Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар Брюссел Маркази фарҳанги тоҷикон ташкил шуд


Дар шаҳри Брюссел бо ибтикори ҳуқуқдони маъруф Дирк Ванденпут, созмони тоҷикони муқими Белгия, Ҳуланд ва Люксембург ва сафорати Тоҷикистон дар Брюссел Маркази фарҳангии тоҷик ташкил шуд.

Дар ин бора хабаргузории “Азия-плюс” бо такя ба вазорати умури хориҷии Тоҷикистон иттилоъ додааст.

Дар ҷаласаи муассисон Дирк Ванденпут ва шаҳрванди собиқи Тоҷикистон Толия Тоҳирова ҳамраисони Марказ интихоб шуданд.

Ба иттилоъи манбаъи хабаргузорӣ, ҳадафи Марказ – тарғиби таъриху тамаддуни бостонӣ ва фарҳанги ғании тоҷикон дар Аврупо ва ба роҳ мондани ҳамкориҳои дуҷониба дар бахши фарҳангу санъат ва эҷодиёти мардумист.

Раҳбарони Маркази фарҳанги тоҷикон дар кишварҳои узви Иттиҳодияи Аврупо намоиши асарҳои рассомону суратгарон, ҳунарнамоии устодони санъат ва гурӯҳҳои мардумиро ташкил карданианд.
XS
SM
MD
LG