Пайвандҳои дастрасӣ

Рӯзи чоруми даргириҳои шадид дар Ғазнӣ. ВИДЕО


Нирӯҳои ҳукуматии Афғонистон рӯзи чорум аст, ки бо ҷангиёни Толибон дар шаҳри шарқии Ғазнӣ вориди даргирӣ ҳастанд.

Вазири дифои Афғонистон Тариқшоҳ Баҳромӣ дар нишасти хабарие рӯзи 13 август гуфт, ки ба шаҳри Ғазнӣ ҳудудан 1000 сарбози иловагӣ ба хотири пок кардани маркази вилояти Ғазнӣ аз ҷангиён сафарбар шуданд.

Дафтари СММ оид ба ҳамоҳангсозии кӯмакҳо аз ҳарду ҷониби даргир даъват кард, ки “сокинони осоиштаро ҳимоят карда аз хароб кардани биноҳои мулкӣ, бахусус биноҳои тиббӣ худдорӣ кунанд”.

Баҳромӣ ба хабарнигорон дар Кобул гуфт, ки умедвор аст дар 24 соати наздик вазъ “хеле дигар мешавад” ва базудӣ “хабарҳои хубе ба даст меояд”.

Дар нақли қавл аз мақомоти Афғонистон гуфта шуд, ки воҳидҳои вижаи низомии амрикоӣ дар маҳалли ҳодиса қарор доранд ва дар ҳамоҳанг кардани ҳамлаҳои ҳавоӣ ва ҳам амалиёти заминӣ мусоидат мекунанд. Вале ин хабар аз ҷониби мақомоти низомии амрикоӣ тасдиқ нашуд.

Даргириҳо дар шаҳри стратегӣ

Ғазнӣ як шаҳри стратегӣ ба шумор меравад, чун дар байни шоҳроҳи Кобул ва ҷануби Афғонистон қарор дорад.

Се рӯз баъди он ки ҷангиён ба шаҳри дорои 270 ҳазор ҷамъият ҳамла карданд, дарёфти хабарҳо аз минтақа ҳамоно мушкил буд. Баробари шурӯи ҳамлаҳо хадамоти мухобирот дар ин шаҳр қатъ гардид.

Баҳромӣ гуфт, ки дар натиҷаи задухӯрдҳои ҷараёндошта 100 афсари полис ва сарбоз ва дасти кам 20 мулкӣ кушта шудад. Ӯ инчунин гуфт, ки дар миёни кушташудаҳо 194 ҷангии узви Толибон, аз ҷумла 12 фармондеҳи калидӣ мебошанд. Дар ин ҳодисаҳо 147 нафари дигар маҷрӯҳ шудаанд.

Вазири мудофиаи Афғонистон дар бораи ҷангҳои Ғазнӣ тафсилот дод
лутфан мунтазир бошед

### Феълан кор намекунад ###

0:00 0:00:54 0:00

Таҳдиди бӯҳрони башарӣ дар Ғазнӣ

Дар ҳамин ҳол, дафтари СММ оид ба ҳамоҳангсозии кӯмакҳо аз ҳарду ҷониби даргир даъват кард, ки “сокинони осоиштаро ҳимоят карда аз хароб кардани биноҳои мулкӣ, бахусус биноҳои тиббӣ худдорӣ кунанд”. Доктор Ричард Пееперкорн, раҳбари иҷроияи ин барномаи СММ гуфт, ки ба иттилои онҳо маводи тиббӣ дар бемористони маҳаллӣ камчин мешавад ва мардум бо далелҳои ноамнӣ наметавонанд осебдидаҳоро барои муолиҷа биёранд. Ӯ инчунин хабар дод, ки захираҳои ғизо дар шаҳр торафт кам мешавад.

Ҳукумати рӯ ба ғарби Кобул баъди аз кишвар рафтани нирӯҳои НАТО дар соли 2014 ғолибан ба танҳоӣ ва бо истифода аз нирӯҳои маҳаллӣ бо ҷангиёни шӯришӣ муқобила мекунад.

Моҳи май Толибон шаҳри ғарбии Фараҳро ҳадаф қарор доданд. Баъди як рӯзи ҷангҳои мунтазам, талошҳои фармондеҳони артиши Афғонистон ва ҳам амалиёти ҳавоии амрикоиҳо боис шуд, ки шӯришиён шаҳрро тарк кунанд.

Назари хонандагон

New Comments Available

Агар сухане, назаре ё хабаре доред, ба мо занг занед ё SMS (паёмак) фиристед:

Дар Душанбе:

+992 988 65 94 63
+992 988 65 94 64

Дар Прага:

+420 724 053 959

Машваратдодашуда

XS
SM
MD
LG