Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Шарти Исроил барои оташбас дар Ғазза. ҲАМОС қабул надорад


Исмоил Ҳания, раҳбари дафтари сиёсии ҲАМОС дар Қоҳира
Исмоил Ҳания, раҳбари дафтари сиёсии ҲАМОС дар Қоҳира

Рӯзи дуюми музокироти отшабас дар Ғазза миёни кишварҳои миёнарав ва ҲАМОС ҳанӯз натиҷае надодааст.

Ин музокирот дар Қоҳира миёни намояндагони ҲАМОС, созмони террористӣ дар Аврупо ва Амрико ва намояндагони Қатару Миср, ки пешниҳоди Исроилро дар даст доранд, ҷараён дорад.

Қатар ва Миср ба намояндагони ҲАМОС пешниҳоди Исроил барои оташбас дар Ғазза ва раҳоии гаравгонҳоро баҳс мекунанд.

Оҷонсии “Франс 24” рӯзи 5-уми май хабар додааст, ки раҳбарони ин гурӯҳи фаластинӣ пойфишорӣ доранд, ки оташбас дар Ғазза бояд доимӣ бошад.

Исмоил Ҳания, раҳбари дафтари сиёсии ҲАМОС гуфтааст, ки созиши оташбасро замоне мепазиранд, ки таҷовузи Исроил дар Ғазза поён ёбад ва оташбаси доимӣ ҳукмфармо гардад.

Исроил ба ҲАМОС пешниҳод кардааст, ки бар ивази раҳоии гаравгонҳо 40 рӯз оташбас эълон мекунад, иҷоза медиҳад, ки сокинон ба шимоли Ғазза баргарданд, қисме аз маҳбусони фаластиниро аз зиндонаш раҳо мекунад ва нерӯҳояшро аз долоне, ки ҷанубу шимоли Ғаззаро аз ҳама ҷудо мекунад, берун мебарад.

ҲАМОС тақозо дорад, ки бояд на 40 рӯз, балки дар Ғазза оташбаси доимӣ эълон шавад ва нерӯҳои Исроил ин минтақаро тарк кунанд. Пешниҳоде, ки Исроил қабул надорад ва мегӯяд, то нобудии ҲАМОС пас аз тамом шудани мӯҳлати оташбас меҷангад.

Бенямин Нетаняҳу, рӯзи 5-уми май бори дигар такрор кард, ки то ҲАМОС нобуд нашавад ва гаравгонҳо раҳо нагарданд, оташбаси доимӣ дар Ғазза нахоҳад шуд.

Исроил аз ҲАМОС мехоҳад, ки 130 гаравгонро раҳо кунад, вале кафолати оташбаси доимиро намедиҳад. Энтони Блинкен, вазири корҳои хориҷии ИМА пешниҳоди Исроил ба ҲАМОС дар мавриди оташбасро “саховатмандии фавқулодда” номидааст.

Исроил ҳушдор додааст, ки агар шартҳояшро ҲАМОС барои оташбас напазирад, ба Рафаҳ, охирин паноҳгоҳи фаластиниён дар Ғазза ҳамла мекунад. Созмони Милали Муттаҳид ва Амрико аз Исроил хостаанд, ба Рафаҳ ҳамла накунад, чун одамони зиёди бегуноҳ кушта хоҳанд шуд.

Рафаҳ дар марзи Миср ҷойгир аст ва ҳазорон фаластинӣ онҷо паноҳгоҳ ёфтаанд.

Исроил пешниҳодҳояшро ба ҲАМОС аз тариқи Миср ва Қатар мерасонад ва бо ин гурӯҳ ҳеч робитаи мустақим надорад. Ҳоло дар Қоҳира, пойтахти Миср намояндагони ҲАМОС ва кишварҳои миёнарав музокирот барои оташбас дар Ғаззаро давом медиҳанд.

Дар ҳоле, ки гуфтугӯ барои оташбас дар Қоҳира идома дорад, Исроил ҳамла ба Ғаззаро бо вуҷуди интиқодҳои байналмилал қатъ накардааст. Бар асари ҳамлаҳои Исроил дар Ғазза беш 34 ҳазор нафар кушта ва зиёда аз 78 ҳазор нафар маҷрӯҳ шудааст. Аксари кушташудаҳо занону кӯдакон будаанд.

ҲАМОС рӯзи 7-уми октябри соли гузашта ба минтақаҳои таҳти назорати Исроил ҳамла кард ва беш 1200 нафарро кушта, зиёда аз 200 нафарро гаравгон гирифт. Исроил барои маҳви ҲАМОС ба Ғазза ҳамла кард.

Созмонҳои байналмилалӣ Исроилро барои қатли занону кӯдакон сахт танқид мекунанд. Созмони миллали Муттаҳид мегӯяд, Исроил аҳолии Ғаззаро дар гуруснагӣ нигаҳ медорад ва дар ин минтақа мардум аз нарасидани обу ғизо азият мекашанд. Кишвари Африқои Ҷанубӣ аз Исроил барои наслкушӣ ба додгоҳи байналмилалии Лоҳа шикоят карда буд. Исроил мегӯяд, аз ҳаққи худ ҳимоят мекунад.

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG