Пайвандҳои дастрасӣ

Оҷонсии содирот барои маҳсулоти Тоҷикистон харидор меҷӯяд


Тоҷикистон барои мусоидат ба "содироти маҳсулот ба хориҷи кишвар", як ниҳоди нав таъсис медиҳад. Қарори таъсиси Оҷонсии содиротро, ки Эмомалӣ Раҳмон имзо кардааст, Вазорати адлия рӯзи 20-уми август нашр кард.

"Аввал ихтисор баъд таъсис"

Ниҳоди навтаъсис 8-умин оҷонсии назди ҳукумати Тоҷикистон хоҳад буд. Аммо барои баъзе кормандони сохторҳои давлатӣ хабари хуб нест. Зеро дар ивази истихдоми коргарони нав, ҳукумат ҳамин теъдодро аз вазорату идораҳои дигар ихтисор мекунад.

Мақомот мегӯянд, ки зарурати таъсиси чунин як ниҳод кайҳо ба вуҷуд омада буд, зеро маълум аст, ки кишоварзони тоҷик ба танҳоӣ аз ӯҳдаи ба хориҷ содир кардани маҳсулоти худ намебароянд.

Президент Раҳмон ба Вазорати молия дастур додааст, ки дар муҳлати як моҳ барои ихтисор кардани кормандон дар дигар ташкилоту идораҳои давлатӣ пешниҳод ироа кунад.

Тибқи низомномае, ки ҳамчунон аз сӯи ҳукумат тасвиб шудааст, ин оҷонсӣ дар вилояти Суғду Хатлон, минтақаи Рашт ва шаҳрҳои Душанбеву Ҳисор идораҳои худро хоҳад дошт. Ҳукумат барои ин оҷонсӣ 35 воҳиди корӣ ва 3 мошини хизматӣ ҷудо кардааст.

Тоҷикистон дар ҳоле Оҷонсии содирот таъсис медиҳад, ки номгӯи маҳсулоти содиротиаш чандон зиёд нест. Пахта ва алюминий -- ду маҳсулоти асосии содиротии Тоҷикистон аст, ки ба сурати умум ҳамчун ашёи хом ба хориҷи кишвар содир мешаванд. Барномаҳои Тоҷикистон барои содироти об, боигарии арзишманди кишвар, то ҳол ҳудуди бузург касб накардаанд ва пойгоҳи умдае ҳам барои бандубасти об барои содирот муҳайё нест.

Ин аст, ки Тоҷикистон нисбат ба содирот ду баробар бештар аз хориҷ мол ворид мекунад. Бар пояи маълумоти Оҷонсии омор, соли 2017 Тоҷикистон бо харҷи 2 миллиарду 775 миллион доллар аз хориҷа мол ворид карда, ҳамагӣ ба қадри 1 миллиарду 198 миллион доллар ба хориҷа мол содир кардааст.

"Ин оҷонсӣ кайҳо бояд таъсис мешуд"

Аммо як бахши иқтисоди Тоҷикистон, ки ба гуфтаи вакили порлумон Олим Бобоев метавонад аз ин оҷонсӣ баҳра бардорад, кишоварзӣ аст.

Бобоев рӯзи 20-уми август дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, зарурати таъсиси чунин як ниҳод кайҳо ба вуҷуд омада буд, зеро маълум аст, кишоварзони тоҷик ба танҳоӣ аз ӯҳдаи ба хориҷ содир кардани маҳсулоти худ намебароянд.

Олим Бобоев.
Олим Бобоев.

"Ман худам шоҳида ҳастам, ки дар ноҳияи Ҳисор боғапарварон миқдори хеле бузурги ангурро ба хориҷа содир карданд, аммо то ба ҳол харидорон миллионҳо сомонии онҳоро намедиҳанд. Се сол шуд, пулашонро гирифта наметавонанд",- иброз дошт Бобоев.

Ин вакили порлумон гуфт, Тоҷикистон кишвари аграрӣ аст ва беш аз ҳама кишоварзон барои дар хориҷ ба фурӯш гузоштани маҳсулоташон ба кӯмак ниёз доранд, вагарна моли онҳо талаф меёбад.

Кишоварзон: ҳосил шавад, харидор нест…

Исмоил Пиров як кишоварзи тоҷик, аз ноҳияи Дӯстии вилояти Хатлон мегӯяд, ҳар сол ҳангоми расидани ҳосили полезӣ ба мушкили фурӯши он рӯ ба рӯ мешаванд.

"Мо деҳқонем, кӯшиш мекунем аз замин ҳосили хуб рӯёнем. Як сол пиёз мекорем, ҳосил мешавад лекин саривақт фурӯхта наметавонем, баъд маҷбур мешавем бо нархи ночиз фуӯшем. Мебинем, ки нархи тарбуз баланд аст, соли дигар тарбуз мекорем, ки боз нарх меғалтад. Агар давлат худаш анборҳои калон месохт ва ҳамин ҳосили рӯёнидаи моро бо як нархи миёна мехарид, кори мо хеле осон мешуд",-мегӯяд Пиров.

Оҷонсӣ барои маҳсулоти Тоҷикистон харидор меҷӯяд

Шариф Саид, раиси Палатаи савдо ва саноати Тоҷикистон, ки таҷрибаи беш аз 15 соли кор дар воридоту содиротро дорад мегӯяд, масъулияти пайдо кардани харидор ба маҳсулоти Тоҷикистон дар хориҷа бар дӯши ин оҷонсӣ хоҳад буд.

Шариф Саид, раиси Палатаи савдо ва саноати Тоҷикистон.
Шариф Саид, раиси Палатаи савдо ва саноати Тоҷикистон.

"Ҳозир дар ҷойи як колхози пештара чандон то хоҷагиҳои хурди деҳқонӣ ташкил шудааст. Маҳсулоте, ки онҳо истеҳсол мекунанд, кам аст, шояд як вагон ҳам нашавад. Барои ҳамин, таъсис додани чунин як оҷонсӣ, ки бе восита дар хориҷа харидор пайдо кунад, як масъалаи актуалӣ буд."

Шариф Саид мегӯяд, барои он, ки маҳсулоти кишоварзӣ дар хориҷ фурӯхта шавад, кормандони ин оҷонсӣ бояд шурӯъ аз тирамоҳ барои маҳсулоти мавсими баҳори нав харидор пай кунанд, шарнома банданд.

"Яъне кореро бояд кунанд, ки деҳқонони хоҷагиҳои хурд ба танҳоӣ аз ӯҳдааш намебароянд",-иброз дошт ӯ.

Неъматулло Мирсаидов, иқтисоддони тоҷик мегӯяд, содироти Тоҷикистон аз воридошташ се маротиба камтар аст ва то давлат барои истеҳсолкунандагон имтиёз муқаррар накунад, ҳеҷ сохтори алоҳидае наметавонад содиротро зиёд кунад.

Ӯ гуфт, то имтиёзҳо барои истеҳсолкунанда пешниҳод нашаванд, ягон сохторе барои ислоҳи ин ҳолат мадад карда наметавонад. Ба гуфтаи Мирсаидов, бояд сабукиҳо дар андозбандӣ, ки тамоми кишварҳои рӯ ба рушдниҳода истифода мебаранд, ҷорӣ шавад, зеро бе имтиёз ва ҳавасмандӣ, ҳеҷ пешрафте ба даст намеояд."

Мирсаидов мегӯяд, аввал истеҳсоли худи молро дар дохил бояд бештар кард, то дар хориҷ барои он харидор пайдо шавад.

Андешаи Шумо

Намоиши шарҳҳо

Назари хонандагон

New Comments Available

Агар сухане, назаре ё хабаре доред, ба мо занг занед ё SMS (паёмак) фиристед:

Дар Душанбе:

+992 988 65 94 63
+992 988 65 94 64

Дар Прага:

+420 724 053 959

XS
SM
MD
LG