Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Футболбози араб ва довари узбак беҳтаринҳои Осиё дар соли 2014


Равшан Эрматов ҳангоми доварӣ дар бозии байни дастаи Арабистони Саудӣ ва Ҷопоп дар соли 2011.
Равшан Эрматов ҳангоми доварӣ дар бозии байни дастаи Арабистони Саудӣ ва Ҷопоп дар соли 2011.

Тоҷикистон барои эълони Соли оммавии футбол бо ҷоизаи махсуси президенти Конфедератсиюни футболи Осиё қадрдонӣ шуд.

Носир ал-Шамронӣ, футболбози араб ва ҳамлагари дастаи «Ал-Айн»-и Арабистони Саудӣ беҳтарин футболбози Осиё дар соли 2014 эълон шуд ва унвони беҳтарин довари Осиёро дар ин сол Равшан Эрматов, довари узбакистонӣ, ба даст овард.

Дар маросими ботантанаи Конфедератсиюни футболи Осиё «AFC Annual Awards”, ки рӯзи 30-юми ноябр дар шаҳри Манила, пойтахти Филиппин, баргузор шуд, беҳтаринҳои мавсими футболи соли 2014-ро эълон карданд.

Носир Ал-Шамронӣ ҳамроҳ бо Аҳмад Исмоил, ҳимоятгари бошгоҳи «Ал-Айн»-и Имороти Муттаҳидаи Араб ва Иброҳим Халфон, нимҳимоятгари бошгоҳи «Ал-Садд»-и Қатар, аз номзадҳои аслӣ ба унвони беҳтарин футболбози Осиё дар соли 2014 буданд. Носир ал-Шамронӣ, ки дар панҷ мавсими гузаштаи футболи Арабистони Саудӣ аз ҳама зиёд гол задааст, унвони боифтихори бозигари беҳтарини Осиё дар соли 2014-ро аз они худ кард.

Равшан Эрматов, ки дар 9 бозии Ҷоми ҷаҳонии Футбол дар Бразилия, аз ҷумла дар бозии чаҳорякниҳоии байни Ҳолланд ва Коста Рика, доварӣ кард, ҳамроҳ бо Алиризо Муҳаммад Фағонӣ аз Эрон ва Навоф Абдулло Ғиёс Шукрулло номзад ба дарёфти унвони беҳтарин довари Осиё дар соли 2014 буданд.

Дар байни духтарони футболбоз Катрина Ли Горри аз Австралия беҳтарин зани футболбози Осиё дар соли 2014 эълон шуд. Ин духтари 22-сола ҳоло дар тими Brisbane Roar дар Амрико бозӣ мекунад. Беҳтарин тими Осиё ҳам аз Австралия шуд ва ин унвонро Sydney Wanderers аз они худ кард, мураббии тим Тони Попович беҳтарин мураббии Осиё эълон шуд.

Дар маросими тақдими ҷоизаҳо, агарчӣ ягон дастаи Тоҷикистон ва ё бозигари кишвар унвони беҳтарин дар Осиёро соҳиб нашуд, вале намояндагони Тоҷикистон, ки дар маросим ҳузур доштанд, дасти холӣ барнамегарданд. Дар ин маросим Тоҷикистонро ҳамроҳ бо Филлипину Ҳинд бо ҷоизаи махсуси президенти Конфедератсиюни футболи Осиё барои эълони соли футболи оммавӣ қадрдонӣ карданд.

Хуршед Мирзоев, муовини аввали раиси Федератсиюни Футболи Тоҷикистон баъди қабули ҷоиза гуфт, ки “Ин ҷоиза барои инкишофи футбол дар кишвар бисёр муҳим аст. “ Ба гуфтаи ӯ дар чорабиниҳои соли оммавии футбол дар Тоҷикистон тақрибан 20 ҳазор наврасу кӯдакон ширкат карданд ва барномаҳои зиёди дигаре барои инкишофи футбол иҷро шуд.

XS
SM
MD
LG