Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тавофуқи Тоҷикистону Узбекистон бар сари роҳи Амузанг


Тоҷикистону Узбекистон барои фаъол кардани роҳи оҳани Амузанг - Хатлон ба тавофуқ расидаанд. Амузанг - Хатлон замоне аз роҳҳои асосии воридоти маҳсулот ба ҷануби Тоҷикистон ба шумор мерафт ва баъди баста шудани он дар соли 2011 иқтисоди кишвар миллионҳо доллар зиёд дид.

Оғози ҳаракат дар роҳи “Амузанг-Хатлон” ба манфиати ҳарду тараф хоҳад буд.

Омодагии Тоҷикистону Узбекистон барои шурӯи ҳаракати қатор дар масири Амузанг-Хатлонро коршиносон аз нишонаҳои дигари гармии равобит миёни Душанбеву Тошканд медонанд.

Мақомот: Ҳарду барои ин кор манфиатдоранд

Анвар Латифзода, сухангӯи Роҳи оҳани Тоҷикистон, рӯзи 19-уми январ ба Радиои Озодӣ гуфт, мутахассисони ду кишвар корҳои омӯзиширо оғоз кардаанд. “Мутахассисони мо барои санҷиши ҳолати техникӣ ба минтақа рафтанд. Аз ҷониби Узбекистон ҳам кор шурӯъ гардидааст. Қарор аст, дар ояндаи наздик ҳаракати қаторҳо дар ин масир шурӯъ шавад”, - афзуд ӯ.

“Аз ҳама зиёд кишоварзон зарар диданд”

Анвар Латифзода
Анвар Латифзода

Қисмати роҳи оҳани Амузанг-Хатлон дар соли 2011 хароб шуд ва ин ноҳияҳои ҷануби Тоҷикистонро бо мушкилоти ҳамлу нақли молу коло рӯбарӯ кард. Қаблан тариқи ин масир аз кишварҳои Шӯравии собиқ маҳсулот ворид мешуд ва ҳам аз яке аз роҳҳои аслии содироти молу коло аз ҷануби Тоҷикистон ба хориҷ ба ҳисоб мерафт. Қосими Шуҳрат, рӯзноманигор аз вилояти Хатлон, ки мавзӯи баста шудани қитъаи роҳи оҳани Амузанг-Хатлонро пайгирӣ кардааст, гуфт, танҳо дар соли аввали хароб шудани ин масир иқтисоди Тоҷикистон бахусус вилояти Хатлон беш аз 100 миллион сомонӣ зарар дид.

Ба қавли ин ҳамсуҳбати Радиои Озодӣ, басташавии қитъаи роҳи оҳани Амузанг-Хатлон на танҳо барои онҳое, ки тариқи он равуо мекарданд, балки ба содироту воридоти маҳсулот аз Хатлон ба хориҷа низ зарба зад. “Инки ҳоло маҳсулот аввал ба Душанбе ва сипас ба берун бурда мешавад, фоидаовар нест. Чун кишоварзон ҳам вақтро талаф медиҳанд ва ҳам хатари хароб шудани маҳсулоташон зиёд аст”, - афзуд ин рӯзномангори тоҷик.

Қосими Шуҳрат, ҳамчунин, гуфт, басташавии қитъаи роҳи оҳани Амузанг-Хатлон аз ҷониби дигар соҳибкорон бахусус воридкунандагони маҳсулоти сохтмониро водор кард, ки роҳҳои дигарро биҷӯянд. Бунёди корхонаҳои истеҳсоли маҳсулоти сохтмонӣ дар Данғара ва Ёвон ба қавли ин рӯзноманигори тоҷик аз натиҷаҳои то ҷое мусбати бастшавии роҳи Амузанг-Хатлон аст, ки соҳибкоронро водор кард бо дигар роҳ талаботи ҷомеаро қонеъ кунанд.

“Масире, ки харҷи интиқолро 25-30 дарсад кам мекунад”

Ҷониби Тоҷикистон аз замони хароб шудани қитъаи роҳи оҳани Амузанг-Хатлон чанд дафъа омодагии худро барои азсаргирии ҳаракати қаторҳо изҳор карда буд. Аз ҷумла, масъулони ширкати “Роҳи оҳани Тоҷикистон” соли гузашта гуфта буданд, ки дар сурати мувофиқати Узбекистон, омода ҳастанд, қитъаи роҳи оҳани Амузангро тармим намоянд.

Яхи муносибатҳо баъд аз даргузашти Ислом Каримов, раиси ҷумҳури нахустини Узбекистон, дар моҳи сентябри соли 2016 ва ба қудрат расидани Шавкат Мирзиёев об шуд.

Ҳукумати Тоҷикистон пас аз қатъ шудани равуои қатораҳо тариқи Амузанг-Хатлон, панҷ соли пеш дар соли 2012 ҷиҳати пайвастани қитъаи роҳи оҳани ҷануб бо марказ – ба сохтани роҳи оҳани Душанбе-Қӯрғонтеппа-Кӯлоб иқдом кард. Ҳамакнун роҳи оҳани мазкур ҳам барои мусофиркашонӣ ва ҳам барои боркашонӣ истифода мешавад. Роҳи оҳани Ваҳдат-Ёвон яке аз қисматҳои ин роҳи оҳан аст. Коршиносон мегӯянд, қитъаи роҳи оҳани Амузанг-Хатлон аз он ҷиҳат барои Тоҷикистон аҳамияти стратегӣ дорад, ки роҳи содироти маҳсулот аз калонтарин вилояти Тоҷикистонро ба хориҷаро боз мекунад.

Аз ҷумла, ба ҳисоби Сангалӣ Раҳимов, иқтисодшинос аз вилояти Хатлон, дар сурати боз шудани масири Амузанг-Хатлон ҳудуди 25-30 дарсади роҳкиро барои интиқоли маҳсулот камтар хоҳад шуд.

Тоҷикистону Узбекистон тӯли беш аз бист соли гузашта муносибати чандон хуби сиёсиву иқтисодӣ ва фарҳангӣ надоштанд. Яхи муносибатҳо баъд аз даргузашти Ислом Каримов, раиси ҷумҳури нахустини Узбекистон, дар моҳи сентябри соли 2016 ва ба қудрат расидани Шавкат Мирзиёев, каме об шуд. Ҳоло ду тараф равуо барои шаҳрвандонро осонтар карда, дар кишварҳои ҳамдигар намоишгоҳи саноативу иқтисодӣ ва рӯзҳои фарҳангӣ баргузор намуданд.

XS
SM
MD
LG