Пайвандҳои дастрасӣ

Дар Кӯлоб кӯдаке бо вазни 8 кило ба дунё омад. ВИДЕО


Чаҳор рӯз қабл дар таваллудхонаи шаҳри Кӯлоб тифле бо 8 килограм вазн ба дунё омад. Табибони ин бемористон мегӯянд, ки дар таърихи Тоҷикистон чунин тифл бо ин вазн ба қайд гирифта нашудааст.

Мутахассисони соҳаи тиб мегӯянд, ки бо чунин вазн, ин тифл "рекорд" гузоштааст.

Рухсорамо Муродова, табиби навзодони таваллудхонаи шаҳри Кӯлоб рӯзи панҷшанбеи 12-уми июл дар сӯҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт, ки ин тифл рӯзи 8-уми июл бо буришӣ қайсарӣ ба дунё омада, 8 кило вазн дошт.

Муродова афзуд, ки қади ин писарчаи навзод 60 сантиметрро ташкил медиҳад ва рӯзҳои аввал бинобар азимҷусса будан, саломатиаш миёнаи вазнин арзёбӣ мешуд, аммо бо гузашти чаҳор рӯз, сиҳатии кӯдак мӯътадил аст.

"Дар 20-соли кориам, бори аввал навзоди 8-килограмаро дидам"

Таҳмина Одинаева.
Таҳмина Одинаева.

"Аз сабабе, ки бисёр азимҷусса буд, мо аз оксиген истифода мебурдем, вале ҳозир дигар худаш мустақилона нафас мегирад. Дар рӯзи таввалуд шудан, ҳашт килограм буд, аммо бо гузашти чаҳор рӯз ҳоло вазнашро партофта, 7,200 грамм шудааст. Ростӣ, ман 20-сол шуд дар ҳамин таваллудхона фаъолият дорам, бори аввал таваллуд шудани кӯдакӣ ҳашткилограмаро дидам. Вазни миёнаи нормалӣ то 4 килограм ҳисоб мешавад. Аз 4 килограм зиёд калонҷусса ҳисоб мешаваду аз 5 зиёд азимҷусса ҳисоб карда мешавад, аммо 8 килограмро бори аввал мебинем",-гуфт Рухсорамо Муродова.

Таҳмина дар Кӯлоб "Рустам" ба дунё овард.
лутфан мунтазир бошед
### Эмбед ###

### Феълан кор намекунад ###

0:00 0:01:32 0:00

Модари ин навзод Таҳмина Одинаева, сокини деҳаи Корези ҷамоати Зиракии Кӯлоб мебошад ва 30 сол умр дорад. Чаҳор фарзанди қаблии ӯ ҳини таваллуд аз 3 то 4 килограмм вазн доштаанд. Таҳмина Одинаева, дар сӯҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт, ки худашро хуб ҳис мекунад ва бо вуҷуди вазнин будани тифл дар батнаш, бовар надошт, ки писараш 8 килограм ба дунё меояд. Одинаева гуфт, ки чор фарзанди дигарашро аз 4,500 грам то 3,800 ба дунё оварда буд.

Тифли навзод дар Кӯлоб дар ҳоле 8 кило ба дунё омад, ки дар Тоҷикистон таваллуди навзодон дар маҷмӯъ бо вазни аз 1,500 сар карда то 5,500 грамм ба қайд гирифта шудааст. Мутахассисони соҳаи тиб мегӯянд, ки бо чунин вазн ин тифл "рекорд" гузоштааст. Ба гуфтаи мутахассисони соҳаи тиб, кӯдакони чормоҳа баъди таввалуд 8 килограм вазн дошта, қадашон 60 сантиметрро ташкил медиҳад.

"Навзодеро ба ин вазн надида будем"

Волидайни ин тифл низ дар сӯҳбат ба Радиои Озодӣ гуфтанд, ки ҳеҷ бовар надоштанд, ки бо чунин вазн фарзандашон ба дунё меояд. Искандаршоҳ Худойназаров, падари ин тифл дар сӯҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт, ки ҳамсараш дар Тоҷикистон ё шояд дар ҷаҳон бо ин тифли ба дунё овардааш, "рекорд" гузошта бошад.

"Вақте гуфтанд, ки фарзандат қариб 8 килограм ҳаст, бовар накардам, баъд аз наздик рафта дидам, бовар кардам. Ман ростӣ, таваллуди тифли то 6-килограммаро шунида будам. Ҳатто баъзе сегонику чоргоникҳо 7 килограм вазн надоранд, аммо ин кори Худо ҳаст ва ин шояд дар дунё рекорд бошад",-гуфт мусоҳиби мо.

"Номашро Додихудо хоҳам гузошт"

Искандаршоҳ Худойназаров
Искандаршоҳ Худойназаров

Ин падари навзод дар идомаи сӯҳбат аз табибони таваллудхонаи шаҳри Кӯлоб изҳори сипос кард, ки тамоми талошашонро барои наҷоти кӯдак анҷом доданд. Аммо ин падар гуфт, ки бо вуҷуди "рекордӣ" будани кӯдакаш, то ҳол шаҳрдорӣ барои таманиёташон наомадааст. Ӯ мегӯяд, баъди мураххас шудани ҳамсараш, маҷбур аст, ки як парастор барои фарзандаш гирад, зеро фарзанди бузургаш маъюб буда, ба нигоҳубини ҳамсараш эҳтиёҷ дорад. Ин падар гуфт, ки дар сурати кӯмак ба онҳо аз сӯи ҳукумати маҳаллӣ, дигар эҳтиёҷ ба парастор киро кардан намемонад.

Искандаршоҳ Худойназаров, дар идома гуфт, ин писараш шояд аз пушти бобокалонаш рафтааст, чун бобокалонаш як марди боҳайбат ва гуштигир будааст. Ин мард зиндагии фақирона дошта, ба Русия ба муҳоҷирати меҳнатӣ меравад ва зиндагииашро бо пули муҳоҷират мечархонад. Аммо умед дорад, ки фарзандаш бузург шуда, як паҳлавони номдор ва номбардорӣ ватан мешавад.

Андешаи Шумо

Намоиши шарҳҳо

Назари хонандагон

New Comments Available

Агар сухане, назаре ё хабаре доред, ба мо занг занед ё SMS (паёмак) фиристед:

Дар Душанбе:

+992 988 65 94 63
+992 988 65 94 64

Дар Прага:

+420 724 053 959

XS
SM
MD
LG