Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҷанг дар шаҳри Мисротаи Либия авҷ гирифтааст


Бо авҷ гирифтани ҷангҳо дар шаҳри муҳосирашудаи Мисрота дар Либия теъдоди қурбониёни ҳамлаҳои нерӯҳои вафодор ба Муаммар Қаззофӣ афзоиш ёфтааст. Бовар меравад, ки дар Мисрота, ки хонаи 300 ҳазор нафар ва саввумин шаҳри бузурги Либия аст, дар натиҷаи муҳосира ва ҳамлаҳо садҳо нафар кушта шудаанд. Мисрота бузургтарин такягоҳи шӯришиён дар ғарби Либия аст ва дар онҷо ҳазорон муҳоҷири кории хориҷӣ низ банд мондаанд. Нерӯҳои Қаззофӣ ба шиддат ба ин шаҳр шиллик мекунанд, бо вуҷуди ин шӯришиён гуфтаанд, дар ин минтақа ба пешравӣ ноил шудаанд. Бритониё, Фаронса ва Итолиё гуфтаанд, барои роҳнамоӣ ва машварат ба шӯришиён гурӯҳҳои хурди мушовирони низомии худро ба Либия мефиристанд.
XS
SM
MD
LG