Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Президенти Афғонистон бо Толибон оташбаси семоҳа эълон кард


Ашраф Ғанӣ, раиси ҷумҳури Афғонистон мегӯяд, ҳозир аст то рӯзи 19-уми ноябр, ки зодрӯзи паёмбари ислом аст, дар ҷангҳо бо Толибон оташбас, барқарор шавад. Амрико аз ин тасмим истиқол кардааст. Оташбас ба ин шарт эълон шудааст, ки Толибон низ онро бипазиранд.

Оқои Ғанӣ рӯзи якшанбеи 19-уми август дар суханронӣ ба муносибати 99-уми солгарди истиқлоли Афғонистон гуфт, ки Толибон низ бояд оташбас кунанд. Раиси ҷумҳури Афғонистон гуфт, "сар аз фардо, душанбе, ки рӯзи Арафа аст, то рӯзи милоди набӣ ба шарти ин, ки Толибон низ дар ин аёми хуҷаста оташбасро эълом ва риоят намоянд ё то ҳар муддате, ки Толибон ба он пойбанд бошанд, оташбасро эълом мекунам."

Оқои Ғанӣ гуфт, ҷомеаи ҷаҳонӣ, кишварҳои исломӣ, созмонҳои ҷаҳонӣ ва афғонҳо аз оташбаси гузашта дар ҷараёни иди саиди Фитр бо гармӣ истиқбол карданд ва ба ҳамин хотир, бори дигар оташбас мекунад.

Дар ҳоле, ки ҳукумати Афғонистон оташбаси семоҳа эълом кардааст, вале гурӯҳи Толибон то ба кунун дар ин маврид чизе нагуфтаанд.

Ашраф Ғанӣ дар остонаи Иди Фитр оташбас эълон кард ва Толибон низ барои се рӯз аз набард даст кашида буданд. Раиси ҷумҳури Афғонистон дар он замон таъкид карда буд, "ҳар замоне, ки Толибон омода бошанд, ман ҳам омодаи тамдиди оташбас ҳастам."

Истиқболи ҷомеаи ҷаҳонӣ аз эъломи оташбас

Майк Помпео, вазири умури хориҷии Амрико шаби гузашта дар эъломия гуфт, "оташбаси гузашта нишондиҳандаи майли афғонҳо ба сулҳ буд ва умедвор аст ин бор оташбас, Афғонистонро ба самти субот ва амният бибарад."

Майк Помпео, вазири умури хориҷии Амрико.
Майк Помпео, вазири умури хориҷии Амрико.

Дар эъломия омадааст, ки Амрико ва дӯстонаш аз ин ибтикор ҳимоят мекунанд ва аз Толибон мехоҳанд дар ин иқдом шарик шаванд. Вазири умури хориҷии Амрико ҳамчунин гуфтааст, кишвараш омодааст, то шароитро барои музокироти ҳукумати Афғонистон бо Толибон фароҳам кунад, аз он ҳимоят намояд ва дар он саҳм бигирад.

Дабири кулли НАТО низ дар сафҳаи "Твиттер"-и худ аз эъломи оташбаси ҳукумати Афғонистон истиқол намуда ва навиштааст, ки аз Толибон мехоҳад ин оташбасро эҳтиром кунанд.

Ҳамлаҳои хунини Толибон пас аз оташбаси иди Фитр

Оташбаси Иди Фитр аввалин оташбаси расмӣ миёни ҳукумат ва Толибон дар 17 соли гузашта буд. Бо хатми ин оташбас, Толибон ҳамлаҳояшонро дубора оғоз карданд ва дар минтақаҳои зиёд аз шимол то ҷануби Афғонистон ба нерӯҳои амниятии афғон ҳамла карданд.

Шаҳри Ғазнӣ пас аз ҳамлаи Толибон.
Шаҳри Ғазнӣ пас аз ҳамлаи Толибон.

Ҳамлаи густурдаи Толибон ба шаҳри бостонӣ ва стратегии Ғазнӣ дар маркази Афғонистон, ки садҳо кушта ба ҷой гузошт, ҷанги ҷорӣ дар вилоятҳои Форёб ва Бағлон воқеъ дар шимоли Афғонистон, ки боиси кушта шудани даҳҳо тан аз нерӯҳои амниятии афғон шудааст, аз ҷумлаи ҳамлаҳои Толибон пас аз оташбаси гузашта мебошанд.

Дар маросими солгарди истиқлоли Афғонистон Абдуллоҳ Абдуллоҳ, раиси иҷроияи ҳукумати ваҳдати миллии он кишвар низ сӯҳбат кард ва ҳамлаҳои ахири Толибон ёд намуд. Абдулло Абдуллоҳ гуфт, оташбаси ҳукумат ба шарти риояи оташбас аз сӯи Толибон хоҳад буд ва нерӯҳои аниятӣ омодаи дифоъ низ мебошанд.

Вай гуфт, "агар тарафи муқобил, ки дар ҷанг аст, онҳо ҳам риоя кунанд, оташбас дорем. Агар муроот накунанд, мутаассифона оташбас маънои худро аз даст медиҳад. Аммо дар айни ҳол, омода будани нерӯҳои дифоӣ ва амниятии мо дар дифоъ аз ин сарзамин ва тақвияти ваҳдати миллӣ, тазминкунандаи ояндаи беҳтари кишвари мо хоҳад буд."

Толибон хомӯшанд

Дар ҳоле, ки ҳукумати Афғонистон оташбаси семоҳа эълом кардааст, вале гурӯҳи Толибон то ба ҳол дар ин маврид чизе нагуфтаанд. Мулло Ҳайбатуллоҳ, раҳбари ин гурӯҳ рӯзи шанбе дар як эъломия аз пазируфтан ё адами пазируфтани оташбас чизе нагуфт, вале ба гуфтугӯҳо бо Амрико таъкид кардааст.

Раҳбари Толибон дар ҳоле омодагиашро ба музокирот бо Амрико иброз доштааст, ки бар асоси гузоришҳо, намояндаи Толибон дар моҳи июл бо муовини вазири умури хориҷии Амрико мулоқот ва гуфтугӯ карда буданд.

Мақомоти Узбекистон ҳам тасдиқ карданд, ки ахиран намояндагони гурӯҳи Толибон ба Тошканд сафар намуда ва дар бораи раванди сулҳ дар Афғонистон гуфтугӯҳое сурат гирифтааст.

Шарҳҳоро бинед (3)

Ин баҳс баста шудааст.

Назари хонандагон

Шарҳи нав расид
Идома
XS
SM
MD
LG