Низомиёни амрикоӣ дар шаҳри Ғазнӣ алайҳи Толибон аз нерӯи ҳавоӣ истифода кардаанд. Шаҳри Ғазнӣ -- маркази вилояти Ғазнӣ дар маркази Афғонистон шаби гузашта мавриди ҳамлаи густурдаи Толибон қарор гирифт.
Ба ҳадафи ақиб задани Толибон, нерӯҳои тозанафас ба ин шаҳр фиристода шудааст. Гарчӣ нерӯҳои давлатии афғон аз кӯмаки артиши Амрико, аз ҷумла чархболҳои ҷангӣ барои фурӯ нишондани ҳамла бархӯрдор будаанд, тибқи гузоришҳо маълум нест, чӣ миқдор аз шаҳр дар назорати нерӯҳои давлатӣ аст. Толибон иддао кардаанд, ки қисматҳои бузурге аз ин шаҳр дар ихтиёри онҳо қарор дорад.
Хабаргузории "Рейтерз" ба нақл аз фармондеҳи пулиси Ғазнӣ мегӯяд, ки ин шаҳр чанд моҳи пайдарпай дар маърази таҳдиди ҳамла аз сӯи Толибон будааст.
Ба гузориши хабаргузории "Рейтерз", Толибон шаби гузашта ба чанд постгоҳи пулис ҳамла карда ва назорати чанд минтақаи ин шаҳрро ба даст гирифтаанд. То ба ҳол дар мавриди омори дақиқи талафоти нерӯҳои давлатӣ ва ғайринизомиҳо, маълумоти дақиқе дар даст нест.
Мақомҳои вилояти Ғазнӣ гуфтаанд, ки ҷасадҳои даҳҳо ҷангии гурӯҳи Толибон дар ҷодаҳо боқӣ мондаанд. Аммо Толибон бо нашри як эъломия иддао кардаанд, ки даҳҳо тан аз нерӯҳои давлатӣ дар ҳамлаи онҳо ба Ғазнӣ кушта ва захмӣ шудаанд. Онҳо кушта шудани се тан аз афроди худ ва захмӣ шудани ҳашт тани дигарро таъйид кардаанд.
Мақомоти вилояти Ғазнӣ мегӯянд, ки нерӯҳои амниятии афғон тавонистанд, ки чандин ҳамлаи Толибонро ба ақиб бизананд. Муҳаммад Ориф Нурӣ, сухангӯи волии Ғазнӣ рӯзи 10-уми август бо ишора ба ҷангҳое, ки аз шаби гузашта ба ин сӯ байни нерӯҳои давлатӣ ва Толибон сурат гирифтааст, гуфт, ки то акнун ҳамлаҳои мухолифони мусаллаҳ дар ҳама ҷо ақиб зада шудааст ва дар бархе минтақаҳо ҷанг идома дорад.
Оқои Нурӣ кушта шудани ҳафт низомии афғонро таъйид кард ва гуфт, ки Толибон аз чор самт ба шаҳри Ғазнӣ ҳамла карда буданд. Хабаргузории "Рейтерз" ба нақл аз фармондеҳи пулиси Ғазнӣ мегӯяд, ки ин шаҳр чанд моҳи пайдарпай дар маърази таҳдиди ҳамла аз сӯи Толибон будааст.