Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар Ғазнӣ чӣ мегузарад? ВИДЕО


Задухӯрди нирӯҳои давлатӣ ва ҷангҷӯёни Толибон барои пурра зери назорат гирифтани шаҳри Ғазнӣ, дар шарқи он кишвар, вориди рӯзи севум шуд. Шаҳри Ғазнӣ маркази вилояти ҳамномаш аст, ки дар байни Кобулу Қандаҳор ҷой дорад.

Носир Аҳмад Фақирӣ, узви Шӯрои вилоятии Ғазнӣ, рӯзи 12-уми август гуфт, даргириҳои нав субҳи якшанбе дар наздикии идораи пулису амният ва ҳукумат рух дод. Аминуллоҳ Комронӣ, муовини раиси Шӯрои вилоятӣ низ гуфт, танҳо идораи пулису ҳукумат ва чанд ниҳоди дигар таҳти назорати нирӯҳои афғон аст. "Бақия таҳти назорати ҷангҷӯёни Толибон мебошад", - афзуд ӯ.

Муҳаммад Родманиш
Муҳаммад Родманиш

Бо онки се рӯз боз шабакаҳои мухобиротӣ дар шаҳри Ғазнӣ кор намекунад, аз тарафи мақомоти ҳукуматӣ ва Толибон дар мавриди вазъияти шаҳр гузоришҳои зидду нақиз мерасад.

Генерал Шариф Яфталӣ, сардори Ситоди генералии нирӯҳои мусаллаҳи Афғонистон, пас аз зуҳри 12-уми август дар нишасти хабарӣ дар Кобул гуфт, амалиёти поксозии шаҳри Ғазнӣ аз ҳузури Толибон идома дорад. Яфталӣ гуфт, нуқтаҳои муҳим ва калидии шаҳри Ғазнӣ зери идораи нирӯҳои амниятии афғон аст ва интизор меравад то ду рӯзи дигар вазъияти шаҳр тағйир ёбад.

Толибони афғон мехоҳанд шаҳри Ғазниро ишғол намоянд
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:01:43 0:00

Вай афзуд, “умед дорем, ки дар ду рӯзи оянда тавонем вазъияти Ғазниро ба шакли куллӣ тағйир диҳем ва оромишу суботро дар ин вилоят ба миён оварем. Мақоми вилоят, идораи пулис, маҳбас, раёсати амнияти миллӣ ва марказҳои асосии артиши миллӣ дар ихтиёри нерӯҳои амният ва дифоии Афғонистон аст.”

Як рӯз пеш Вазорати дифои Афғонистон гуфта буд, ҳамлаҳои гуруҳи Толибон болои шаҳри Ғазнӣ саркӯб шуда, вазъият дубора ба ҳолати одӣ баргаштааст. Муҳаммад Родманиш, муовини сухангӯи Вазорати дифои Афғонистон, дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, пас аз расидани нирӯҳои вижа вазъияти Ғазнӣ ба ҳолати пешинааш баргашт.

  • "Рӯзи гузашта мо қисмҳои худро ба Ғазнӣ фиристодем ва ҳоло вазъият таҳти назорат аст. Мо ба андозаи тавони худ омодагӣ гирифтем, то дар Ғазнӣ камарбанди маҳкам бисозем. Амалиёти мо дар ҷойҳое, ки душман гурехатаст, идома дорад", - афзуд ӯ.

Шаби ҷумъаи гузашта Толибон болои шаҳри Ғазнӣ ҳамла карда, ба гуфтаи сухангӯяш, бахшҳои муҳими он шаҳрро таҳти тасарруф даровардаанд. Аммо Фарид Аҳмад Машъал, фармондеҳи полиси Ғазнӣ рӯзи гузашта дар суҳбат бо расонаҳо ин иддаои Толибонро беасос хондааст.

Наҷиб Дониш, сухангӯи Вазорати корҳои дохилии Афғонистон, низ рӯзи 11-уми август дар як нишасти хабарӣ дар Кобул гуфт, дар ҳамлаи Толибон бар Ғазнӣ беш аз 150 ҷангҷӯ ва 26 нирӯи амниятии афғон кушта шуданд. Ҳарчанд оқои Дониш гуфт, ки дар ин ҳамла як хабарнигор ҳам кушта шуд, ҷузъиёти бештар надод.

Баръзе аз рӯзномаҳои ғарбӣ ҳамлаи Толибонро бар шаҳри Ғазнӣ нигаронкунанда донистаанд, ки ин вилоят аз шаҳри Кобул фосилаи чандон зиёд надорад. Бо ин ҳама, Аминуллоҳ Комронӣ, муовини раиси Шӯрои вилоятии Ғазнӣ мегӯяд, ҳанӯз ҳам дар гӯшаву канори шаҳр ҳаракати Толибон дида мешавад. Ӯ гуфт, “дар нуқтаҳои дурафтодаи шаҳр ҷанҷолҳо вуҷуд дорад, Нирӯҳои афғон талош мекунанд, мухолифонеро, ки дар хонаҳо ҳастанд, боздошт намоянд.”

Дар айни ҳол бархе аз намояндагони мардуми Ғазнӣ дар Вулуси Ҷирга интиқод мекунанд, ки ба хотири адами таваҷҷуҳи ҳукумат вазъияти Ғазнӣ рӯ ба харобӣ овардааст. Онҳо рӯзи шанбе дар як нишасти хабарӣ дар Кобул гуфтанд, дар мавриди таҳдидҳои Толибон бар шаҳри Ғазнӣ борҳо ба ҳукумат хабар додаанд. Аммо, ба қавли онҳо, ҳукумат ба суҳбати онон гӯш намекунад ва Толибон болои шаҳри Ғазнӣ ҳамла намуданд, ки дар натиҷа мардуми одӣ зарар диданд.

XS
SM
MD
LG