Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Пулро бегона накунед" -- Тоҷикистон чашм ба роҳи сармояи тоҷикони бурунмарзӣ. ВИДЕО


Мақомоти Тоҷикистон қасд доранд, ки барои ҷалби кӯмак ва сармояи тоҷикони бурунмарзӣ, бахусус муҳоҷирон дар Русия, сандуқ ё фонди махсус ташкил кунанд. Ин хабар дар нишасти рӯзи 16-уми октябр дар Душанбе бо ҳузури мақомот ва намояндагони ҷамъиятҳои тоҷикони бурунмарзӣ эълон шуд.

Фонд чӣ гуна идора хоҳад шуд?

Шараф Шерализода, як масъули Шӯрои машваратии беҳбуди фазои сармоягузорӣ дар Тоҷикистон гуфт, "фонди махсус ва доимие, ки ҳамватанон метавонанд ба он маблағгузорӣ намоянд. Механизми он пурра кор карда шудааст. Маблағи онҳо ба як фонди мутамаркиз ворид ва назорати маблағҳо ҷорӣ карда мешавад".

Созмонҳои байналмиллалӣ мегӯянд мустақил набудани судҳо, кафолат бар моликият, фоизи баланди қарзи бонкҳо ва баланд будани мизони андоз, аз омилҳои наомадани сармоягузорон ба Тоҷикистон аст.

Бино ба қавли Шерализода, муассиси сандуқ ҷамъиятҳои тоҷикони бурунмарзӣ ва ҳукумат хоҳанд буд ва онро шӯрои машваратӣ идора мекунад. Аммо Шараф Шерализода гуфт, барои расидан ба ин ҳадаф бояд корҳои зиёдеро анҷом дод.

"Нахуст дар ин замина дар сохтори Вазорати умури хориҷии Тоҷикистон як бахши махсус таъсис дода шавад. Аз ин роҳ ҳамватанони хориҷии мо аз равандҳои иқтисодии кишвар иттилои дақиқ дарёфт карда метавонанд. Инчунин, муқаррароти дарёфти иҷозатнома барои чунин ҳамватанон бояд содда карда шавад",-шарҳ дод ӯ.

"Эътимод ташаккул наёфтааст"

Мақомот мегӯянд, байни давлат ва ҷамъиятҳои тоҷикони бурунмарзӣ дар мавзӯи саҳми онҳо дар рушди Тоҷикистон "эътимод ташаккул наёфтааст". Саидасрор Саидов, сардори раёсати муҳоҷирати аҳолии Вазорати меҳнат гуфт, саҳми диаспораҳо дар сармоягузории минтақаҳои озоди иқтисодӣ ночиз аст.

То ҳол ҳудуди 86 ҷамъияти тоҷикон дар чаҳор кишвар – Русия, Украина, Қирғизистон ва Қазоқистон сабт шудаанд, ки сармоядорони бузург аъзои он ҳастанд. 81 ҷамъияти тоҷикон дар Русия аст, чунки бештари сармоядорон дар вилоятҳои он фаъолият мебаранд.

Гузориши видеоиро дар инҷо тамошо кунед:

Тоҷикистон чашм ба роҳи сармояи тоҷикони бурунмарзӣ
лутфан мунтазир бошед
### Эмбед ###

### Феълан кор намекунад ###

0:00 0:04:42 0:00

Саидасрор Саидов мегӯяд, дар сурати робитаи зич надоштани мақомот ва диаспораҳо, на танҳо саҳми онҳо дар иқтисоди кишвар гум хоҳад шуд, балки наслҳои дувум ва севуми муҳоҷирон эҳсоси бегонагӣ хоҳанд кард.

"Дар диаспораҳои тоҷикон дар Русия паст шудани сатҳи ҳуввият, хусусан дар насли дувум ва сеюми муҳоҷирон мушоҳида мегардад. Қисман дониши забони тоҷикӣ ва иртибот бо маҳалли мушаххас ба кишвари баромадашонро гум карда истодаанд. Албатта, ин омили номатлуб аст ва дар ин самт мо бояд кор кунем",-афзуд ӯ.

Ҳукумати Тоҷикистон соли 2000-ум бо тасвиби як қарор ҳамкорӣ бо ин ҷамъиятҳоро зарур донист ва соли 2012 як барномае дар бораи "Саҳми тоҷикони бурунмарзӣ дар рушди Тоҷикистон" таҳия кард. Ҳадафи аслӣ равона сохтани пули тоҷикони бурунмарзӣ дар иқтисод буд. Ба эътирофи ҳукумат, бо гузашти қариб ду даҳсола ҳанӯз мушкилоте дар роҳи ривоҷ додани ин муносибот вуҷуд доранд.

Саидасрор Саидов, сардори раёсати муҳоҷирати аҳолии Вазорати меҳнат
Саидасрор Саидов, сардори раёсати муҳоҷирати аҳолии Вазорати меҳнат

"Диаспораҳои тоҷикон дар Русия захираҳои муайяни молӣ ва сармояи инсониро доранд, вале намояндагони онҳо дар арзи имкониятҳои худ ва тасмимигирии ниҳоӣ барои саҳмгузорӣ дар рушди Тоҷикистон ниҳоят эҳтиёткоранд",-мегӯяд Саидасрор Саидов.

"Дар интизори пешниҳодҳои ҷолиб ҳастем"

Намояндагони ҷамъияти тоҷикон дар ҷавоб ба гилаи ҳукумат мегӯянд, иқтидори сармоягузории онҳо басанда аст, вале интизори пешниҳодҳои ҷолиб ҳастанд. Солеҳ Раҷабов, раиси ҷамъияти тоҷикон - "Наврӯз" дар вилояти Липетски Русия гуфт, "хуб мешуд агар мақомоти тоҷик бо чунин гурӯҳҳои муҳоҷирони тоҷик дар Русия сӯҳбатҳои мустақим анҷом дода, ба онҳо шароити сармоягузориро тавзеҳ диҳанд. Соҳибкорони тоҷик дар Русия интизоранд, ки мақомот ба онҳо барои сармоягузорӣ ба иқтисоди Тоҷикистон имтиёзҳоеро ихтисос бидиҳанд".

Нарзулло Саидов, раҳбари диаспораи тоҷикони вилояти Владимири Русия мегӯяд, бидуни имтиёзҳои давлатӣ дар се соли охир барои сохтмони чанд дӯкону ду ҳавзи шиноварӣ дар ноҳияи Данғараи вилояти Хатлон сармоягузорӣ кардааст.

Ин дар ҳолест, ки Бобохон Баротзода, мудири Оҷонсии меҳнат ва шуғли аҳолии Вазорати меҳнат дар нишасти матбуотии 26-уми июли имсол гуфта буд, дар гузашта дар Тоҷикистон беш аз 88 ҳазор корхона фаъолият мекард ва ҳоло танҳо ҳудуди 32 ҳазор корхона мондааст.

Созмонҳои байналмиллалӣ мегӯянд мустақил набудани судҳо, кафолат бар моликият, фоизи баланди қарзи бонкҳо ва баланд будани мизони андоз, аз омилҳои наомадани сармоягузорон ба Тоҷикистон аст.

Чаро муҳоҷирон сармоягузорӣ намекунанд?

Турсуной Алимардонова, муовини раиси Иттифоқи касабаи муҳоҷирони меҳнатии тоҷик дар Русия низ 16-уми октябр дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ изҳор дошт, ки баланд будани мизони андоз монеи сармоягузории тоҷикони Русия ба иқтисоди Тоҷикистон мешавад.

Ӯ гуфт, "дар сӯҳбат бо мо муҳоҷирон мегӯянд, ки сатҳи андоз дар Тоҷикистон баланд аст ва ба ин далел, намехоҳанд дар иқтисоди Тоҷикистон сармоягузорӣ кунанд. Гузашта аз ин, бештаре аз муҳоҷирон ба сурати оилавӣ ба Русия омадаанд ва нафаре аз наздиконашонро дар Тоҷикистон надоранд, ки масъулияти раҳбарии ин корхонаҳоро ба зимма бигиранд".

"Мақомот аз зарфияти муҳоҷирон пурра истифода намекунад"

Раҳмон Улмасов, коршиноси умури муҳоҷират.
Раҳмон Улмасов, коршиноси умури муҳоҷират.

​Раҳмон Улмасов, коршиноси умури муҳоҷират дар Тоҷикистон низ бар ин назар аст, ки то ҳол мақомоти тоҷик зарфияти муҳоҷирони кории тоҷикро ба таври пурра истифода намекунад. Ӯ бар ин назар аст, ки танҳо аз тариқи "шиорпартоӣ намешавад нерӯи зеҳнӣ ва иқтисодии муҳоҷиронро истифода кард".

Ба гуфтаи ин пажӯҳишгари тоҷик, ҳукумати Тоҷикистонро зарур аст, ки ба мисли мақомоти Чину Покистон ё Мексика дар қонуни асосии кишвар мақоми муҳоҷирон ва таъмини амнияти фаъолияти онҳоро зикр созад. Ба унвони мисол, вай гуфт, дар Мексика ё Покистон агар муҳоҷире ба иқтисоди кишвар 10 ҳазор доллари амрикоӣ сармоягузорӣ кунад, бонкҳои ин кишвар ба онҳо боз 30 ҳазор доллари дигар медиҳанд.

Ё, ба гуфтаи вай, дар Покистон ҳадди аққал дарёфти шиносномаи хориҷӣ барои муҳоҷирони корӣ ройгон аст. Вай муътақид аст, ки мақомоти тоҷик низ бояд чунин имтиёзҳоеро барои муҳоҷирони кории тоҷик ихтисос бидиҳанд.

Феълан, тибқи иттилои расмӣ то 1 миллион аҳолии Тоҷикистон дар ҷустуҷӯи ҷойи кор ба Русия мераванд. Пулҳои фиристодаи онҳо барои бароварда сохтани ниёзҳои хонаводаашон то 40 дарсади тавлидоти нохолиси миллии Тоҷикистонро ташкил медиҳад.

Андешаи Шумо

Намоиши шарҳҳо

Назари хонандагон

New Comments Available

Агар сухане, назаре ё хабаре доред, ба мо занг занед ё SMS (паёмак) фиристед:

Дар Душанбе:

+992 988 65 94 63
+992 988 65 94 64

Дар Прага:

+420 724 053 959

XS
SM
MD
LG