Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Толибон барои иштирок дар музокирот ба Маскав мераванд


Русия мегӯяд, Толибон пазируфтаанд, ки дар нишасти рӯзи чаҳоруми сентябр, ки дар Маскав баргузор мешавад, иштирок намоянд. Маскав ин матлабро дар ҳоле эълон мекунад, ки Толибон дар ин авохир ҳамлаҳояшонро дар Афғонистон бештар кардаанд.

Сергей Лавров, вазири умури хориҷии Русия рӯзи якшанбеи 21-уми август зимни нишасти хабарӣ дар шаҳри Сочӣ гуфт, Маскав Толибонро ба нишасти Маскав даъват кард ва умедвор аст, ки музокирот ба натиҷаҳои хубе даст ёбад.

Ба гуфтаи вазири умури хориҷии Русия, аксуламали нахустини Толибон мусбат буда ва онҳо ба назар ҳастанд, ки дар ин гуфтугӯ ширкат кунанд. Оқои Лавров гуфтааст, ки "Толибон бахше аз ҷомеаи афғонӣ ҳастанд."

Вазири умури хориҷии Русия гуфтааст, ки дар гуфтугӯҳои Маскв бар иловаи Толибон, намояндагони Русия, Афғонистон, Чин, Покистон, Эрон ва Ҳиндустон низ иштирок мекунанд. Мақомҳои русӣ мегӯянд, ҳадафи гуфтугӯҳо ин аст, ки дар раванди оштии миллӣ дар Афғонистон пешрафт ба миён ояд ва ҳарчӣ зудтар дар ин кишвар сулҳ таъмин шавад.

Хабаргузории русии "Интерфакс" ба нақл аз як сухангӯи вазорати умури хориҷии Амрико навишт, ки Вашингтон дар ин гуфтугӯҳо иштирок намекунад.

Ба гуфтаи вазорати умури хориҷии Русия, ба иловаи Амрико, намояндагони бархе аз кишварҳои дигар ҳам барои ширкат дар ин нишаст даъват шудаанд. Толибон то ба ҳол дар ин маврид изҳори назар накардаанд. Аммо ҳукумати Афғонистон, ки як тарафи қазия ба шумор меравад, ба гуфтугӯҳои сулҳ ба раҳбарии афғонҳо таъкид намуда ва мегӯяд, то ба ҳол барои ширкат дар нишасти Маскав даъвати расмӣ дарёфт накардаанд.

Сибғат Аҳмадӣ, сухангӯи вазорати умури хориҷии Амфғонистон дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, "расман ба мо чизе нарасидааст. Пас аз он, ки мо онро ба таври расмӣ дарёфт кардем, вокуниши худро нишон хоҳем дод".

Сергей Лавров, вазири умури хориҷии Русия.
Сергей Лавров, вазири умури хориҷии Русия.

Сухангӯи вазорати умури хориҷии Афғонистон афзуд, раиси ҷумҳур Ашраф Ғанӣ пас аз дарёфти расмии даъват дар мавриди нишасти Маскав, тасмими худро эълон хоҳад кард.

Аз сӯи дигар вазири умури хориҷии Русия изҳороти мақомҳои афғонро радд кард, ки гӯё Русия Толибонро дар мубориза алайҳи гурӯҳи "Давлати исломӣ", кӯмак мекунад.

Сергей Лавров робитаи Русия бо Толибонро возеҳ хонд ва гуфт, "мо тамосҳои худро бо Толибон пинҳон накардаем. Онҳо бахше аз ҷомеаи афғонӣ ҳастанд. Мо бо онҳо дар тамос ҳастем ва ҳадафи ин тамосҳои мо, таъмини амнияти шаҳрвандон ва муассисаҳои русӣ дар Афғонистон мебошад. Мо ҳамчунин Толибонро ташвиқ мекунем, ки аслиҳаашонро ба замин бигузоранд ва бо ҳукумати Афғонистон пушти мизи музокират биншинанд."

Дар ҳамин ҳол, хабаргузории русии "Интерфакс" ба нақл аз як сухангӯи вазорати умури хориҷии Амрико навишт, ки Вашингтон дар ин гуфтугӯҳо иштирок намекунад.

Шаҳри Ғазнӣ пас аз ҳамлаи Толибон.
Шаҳри Ғазнӣ пас аз ҳамлаи Толибон.

Гурӯҳи Толибон дар баробари ҳамлаҳои низомӣ, ҳамакнун тамосҳои дипломатии худро густариш додаанд. Онҳо дар ин авохир ба Узбекистон ва Индонезия намоянда фиристода ва ҳамчунин гуфта мешавад, ки дар оғози моҳи ҷорӣ дар Қатар бо дипломатҳои баландпояи амрикоӣ гуфтугӯ кардаанд.

Баъди хуруҷи бахши умдаи нерӯҳои НАТО аз Афғонистон, дар соли 2015, низои дохилӣ дар ин кишвар авҷ гирифт. Ҷангиёни тундрави Толибон пайваста ба низомиёни афғон ва амрикоӣ ҳамла мекунанд. Пентагон борҳо гуфтааст, ки Русия бо баҳонаи мубориза алайҳи гурӯҳи тундрави "Давлати Исломӣ" ба Толибон кӯмак мекунад. Русия ин иттиҳомотро "беасос" номидааст.

Толибони афғон оташбасро рад карданд
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:01:13 0:00

XS
SM
MD
LG