Пайвандҳои дастрасӣ

Оқибатҳои хариди зиёд ва фурӯши кам барои иқтисоди Тоҷикистон


Акс аз бойгонӣ
Акс аз бойгонӣ

Тоҷикистон дар тиҷорати берунияш назар ба фурӯши молу маҳсулот, бештар мехарад, ки ба гуфтаи иқтисоддонҳо барои иқтисод хатарнок аст.

Дар 10 моҳи имсол Тоҷикистон бо арзиши тақрибан 1 миллиарду 700 миллион сомонӣ молу маҳсулот харидааст. Ҳаҷми содирот дар ин муддат ба марзи 1 миллиард доллар ҳам нарасидааст.

Бино ба омори расмӣ, тиҷорати берунии Тоҷикистон дар 10 моҳ дар умум наздик ба 3 миллиарду 500 миллион долларро ташкил додааст, ки дар муқоиса ба ҳамин давраи соли гузашта 263 миллион доллар зиёд аст.

Дар Оҷонси давлатии омори Тоҷикистон ба Радиои Озодӣ гуфтанд, ки тавозуни тиҷоратии кишвар ба таври манфӣ рушд кардааст, чун содироти мол нисбат ба соли гузашта 9,8% камтар шудааст.

Акс аз бойгонӣ
Акс аз бойгонӣ

Мизони воридот баръакс 17 дар сад боло ҷаҳидааст. Сабаби камтар шудани фурӯши молу маҳсулот ба хориҷ ба гуфтаи мутахассисони кумитаи омор поин омадани қимати металҳои гаронбаҳо ва содироти ками ин навъи металҳо ба хориҷ будааст.

Хариди зиёд фурӯши кам - тамоюли бад

Чунин тамоюл тамоюли хубе нест, мегӯяд, Аза Мигранян, мудири шуъбаи таҳқиқоти иқтисодии Институти кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Муштаракулманофеъ дар Русия.

Вай ба Радиои Озодӣ гуфт, мизони баланди пойбандии иқтисод ба воридот, сабаби поин рафтани қурби арзи миллӣ ва баланд рафтани таваррум мешавад, ки бахусус барои мардуми камбизоат дарднок аст.

Мутаносибан ин ба қобилияти харидорӣ ва сатҳи зиндагии мардум таъсири манфӣ мегузорад

“Воридоти маҳсулот бо арзи хориҷӣ хариду фурӯш мешавад, ки ҳангоми ҷо ба ҷо кардани он дар бозори дохилӣ нархҳои чакана ва яклухт боло мераванд. Мутаносибан ин ба қобилияти харидорӣ ва сатҳи зиндагии мардум таъсири манфӣ мегузорад” - гуфт, ӯ.

Аз тарафи дигар, ба гуфтаи иқтисоддон, воридот асъори нақди хориҷиро аз Тоҷикистон мебарад, асъоре, ки давлат барои бозгардонидани қарзҳои хориҷӣ ба он сахт эҳтиёҷ дорад.

Паҳлӯи дигари муҳим барои иқтисоди Тоҷикистон аз назари Мигранян тавонмандии иқтисоди миллӣ барои пардохти уҳдадориҳои қарзиву бозгардонии қарзҳо ва дар айни замон ҳифз кардани миқдори лозими воситаҳои молиявӣ барои бароварда кардани ниёзи феълии захираҳои пуливу арзӣ аст. Ба гуфтаи ӯ, боло рафтани ҳаҷми пардохтҳои берунӣ пули зиёди буҷаи миллии Тоҷикистонро фурӯ мебарад.

Тибқи иттиллои вазорати молия, қарзи хориҷии Тоҷикистон то 1-уми октябри имсол тақрибан 2 миллиарду 874 миллион долларро ташкил медод. Фақат дар ним сол Тоҷикистон 91 миллион доллар фоизи қарзҳо ва дигар уҳдадориҳои молии хориҷиро пардохт кардааст, ки пули зиёде барои буҷа ба ҳисоб меравад.

Роҳи ҳал ҳаст, аммо дар куҷо?

Роҳи ҳалли коҳиши воридот ва зиёд кардани содироту ба даст овардани асъори хориҷӣ ҳаст, мегӯянд, коршиносон, ба шарте, ки сиёсати дурусти иқтисодиро пеш баред.

Ҳоҷимуҳаммад Умаров
Ҳоҷимуҳаммад Умаров

Ҳоҷимуҳаммад Умаров, мудири шуъбаи Институти иқтисод ва демографияи Академияи илмҳои Тоҷикистон ҳам мегӯяд, тиҷорати номутавозин паёмадҳои манфии зиёд дорад, вале бо каме талош метавон, ҳаҷми онро коҳиш дод.

“Мо бояд ба ду роҳ биравем: истеҳсолоти дохилиро рушд диҳем ва ҳаҷми молҳои содиротиро бештар кунем. Ба ҷуз ин, эҷоди шароити лозими кор барои муҳоҷирон дар Русия, Қазоқистон ва кишварҳои арабӣ хеле муҳим аст. То онҳо ба Тоҷикистон пули бештар бифиристанд, ки дар оянда ба василаҳои гуногун ҳамчун манбаъи даромадҳои давлатӣ хидмат хоҳанд кард” – мегӯяд, ӯ.

Бо вуҷуди ин, коршинос муътақид аст, ки дар давоми панҷ соли наздик Тоҷикистон наметавонад, тафовути зиёд дар воридот ва содироти камро аз байн бибарад. Ба назари ӯ, агар рӯйхати молҳоеро, ки Тоҷикистон имкони истеҳсол дорад тартиб диҳем, теъдоди онҳо метавонад аз марзи 1000 гузарад, вале аз нигоҳи қиммат наметавонанд, бо молҳои чинӣ рақобат кунанд.

Тоҷикистон мисли ҳарвақта дар даҳ моҳи гузашта, алюминий ва пахта содир кардааст, ки ду маҳсулоти бозоргири кишвар ба ҳисоб мераванд. Кишварҳои асосӣ барои содироти молҳои Тоҷикистон Қазоқистон, Туркия, Узбекистон ва Афғонистон будаанд. Воридкунандагони аслии мол ба Тоҷикистон Русия (29,6%), Чин (18,8%) ва Қазоқистон (16,9%) мебошанд.

XS
SM
MD
LG