Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Додугирифт миёни Тоҷикистону Узбекистон 182% афзуд


Эмомалӣ Раҳмон ва Шавкат Мирзиёев
Эмомалӣ Раҳмон ва Шавкат Мирзиёев

Узбекистон ба яке аз панҷ шарики тиҷоратии Тоҷикистон табдил ёфтааст. Масъулони Хадамоти гумруки Тоҷикистон рӯзи 26-уми январ гуфтанд, Узбекистон соли гузашта дар қатори кишварҳое қарор гирифт, ки Душанбе аз ҳама бештар бо онҳо додугирифти молӣ дошт.

Феълан дар марзи Тоҷикистон ва Узбекистон 7 гузаргоҳи наздисарҳадӣ фаъол аст. 9 гузаргоҳи дигар баста аст. Феълан гуфтушунидҳо ҷараён дорад ва бовар дорем, гузаргоҳҳои боқимонда ҳам дар давоми соли 2018 боз мешаванд
Азим Турсунзода

Беҳтар шудани муносибати Тоҷикистону Узбекистонро метавон аз як назар ба манзили Меҳроб Воситов, як сокини 45-солаи шаҳри Ваҳдат, мушоҳида кард. Ҳоло аксари масолеҳи рӯзгори Меҳроб Воситов аз қабили яхдону мошини ҷомашӯӣ, тафдон ва чангкашак истеҳсоли Узбекистонанд. Ин мусоҳиби мо мегӯяд, то соли гузашта қудраташ барои харидани ин гуна масолеҳ, ки тавлиди Чину Аврупо буд, намерасид. Ҳоло, баъди ворид шудани ин намуд масолеҳи то ҷое арзон аз Узбекистон, имкон пайдо кардааст, ки барои манзилаш бигирад.

Дар ду сол: Додугирифти мол 182 дарсад зиёд шуд

Тоҷикистону Узбекистон тӯли беш аз бист соли гузашта муносибати чандон хуби сиёсиву иқтисодӣ ва фарҳангӣ надоштанд. Яхи муносибатҳо баъд аз даргузашти Ислом Каримов, раиси ҷумҳури нахустини Узбекистон, дар моҳи сентябри соли 2016 ва ба қудрат расидани Шавкат Мирзиёев, каме об шуд.

Азим Турсунзода
Азим Турсунзода

Азим Турсунзода, муовини сардори Хадамоти гумруки Тоҷикистон, рӯзи 26-уми январ дар ҳузури хабарнигорон гуфт, дар ду соли ахир додугифти мол миёни ду ҳамсоя 182 дарсад зиёд шудааст. Ин масъули Хадамоти гумрук афзуд, агар дар соли 2015 додугирифти мол миёни Тоҷикистону Узбекистон наздики 15 миллион доллар буд, пас, дар соли гузашта ин рақам ба беш аз 126 миллион доллар расид.

Гузаргоҳҳои марзии ду кишвар низ, ки солҳо қабл баста шуданд ҳоло дубора ба кор шуруъ кардаанд. “Феълан дар марзи Тоҷикистон ва Узбекистон 7 гузаргоҳи наздисарҳадӣ фаъол аст. 9 гузаргоҳи дигар баста аст. Гуфтушунидҳо ҷараён дорад ва бовар дорем, ин гузаргоҳҳо низ дар давоми соли 2018 боз мешаванд”, - афзуд Азим Турсунзода.

Аз Узбекистон ба Тоҷикистон асосан асбоби маишӣ, нуриҳои минералӣ, маводи ғизоӣ, либосворӣ, нақлиёт ва ғайра ворид мешавад. Дар соли гузашта дар шаҳрҳои мухталифи Тоҷикистон мағозаҳои махсуси фурӯши маҳсулоти Узбекистон дари худро боз кард. Аз Тоҷикистон ба Узбекистон асосан семент ва баъзе намуд сабзавот, аз ҷумла картошка, содирот шудааст.

“Узбекистон бояд ба рушди муносибатҳо талош кунад”

Таҳлилгарон мегӯянд, ки муносибати хуби Тоҷикистон бо Узбекистон барои мардуми одии ду кишвар фоидаовар хоҳад буд. Собир Вазиров, таҳлилгари тоҷик, гуфт, агар фоидаи равобити, масалан, Тоҷикистону Чин ба доираи маҳдуди тоҷирон анҷом шавад, аз равобити хуби Душанбеву Тошканд пеш аз ҳама мардуми оддӣ суд мебардоранд. Ба қавли ин таҳлилгари тоҷик, заминаҳои рушди иқтисодӣ миёни ду кишвари Осиёи Марказӣ зиёд аст.

Собир Вазиров
Собир Вазиров

“Тоҷикистон, дар маҷмуъ, тайи 15 соли ахир низоми иқтисодии худро аз вобастагии Узбекистон ба маротиб кам кард. Феълан ба манфиати Узбекистон аст, ки бо Тоҷикистон ҳамкории зич кунад. Яъне, он кишвар зиёдтар суд мебарад, аз онки Тоҷикистон аз он фоида мегирад”, - гуфт ӯ.

Бисёре аз коршиносон мегӯянд ҳаяҷони Тоҷикистону Узбекистон, ки баъди равобити сарди ду даҳсола аз оғози як ҳамсоягии хуб дарак додаанд, барои ҳарду мазмуни ҷудогона дорад. Барои Тоҷикистон, як кишвари бунбастӣ, ки роҳи аслиаш ба хориҷ аз тариқи Узбекистон мегузарад, ин равобит бештар мазмуни сиёсӣ дорад. Ин равобит роҳи Тоҷикистонро барои расидан ба орзуи деринааш – анҷоми сохтмони нирӯгоҳи Роғун ва воридоти содироти маҳсулот аз қаламрави Узбекистон ҳамвор мекунад.

Барои раҳбари нави Узбекистон Шавкат Мирзиёв, ки мехоҳад худро аз сиёсати инзивогаронаи президенти пешин Ислом Каримов канор бигирад ва ҳамчун як раҳбари модерни бозоргаро ба намоиш гузорад, Тоҷикистон як бозори дастнохӯрдаест ва барои рушди бозори минтақавӣ ба Узбекистон муфид аст.

Дилшод Муллоев
Дилшод Муллоев

Дилшод Муллоев, таҳлилгари масоили сиёсӣ дар пажуҳишгоҳи Академияи улуми Тоҷикистон мегӯяд, дидгоҳҳои қолабии Тошканд нисбат ба Тоҷикистон ба тадриҷ шикаста мешаванд ва беҳ шудани равобит ҳам яке аз нишонаҳои он аст.

Ҳоло мақомоти тоҷику узбак талош доранд, ки равуо барои шаҳрвандонро осонтар кунанд. Дар назар аст, ки Шавкат Мирзиёев, раиси ҷумҳури Узбекистон дар моҳи март ба Тоҷикистон биояд. Худи Шавкат Мирзиёев дар оғози моҳи январи имсол дар ҳузури вакилони маҷлиси вилояти Тошканд хабар дод, ки "барои об кардани яхи 20-сола" дар равобит бо Тоҷикистон озими ин кишвар мешавад.

XS
SM
MD
LG