Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Қурби доллар дар соли 2021 ба ёздаҳ сомонӣ мерасад"


Ҳукумати Тоҷикистон гуфтааст, ки соли 2021 қурби сад доллари амрикоӣ дар кишвар ба тақрибан 1100 сомонӣ баробар хоҳад шуд. Ҳоло дар бонкҳои кишвар сад доллар ба 943 сомонӣ ва аз он бештар хариду фурӯш мешавад.

  • Ҳукумат дар тарҳи будҷаи соли 2019 қурби сад доллари амрикоиро 970 сомонӣ ва дар соли 2020, 1020 сомонӣ пешбинӣ кардааст.
Бо дарназардошти ба кишвари кишоварзиву саноатӣ табдил ёфтани Тоҷикистон ҳифзи қурби доллар дар сатҳи пешбинишуда имконпазир аст.

Ин тарҳ рӯзи 23-юми ноябр дар баробари барномаи қарзи хориҷии Тоҷикистон дар Маҷлиси Намояндагон баррасӣ ва тасвиб хоҳад шуд. Бори аввал аст, ки тарҳи пешбиниҳои будҷа якбора барои се соли оянда таҳия шудааст. Яъне, будҷа соли оянда ва пешбиниҳои буҷет барои солҳои 2020 ва 2021.

Мақомоти Вазорати молия, Вазорати рушди иқтисод ва Бонки Миллии Тоҷикистон ба далелҳои мухталиф аз шарҳи мавзӯъ худдорӣ карданд. Вале бархе аз коршиносони умури иқтисод мегӯянд, ки нигаҳ доштани қурби доллари амрикоӣ дар чунин сатҳ хеле душвор хоҳад шуд. Зеро феълан низ арзиши сад доллари амрикоӣ берун аз саррофиҳои мутааллиқ ба бонкҳои кишвар тақрибан ҳазор сомонӣ шудааст.

Шамсиддин Ҷалолов.
Шамсиддин Ҷалолов.

Чанд сол пеш мақомоти Тоҷикистон фаъолияти саррофиҳои хусусӣ дар кишварро бастанд ва шаҳрвандон метавонанд арзи хориҷиро танҳо дар муассисаҳои бонкӣ харидуфурӯш кунанд. Бинобар ин, ҳоло бозори сиёҳи арзи хориҷӣ дар кишвар амалан вуҷуд надорад. Танҳо баъзе тоҷирон ва афроди алоҳида ба хотири онки дар бонкҳо навбат напоянд, омода мешаванд, доллари баъзе шиносҳои худро бо қимати гаронтар бихаранд.

"Ҳар кишвар рискҳоро ба назар мегирад"

Шамсиддин Ҷалолов, иқтисоддони Пажӯҳишгоҳи масоили иқтисоди Академияи илмҳои Тоҷикистон, рӯзи 23-юми ноябр дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, расидан ба чунин ҳадаф чандон ғайривоқеӣ нест. Ба қавли ӯ, зарфияити иқтисодии Тоҷикистон дар солҳои ахир афзоиш меёбад ва имкон вуҷуд дорад, ки агар саноати кишвар пешрафтҳое бикунад, ин сатҳ ҳифз карда мешавад.

"Тоҷикистон талош дорад, ки тадриҷан аз ҳифзи сунъии қурби арзи хориҷӣ даст бикашад",-гуфт ӯ ва афзуд, "бо дарназардошти ба кишвари кишоварзиву саноатӣ табдил ёфтани Тоҷикистон, ҳифзи қурби доллар дар сатҳи пешбинишуда имконпазир аст. Дар сурати фаъол шудани корхонаҳои нави саноатӣ, ин кор чандон мушкил нест."

Бо ин вуҷуд, Шамсиддин Ҷалолов мегӯяд, ҳар як кишвар зимни таҳияи будҷаи соли оянда "риск"-ҳоро ба инобат мегирад ва мутахассисони тоҷик низ эҳтимоли хатарҳои болоравии қурби асъор ва таъсири омилҳои берунаро сарфи назар накарданд.

"Эҳтимол дорад саноати Тоҷикистон пешрафи ҷиддӣ бикунад"

Бинои вазорати молияи Тоҷикистон.
Бинои вазорати молияи Тоҷикистон.

Коршинос Меҳрубон Бурҳонов мегӯяд, расидан ба ин ҳадаф ба омилҳои ҳам сиёсиву ҳам иқтисодӣ рабт дорад. Ба қавли ӯ, вазъи молӣ дар Тоҷикистон ба пулҳои интиқолии муҳоҷирони кории тоҷик дар Русия ҳам вобаста аст ва вазъи иқтисодӣ дар Русия дар пайи таҳримҳои амрикоӣ чандон хуб нест.

Ӯ афзуд, "феълан арзиши як доллари амрикоӣ дар бозор баландтар аз қурби расмӣ аст. Эҳтимол дорад, дар солҳои минбаъда саноати Тоҷикистон пешрафти ҷиддие бикунад ва он вақт шояд пешбинии будҷа амалӣ шавад. Вале феълан расидан ба ин ҳадаф чандон воқеӣ нест."

Тибқи тарҳи будҷаи соли 2019, ки Вазорати молияи Тоҷикистон таҳия кардааст, бахши даромади он дар муқоиса бо имсол 13 дарсад бештар буда, дар сатҳи 23,8 миллиард сомонӣ (2,5 миллиард доллар) пешбинӣ мешавад. Дар қонуни будҷаи имсол бахши даромад дар ҳаҷми 19 миллиарду 568 миллион сомонӣ ва хароҷот дар ҳудуди 19 миллиарду 863 миллион сомонӣ пешбинӣ шудааст.

Ҳукумати Тоҷикистон соли гузашта тасмим гирифта буд, ки барои сохтмони нерӯгоҳи Роғун дар як сол ҳудуди 400 миллион доллар - муодили 3 миллираду 200 миллион сомонӣ ихтисос бидиҳад. Ин рақам баробар ба шашяки будҷаи кишвар аст. Эҳтимол дар будҷаи соли 2019 низ мақомот барои идомаи сохтмони нирӯгоҳи Роғун пул ҷудо кунанд.

XS
SM
MD
LG