Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ду паҳлӯи зиндагӣ дар хонаводаҳои серфарзанд. ВИДЕО


Акс аз бойгонӣ.
Акс аз бойгонӣ.

Таваллуд ва бузург шудан дар оилаҳои серфарзанд агар аз як сӯ бачаҳоро аз бархе имконият маҳрум кунад, аз тарафи дигар онҳоро ҳушёру мустақил ва дар баробари ҳама мушкилоти зиндагӣ тобовар менамояд.

13 хоҳару бародар

Шароити номусоид, бекории мардони хонавода боис шудааст, ки солҳои ахир аксари хонаводаҳои тоҷик ба фикри таваллуди фарзанди зиёд намешаванд.

Зулайхо Зоирова дар хонаводаи иборат аз 13 фарзанд бузург шудааст. Ӯ фарзанди 10-ум аст. Ҳамаи бародарону хоҳаронаш мисли Зулайхо мактаби миёнаро хатм кардаанд ва касе аз онҳо маълумоти олӣ надорад. Зулайхо Зоирова мегӯяд, ҳоло ҳама фарзандони падар -- 10 духтар ва 3 писар оиладоранд ва зиндагии мустақилона доранд, вале баъзан нимшӯхиву нимҷиддӣ ба падар шикоят мекунанд ва ба серфарзандии ӯ эрод мегиранд.

"Баъзан мегӯем, агар ду ё чаҳор фарзанд медошт, ақаллан ягонтои моро мехононд. Вале 13 фарзандро осон набуд. Падарам мегӯяд, чун бисёр будед, тавонам намерасид. Ҳамон қадар кор мекард, ки меоварду мехӯрдем”, - нақл кард ӯ.

Гузориши видеоӣ дар инҷост:

Ду паҳлӯи зиндагӣ дар оилаи серфарзанд
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:04:03 0:00

Падари Зулайхо Зоирова дар хоҷагии пахтапарварӣ “бригадир” буд ва ба танҳоӣ рӯзгори хонаводаи бузургашро таъмин мекард. Фарзандони хонавода эҳсос мекарданд, ки барои таъмини хонавода онҳо бояд аз хурдӣ кор кунанд. Онҳо ҳама ба кишоварзӣ машғул буданд. Дар суннати тоҷик фарзанд атои Худост ва монеи таваллуди ӯ шудан гуноҳ аст.​

Зулайхо.
Зулайхо.

Аз як сӯ ин ва аз сӯи дигар, ба гуфтаи Зулайхо, сиёсати давр -- замони Шӯравӣ модари ӯро ҳам мисли аксар занони дигар ба серфарзандӣ ташвиқ карда буд. "Модарам барои таваллуди 13 фарзанд чанд медали тилло дошт. Саҳар мехестем, як дег гардсӯз карда медод ба мо ва ҳама аз пайи кор мерафтем. Мегуфтанд, бисёр ҳастед, имкони хонондани Шуморо надорам”, - мегӯяд Зулайхо.

Зиндагӣ дар оилаи серфарзанд, Зулайхо Зоироваро барои танзими оилаи худ таҳрик дод. Ӯ бо 4 фарзанд иктифо кард. Ҳоло талош дорад, фарзандонаш имконияти таҳсилу соҳиби касб шуданро дошта бошанд. Бо ифтихор мегӯяд, духтари бузургаш ҳоло дар Донишгоҳи славянии Тоҷикистону Русия таҳсил мекунад.

"Агар таҳсилдида мебудам, рафта дар ягон ҷо кор мекардам. Хондагӣ дигар аст. Сад бор шукр, духтарам дар соли аввали донишгоҳ мехонад. Ҳоло шароит дигар аст, фарзандҳо мехоҳанд илм дошта бошанд”, - гуфт ӯ.

"Кӯдак дар муҳити саршор аз меҳр тарбия меёбад"

Серфарзандӣ на ҳамеша мояи дасткӯтаҳӣ ва имкониятҳои аз дастрафта аст. Саъдӣ Юсуфӣ ҳам дар хонаводаи дорои 10 фарзанд бузург шудааст. Аз 6 писар яке дар кӯдакӣ фавтида ва яке косиб шуд, 4 нафар маълумотӣ олӣ доранд. Аз муҳимтарин паҳлӯҳои зиндагӣ дар хонаводаи серфарзанд ба гуфтаи Саъдӣ Юсуфӣ ин аст, ки кӯдак дар муҳити саршор аз меҳру муҳаббат ва тифоқӣ тарбия меёбад. Дар ин оилаҳо ба таъкиди ӯ меҳру навозиш бештар аст.

Саъдӣ Юсуфӣ.
Саъдӣ Юсуфӣ.

"Атфоли хурде, ки хонаводаҳои бузург ба дунё меоянд, меҳру муҳаббати зиёдеро дар муқоиса ба хонаводаҳои кӯчак бархӯрдоранд. Зеро фарзандони бузург ба хурдиҳо навозиши бештар намоиш медиҳанд ва ҳамин тавр кӯдак ба меҳру навозиш ниёзманд боқӣ намемонад. Ин ҳам ба камолоти ӯ ҳатман таъсир мерасонад. Аз ин лиҳоз будан дар чунин муҳит хеле хуб буд”, - гуфт ӯ.

Маҳз таваллуд дар оилаи бузургро ҳам Саъдӣ яке аз сабабҳои муваффақияти худ дар зиндагӣ медонад. Ӯ ҳоло падари ду фарзанд, соҳиби ҷойи кори хуб ва зиндагии осуда аст. "Дар чунин муҳит рақобатҳо зиёд буд ва бародарони ман ҳам мехостанд, масалан, ки додари онҳо ё бародари аз ҳама хурдашон дар таҳсилоташ дастболо бошад. Ба ин хотир, бо чанд омил маро бисёр кумак мекарданд, дар даврони кӯдакӣ ва дар даврони таҳсил дар мактаб, то пешсаф бошам. Аз ин лиҳоз будан дар иҳотаи чунин хонавода хеле хуб буд."

Хонаводаи Саъдӣ Юсуфӣ.
Хонаводаи Саъдӣ Юсуфӣ.

Нафаре, ки дар оилаи бузург таваллуд мешавад, ба гуфтаи Саъдӣ Юсуфӣ чун як инсони "пӯхта" ба воя мерасад ва ӯ дар ҳар шароит метавонад ба осонӣ мутобиқ шавад. Хонаводаи бузург ба бовари Саъдӣ Юсуфӣ, одамро серталош, соҳиби ҳаққи худ мекунад. "Агар дар хонаводаи камфарзанд мебудам, аз хурдӣ оромиш бештар мебуд, ҳарими хусусӣ бештар медоштем ва ба ин ҳад шояд ман одами чолишгар ба воя намерасидам”, - афзуд ӯ.

"Танзим"-и таваллуд дар хонаводаҳои тоҷик

Маъмулан дар ҷомеаи Тоҷикистон хонаводаҳо серфарзанд ҳастанд. Агарчӣ ҳоло оморҳо аз коҳиши меъёри таваллуд гувоҳӣ медиҳанд, ва бар хилофи замони шӯравӣ, ҳоло ба "танзим"-и таваллуд дар хонаводаҳо бартарӣ дода мешавад, вале таҳлилгарон мегӯянд, ин ба он маънӣ нест, ки арзиши кӯдак ва серфарзандӣ камранг шуда бошад. Ҳоло ҳам орзу ва дуои аслии афроди солдида дар Тоҷикистон ба хонаводаҳои ҷавон "серфарзандӣ" ё "сербачу кач" шудан аст ва фарзанд ҳамчунон нури хонадон ва такягоҳи волидон арзёбӣ мешавад.

Фақат шароити номусоид, бекории мардони хонавода боис шуда, ки хонаводаҳои тоҷик ба фикри таваллуди фарзанди зиёд намешаванд ва ба хотири таълиму таъмини дурусти фарзандон бо ба дунё овардани 2 ё 3 нафар иктифо мекунанд. Дар як пурсиши тоза, аз 10 6 зане, ки 3 фарзанд доранд, гуфтанд, намехоҳанд дигар фарзанд таваллуд кунанд.

XS
SM
MD
LG