Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Як моҳ бе виза – дар Узбекистон


Қоҳир Расулзода ва Абдулло Орипов, нахуствазирони Тоҷикистону Узбакистон

Мақомоти Тоҷикистону Узбекистон барои ҳалли масъалаи раводид ё виза ва қитъаҳои баҳсноки марзӣ, аз ҷумла нирӯгоҳи Фарҳод ба тавофуқ расидаанд. Як манбаи хабаргузории "Азия-Плюс" дар ҳукумати Тоҷикистон рӯзи 11-уми январ гуфтааст, ба зудӣ санад "Дар бораи равуои шаҳрвандон" имзо хоҳад шуд, ки бар асоси он сокинони ду кишвар ҳақ доранд бе виза як моҳ дар қаламрави якдигар бигарданд.

Дар ин бора бештар бихонед: "Тоҷикистон ҳеҷ гоҳ барои ҳамсояҳо мушкил эҷод накардааст"

Тоҷикистону Узбекистон тӯли беш аз бист соли гузашта муносибати чандон хуби сиёсиву иқтисодӣ ва фарҳангӣ надоштанд.

Ин тавофуқ дар пайи сафари нахуствазири Узбекистон Абдулло Орипов ба Тоҷикистон ҳосил шудааст. Орипов рӯзи 10-уми январ вориди Душанбе шуда, бо раиси ҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон мулоқот кард ва дар ҷаласаи кумисюни байниҳукуматии Тоҷикистону Узбекистон иштирок намуд.

Манбаи "Азия-Плюс" гуфтааст, дар ин дидорҳо дар мавриди ҳаракати қаторҳои мусофирбару автобусҳо ва ифтитоҳи гузаргоҳҳои нав дар марзи Тоҷикистону Узбекистон низ тавофуқ ҳосил шудааст. Ин хабаргузорӣ мегӯяд, "дар масъалаи сарҳад ҷонибҳо тавофуқ кардаанд, қаламраве, ки дар он нирӯгоҳи Фарҳод воқеъ аст, қаламрави Тоҷикистон эътироф гардида, иншооти гидроэнергетикӣ моликияти Узбекистон мешавад. Посбонии иншоот ба дӯши Тоҷикистон вогузор шуда, Узбекистон хидматгузории техникии иншоотро анҷом медиҳад."

Обанбори Фарҳод
Обанбори Фарҳод

Моҳи июли соли гузашта мақомоти Узбекистон дар як барномаи телевизионӣ гуфтанд, ки обанбору нирӯгоҳи Фарҳод солҳои ҷанги дувуми ҷаҳонӣ (1943) бо ҷалби 7 ҳазор нафар сохта шудааст. Ин барнома иддао кард, ки обанбори Фарҳод ҳанӯз дар тавозуни Вазорати энержии Узбекистон қарор дорад. Обанбори Фарҳод дар ҳудуди вилояти Суғди Тоҷикистон ҷойгир аст ва обёрии дашти Дилварзин ва низ вилояти Тошканд аз ин обанбор сурат мегирад.

Мақомоти тоҷик ҳанӯз дар ин замина шарҳе надодаанд. Танҳо дар хабарҳои расмӣ гуфта шудааст, ки "дар доираи сафари кории нахуствазири Узбекистон ба Тоҷикистон чанд созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расида, муносибатҳо... мавриди баррасӣ қарор гирифтанд."

Бештар бихонед: Шавкат Мирзиёев ба Тоҷикистон меравад ва роҳҳоро боз мекунад​

Охири ҳафтаи гузашта Шавкат Мирзиёев, раиси ҷумҳури Узбекистон дар ҳузури вакилони маҷлиси вилояти Тошканд хабар дод, ки "барои об кардани яхи 20-сола" дар равобит бо Тоҷикистон озими ин кишвар мешавад. Вай хабар дода буд, ки рӯзҳои наздик Абдулло Орипов ба Душанбе меравад ва “созишномаҳои бузургеро” барои имзо омода месозад.

Шавкат Мирзиёев
Шавкат Мирзиёев

Шавкат Мирзиёев дар суханрониаш дар ҳузури вакилони маҷлиси вилоятӣ дар бораи таърихи дақиқи сафараш ба Тоҷикистон ҳарфе нагуфт, аммо расонаҳои маҳаллии Тоҷикистон бо такя ба манобеи худ навиштанд, ки ин боздид мумкин аст, аввали баҳори имсол сурат бигирад.

Тоҷикистону Узбекистон тӯли беш аз бист соли гузашта муносибати чандон хуби сиёсиву иқтисодӣ ва фарҳангӣ надоштанд. Яхи муносибатҳо баъд аз даргузашти Ислом Каримов, раиси ҷумҳури нахустини Узбекистон, дар моҳи сентябри соли 2016 ва ба қудрат расидани Шавкат Мирзиёев, каме об шуд. Ҳоло ду тараф равуо барои шаҳрвандонро осонтар карда, дар кишварҳои ҳамдигар намоишгоҳи саноативу иқтисодӣ ва рӯзҳои фарҳангӣ баргузор намуданд.

Андешаи Шумо

Намоиши шарҳҳо

Назари хонандагон

New Comments Available

Агар сухане, назаре ё хабаре доред, ба мо занг занед ё SMS (паёмак) фиристед:

Дар Душанбе:

+992 988 65 94 63
+992 988 65 94 64

Дар Прага:

+420 724 053 959

Машваратдодашуда

XS
SM
MD
LG