Пайвандҳои дастрасӣ

Назари тоҷикон ба Узбекистон фавқуллода тағйир ёфтааст


Як таҳқиқоти афкори умум нишон додааст, ки бисёре аз мардуми Тоҷикистон дигар Узбекистони ҳамсояро “таҳдиду хатар” барои кишвар намешуморанд.

Бар асоси назарсанҷии Маркази Таҳқиқотии Бонки Рушди Авруосиё, ки соли 2017 сурат гирифтааст, танҳо 14 дар сади мардум ба ин андешаанд, ки Узбекистон ҳамсояи хубе нест ва бо Тоҷикистон рафоқат надорад.

Бақияи мардум ба ин назар будаанд, ки Узбекистон, баръакси замони Ислом Каримов, раиси ҷумҳури пешини Узбекистон нисбат ба Тоҷикистон хайрхоҳ аст.

Маркази Таҳқиқотии Бонки Авруосиё мегӯяд, то соли 2012 ва ё 5 соли пеш, 64 дар сади мардум дар Тоҷикистон – Узбекистонро барои ватани худ таҳдид мешумурданд ва нисбат ба он назари манфӣ доштаанд.

Узбекистон дигар дар тассавури оммавии мардум дар Тоҷикистон кишвари норафиқ нест.

Ба ақидаи муаллифони таҳқиқот, бо назардошти тағйири фавқуллодаи назар ҳоло метавон гуфт, ки “Узбекистон дигар дар тассавури оммавии мардум дар Тоҷикистон кишвари норафиқ нест”.

Ба андешаи ин ҷомеашиносон, “шеваи ба корбурдаи Тоҷикистон барои коҳиши хусумат нисбат ба ҳамсояи ғарбиаш, мумкин аст, барои ташаннуҷзудоӣ дар кишварҳои собиқи шӯравӣ ба мисли Русияву Украина ва Арманистону Озарбойҷон истифода шавад.”

Муассисаи мазкур, як маркази таҳқиқотии зери назари Русия аст ва ҳар сол тамоюлҳои сиёсиву иҷтимоӣ ва муносибатҳои кишварҳои минтақаро таҳқиқ мекунад. Таҳқиқоти афкори умум дар Тоҷикистонро охири соли 2017 дар моҳҳои ноябр ва декабр анҷом додаанд ва барои аниқ кардани тамоюлҳои сиёсиву иҷтимоӣ дар кишвар бештар аз 1000 нафарро пурсидаанд.

Шавкат Мирзиёев гуфтааст, ки беҳбуди равобит бо ҳамсояҳо аз авлавиятҳои кораш аст.
Шавкат Мирзиёев гуфтааст, ки беҳбуди равобит бо ҳамсояҳо аз авлавиятҳои кораш аст.

Тағйири афкори умум нисбат ба Узбекистон бахусус дар соли 2016 баъди даргузашти Ислом Каримов, раиси ҷумҳури собиқи Узбекистон шурӯъ шудааст ва дар аҳди раиси ҷумҳури нав Шавкат Мирзиёев дар соли 2017 суръат гирифтааст.

Муаллифони таҳқиқот нагуфтаанд, ки ҳукумати Тоҷикистон чӣ шеваеро ба кор бурдааст, ки нигоҳи манфӣ ба Узбекистонро тағйир додааст, аммо ҷомеашиносон мегӯянд, коҳиши матолиби манфӣ дар матбуот нисбат ба кишвари ҳамсоя аз омилҳои тағйири афкори умум дар Тоҷикистон аст.

Албатта вақте ин гуна матолибро мехонед, нисбат ба ҳар кишваре дар дилатон нафрат пайдо мешавад.

“Худатон медонед, ки чӣ гуна дар аҳди Ислом Каримов, муносибатҳо бад буданд ва дар матбуоти мо ҳар чизеро дар бораи Узбекистон меёфтӣ. Яке мегуфт, ки ба мо бадӣ мекунанд, роҳи моро мебанданд, мардумро дар қаторҳо азоб медиҳанд ва ғайраву ҳоказо. Албатта вақте ин гуна матолибро мехонед, нисбат ба ҳар кишваре дар дилатон нафрат пайдо мешавад” - гуфт, яке аз ҷомешиносони тоҷик, ки нахост номаш бурда шавад.

Ба қавли ӯ, баъди омадани Шавкат Мирзиёев ба сари қудрат ва аз сар гирифтани сохтмони нерӯгоҳи барқи обии Роғун, мақомоти Тоҷикистон хуш надоштанд, ки рӯзнома ва ё расонае дар бораи муносибатҳои ду кишвар ягон чизи манфӣ бинависанд.

Ба қавли ӯ, ҳатто мақомот ба баъзе аз сардабирон тавсия додаанд, ки аз навиштани мақолаҳо дар бораи иртиботи ду кишвар парҳез кунанд, чун "мумкин аст ба муносибатҳо осеб бирасонанд."

Ба қавли мусоҳиби Радиои Озодӣ дигар ба матбуот кашида нашудани муносиботи сарди Тоҷикистону Узбекистон дар гузашта дар тағйири афкори умум дар кишвар нақш доштааст. Тоҷикистону Узбекистон тӯли беш аз бист соли гузашта муносибати чандон хуби сиёсиву иқтисодӣ ва фарҳангӣ надоштанд.

Мухолифати Ислом Каримов, раиси ҷумҳури Узбекистон ба бунёди нерӯгоҳи барқи обии Роғун сабаби ба сарди гароидани муносибот шуд. Дар муддати чанд сол, ки Тоҷикистон ба корҳои барқарорсозӣ дар Роғун машғул буд, Узбекистон роҳҳои транзитӣ ба самти Тоҷикистонро баст ва мушкилоти зиёде дар ҳамлу нақли молу коло ба кишвар эҷод кард.

Эмомалӣ Раҳмон бо Абдулло Орипов мулоқот кард
Эмомалӣ Раҳмон бо Абдулло Орипов мулоқот кард

Яхи муносибатҳо баъд аз даргузашти Ислом Каримов, раиси ҷумҳури нахустини Узбекистон, дар моҳи сентябри соли 2016 ва ба қудрат расидани Шавкат Мирзиёев, об шуд. Ду тараф равуо барои шаҳрвандонро осонтар карданд, дар кишварҳои ҳамдигар намоишгоҳи саноативу иқтисодӣ ва рӯзҳои фарҳангӣ баргузор намуданд.

Ҳафтаи гузашта Абдулло Орипов, нахуствазири Узбекистон барои омода кардани сафари расмии Шавкат Мирзиёев ба Душанбе омад ва бино ба гузоришҳо ду тараф гуфтаанд, мумкин аст, созишномае ба имзо бирасонанд, ки бар асоси он шаҳрвандони ду кишвар тавонанд, бе виза як моҳ дар қаламрави якдигар бигарданд.

Андешаи Шумо

Намоиши шарҳҳо

Назари хонандагон

New Comments Available

Агар сухане, назаре ё хабаре доред, ба мо занг занед ё SMS (паёмак) фиристед:

Дар Душанбе:

+992 988 65 94 63
+992 988 65 94 64

Дар Прага:

+420 724 053 959

XS
SM
MD
LG