҷавон. Чун ба дунё овардани фарзанд як паҳлӯи кор , аммо бо таҳсил фаро гирифтани ӯ ва таъмин кардан бо хурду хӯрок ва либоси хуб хароҷоти зиёд дорад, на ҳар оила аз уҳдаи таъмини он мебарояд. Бинобар ин, мо бояд ин нуктаро ба оилаҳои ҷавон талқин кунем, ки “фарзанди кам бошад, хуб бошад” - гуфт , ӯ ба Радиои Озодӣ.

Бонки Ҷаҳонӣ дар гузориши тозааш "Ҷумҳурии Тоҷикистон: арзёбии маҷмӯии кишвар" чанду мушкили умда бекорӣ, муҳоҷирати зиёд ва фақрро маҳз ба афзоиши босуръати аҳолӣ рабт додааст.

"Аз ин рӯ, ҳукуматро зарур аст, аз роҳи пешгирии никоҳҳои бармаҳал ва густариши маводи пешгирикунандаи ҳамл афзоиши аҳолиро ба танзим дарорад", - тавсия додааст Бонки Ҷаҳонӣ. Ба гуфтаи коршиносони Бонки Ҷаҳонӣ, шумораи хеле каме аз занҳои қобили таваллуд аз васоили пешгирӣ аз ҳамли нохоста истифода мекунанд. "Аз маводи ҷилавгирӣ аз ҳамл фақат 28 дарсади занон истифода мекунанд, ки ин хеле кам аст", - навиштаанд, муаллифони таҳқиқ.

"Мо ҳаққи маънавӣ надорем, ки бигӯем, таваллуд накунед"

Коршиносони Бонки ҷаҳонӣ ҳушдор додаанд, ки дар сурати ҳамингуна ва босуръат зиёд шудани аҳолӣ, дар Тоҷикистон мушкили бекорӣ бадтар мешавад ва фишори иҷтимоӣ меафзояд, хароҷоти давлат барои арсаҳои тандурстӣ ва маориф даҳчанд боло меравад. Хароҷоте, ки мумкин аст, давлат аз уҳдаи пардохти он набарояд.

Шералӣ Раҳматуллоев
Шералӣ Раҳматуллоев

Шералӣ Раҳматуллоев сардори Раёсати хизматрасонӣ ба модар ва кӯдаки вазорати тандурустӣ мегӯяд, ҳукумат ин мушкилотро медонад ва солҳост, ки барои ба нақшагирии оила, сиҳатии занону кӯдакон ва ба танзим даровардани афзоиши аҳолӣ чора меандешад. Ба гуфтаи ӯ, васоили пешгирӣ аз ҳамли номатлуб ба мисли, рифола ва “спирал” дар ҳама марказҳои саломатӣ ва шифохонаҳо ба занон ройгон пешниҳод мешавад ва дастрас аст. Мушкил ба қавли ӯ дигар чиз аст ва он ҳам, ҳазар кардани занону мардон аз ин васоил.

“Ҳадафи мо дароз кардани фосилаи байни таваллуд барои ҳифзи саломатии занон аст” – гуфт, ӯ ба Радиои Озодӣ.

Ба гуфтаи мақомот, азбаски аҳолии Тоҷикистон бисёр ҷавон аст ва бештар аз 70 дар сади онро ҷавонони то 30-сола ташкил медиҳанд, таваллуд ҳам аз ин ҳисоб зиёд мешавад. Ҳудуди 40 дарсади кӯдакони навтаваллудшуда фарзанди нахустини хонадон ва аз оилаҳое ҳастанд, ки нав барпо шудаанд. “Мо наметавонем ба оилаҳои ҷавон бигӯем, ки фарзанд ба дунё наоред, чунин ҳаққи маънавӣ ҳам надорем” – мегӯяд, Шералӣ Раҳматуллоев.

Дар роҳ ба сӯи кишвари 10 миллионнафарӣ

Айни замон, ба гуфтаи масъули вазорати тандурустӣ, худи омилҳои иқтисодӣ, боло рафтани огаҳии ҷавонон аз паёмадҳои серфарзандӣ ва иҷрои барномаҳои давлатӣ имкон додаанд, ки суръати афзоиши аҳолӣ дар Тоҷикистон кунд шавад. Бар асоси оморӣ расмӣ, дар муқоиса ба солҳои 90- ум дар кишвар теъдоди фарзандон дар як оила аз 6,7 фарзанд, то ба 3,7 фарзанд коҳиш ёфтааст.

Аммо чун таркиби аҳолӣ ҷавон аст, суръати рушди аҳолӣ баланд боқӣ мемонад ва бинобар ҳисобҳо, ҳар 5 сол шумораи аҳолии Тоҷикистон 1 миллион нафар бештар мешавад.

Абдулло Давлатов
Абдулло Давлатов

Абдулло Давлатов, табиби тоҷик ва ҳоло муқими шаҳри Маскав мегӯяд, танзими аҳолӣ дар Тоҷикистон зарур аст, аммо танҳо аз роҳи бештар кардани васоили пешгирӣ аз ҳамли номатлуб наметавон ин масъаларо ҳал кард. Асли мушкил ба гуфтаи ӯ, ба норасоии табибон дар деҳот аст. Давлатов гуфт, тоҷикон дар асл миллате хурде нестанд ва тибқи ҳисобҳо шумораи тоҷикон бо шумули бурунмарзиҳо ҳудудан ба 100 миллион мерасад.

“Аммо тавони миллат ба шумора нест, балки ба сифат аст. Оилаи тоҷик бояд ҳамон қадар фарзанд ба дунё орад, ки тавони таъмину тарбия ва бо таҳсил фаро гирифтани онро дошта бошад” - афзуд Давлатов.

Тоҷикистон аз ҷиҳати суръати афзоиши аҳолӣ дар миёни кишварҳои пасошӯравӣ дар ҷойи аввал меистад. Бар асоси омори расмӣ шумораи аҳолии Тоҷикистон ҳар сол ба ҳисоби миёна то 2,2 дарсад ё 200 ҳазор нафар афзоиш меёбад. Моҳи май имсол мақомот гуфтанд, ки аҳолии Тоҷикистон ба 9 миллион нафар расид. Рақами тоқе, то 5 соли дигар ҷуфт ва ё 10 мешавад.

Андешаи Шумо

Намоиши шарҳҳо

Назари хонандагон

New Comments Available

Агар сухане, назаре ё хабаре доред, ба мо занг занед ё SMS (паёмак) фиристед:

Дар Душанбе:

+992 988 65 94 63
+992 988 65 94 64

Дар Прага:

+420 724 053 959

XS
SM
MD
LG