Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

СММ долони интиқоли ғизоро ба Либия боз кард


Дафтари ғизои СММ мегӯяд, ки интиқоли захираҳои хӯрокро тавассути долони тоза бозшуда аз самти ғарбии Либия шурӯъ кардааст. Дар изҳороти ин созмон гуфта мешавад, ки долони нав имкони ирсоли ғизои кофӣ барои таъмини якмоҳаи 50 ҳазор сокини ин кишварро фароҳам меорад. СММ мегӯяд, ки рӯзи душанбе корвони мошинҳои интиқолдиҳандаи ғизо тавассути Тунис вориди Либия шуданд.

Ғизо, қарор аст, ба сокинони осоиштаи чандин шаҳри маҳаллӣ, аз ҷумла Триполӣ тавассути Созмони Салиби сурхи Либия дастрас шавад. СММ мегӯяд, ки тибқи ваъдаи Либия, кормандони имдодрасон бояд ба маҳлаҳои таҳти назари ҳукумат бидуни маҳдудият дастрасӣ пайдо кунанд.
XS
SM
MD
LG