Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Тоҷикистон шартҳоро иҷро накард". Қатъи $20 млн қарзи бонки АвруОсиё. ВИДЕО


Бинои вазорати молияи Тоҷикистон.

Бунёди субот ва рушди АвруОсиё, як созмони молиявии зери назорати Русия, ба далели иҷро нашудани чанд шарт ихтисоси 20 миллион доллар қарзи боимтиёзро ба Тоҷикистон қатъ кардааст.

  • Тоҷикистон соли 2015 аз ин фонд ҳафтод миллион доллар қарзи боимтиёз хоста буд. Соле баъд маъмурияти Бунёди субот ва рушди АвруОсиё ба Тоҷикистон ҷудо кардани 40 миллион доллар қарзро тасдиқ намуд, вале он ҳам бар ивази иҷрои чанд шарт. Аз ҷумла, ин фонд аз Тоҷикистон хост, ки дар мавриди фоидаву зиёни имтиёзҳои андозӣ ба баъзе аз ширкатҳо дар кишвар тавзеҳот диҳад.
Фонди субот ва рушди АвруОсиё созмони молиявие аст, ки аз тарафи кишварҳои узви созмони барҳамхӯрдаи ЕврАазЭС таъсис ёфта, асосан зери назорати Русия аст

"Ними пулро надоданд"

Дар ин муддат Тоҷикистон бо ваъдаи иҷрои шартҳои фонд 20 миллион долларро дарёфт кард. Аммо акнун маъмурияти фонд бинобар иҷро нашудани шартҳо дар муҳлати муайяншуда, додани қисмати боқимондаи ин қарзро ба Тоҷикистон қатъ кардааст.

Сергей Горбачев, як масъули Бонки АвруОсиёии таҷдид ва рушд, ки айни замон идораи фонд ба ихтиёри ин бонк вогузор шудааст, рӯзи 28-уми ноябр дар як посухи катбӣ ба Радиои Озодӣ ба ин масъала рӯшанӣ андохт.

Ӯ гуфт, "муҳлати додани қарз чанд дафъа бо хоҳиши ҷониби Тоҷикистон дароз карда шуд, вале муҳлати ниҳоии додани қарз моҳи майи имсол анҷом ёфт". Бо ин вуҷуд, Горбачев гуфт, бо назардошти пешравӣ дар иҷрои чанде аз шартҳо, музокирати фонд бо Тоҷикистон дар доираи барнома идома хоҳад ёфт.

"Тоҷикистон шартҳоро иҷро накард". Қатъи $20 млн қарзи бонки АвруОсиё
лутфан мунтазир бошед

### Феълан кор намекунад ###

0:00 0:02:37 0:00

Се шарти асосӣ кадом аст?

Фонди субот ва рушди АвруОсиё дар созишномаи ҷудо кардани 40 миллион доллар қарзи боимтиёз дар назди Тоҷикистон 21 шарт гузоштааст. Бино ба гуфтаи Сергей Горбачев, қатъи ихтисоси қарзи боимтиёз ба Тоҷикистон асосан ба хотири иҷро нашудани ин се шарт сурат гирифт:

  • Пардохт нашудани қарзи Бонки АвруОсиёи таҷдид ва рушд аз сӯи ширкате, ки саҳмдори он Вазорати молияи Тоҷикистон аст;
  • Сари вақт пешкаш нашудани гузоришҳо марбут ба имтиёзи андозиву гумрукӣ;
  • Аз байн бурда шудани тафовут дар қурби расмӣ ва бозории асъори хориҷӣ дар Тоҷикистон, ки дубора рӯ задааст.

Бонки АвруОсиёии таҷдид ва рушд дар ҳисоботи худ навишт, Тоҷикистон баъзе аз ширкатҳои алоҳидаро аз пардохти боҷи гумрукӣ ва андоз озод карда, муносибати нобаробари давлат ба ширкатҳоро ба вуҷуд меорад ва рақобати солимро ба ҳам мезанад.

Тоҷикистон тайи чанд соли охир беш аз 10 ширкатро аз пардохти андоз озод кард, ки бинобар ҳисоби ин бонк, будҷаи кишвар 4 миллиард сомонӣ даромадашро аз даст дод.

Бархе аз вакилони порлумон ва коршиносон дар Тоҷикистон ҳам мегӯянд, баъзе аз ширкатҳои наздик ба ҳукумат аз андоз муоф мешаванд, ки суди онҳо ба иқтисоди кишвар рӯшан нест.

Созмони молиявии зери назари Русия

Аз ин рӯ, Бунёди субот ва рушди АвруОсиё аз Тоҷикистон хоста буд дар мавриди фоидаву зиёни ин имтиёзҳои андозиаш шарҳ диҳад, вале ба далели таъхири Тоҷикистон дар ин амр, кишвар аз қарзи боимтиёзи созмон маҳрум шуд.

Фонди субот ва рушди АвруОсиё як созмони молиявие аст, ки аз сӯи кишварҳои узви созмони барҳамхӯрдаи ЕврАазЭС таъсис ёфта, асосан зери назорати Русия аст.

Қаблан Бунёди зиддибӯҳронии ЕврАазЭС ном дошт, ки Тоҷикистон ҳам узви он ҳаст. Ҳоло ин фонд ба ихтиёри Бонки АвруОсиёии таҷдид ва рушд гузаштааст.

Андешаи Шумо

Намоиши шарҳҳо

Назари хонандагон

New Comments Available

Агар сухане, назаре ё хабаре доред, ба мо занг занед ё SMS (паёмак) фиристед:

Дар Душанбе:

+992 988 65 94 63
+992 988 65 94 64

Дар Прага:

+420 724 053 959

XS
SM
MD
LG