Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мақомот: "Барқи Туркманистон ба Тоҷикистон омад"


Мақомоти вазорати энержию саноати Тоҷикистон мегӯянд, интиқоли барқи Туркманистон ба Тоҷикистон шурӯъ шуд. Ба қавли манбаъ, барқи туркманӣ аз тариқи хатҳои барқгузари Узбакистон вориди Тоҷикистон мешавад, аммо ҳаҷми барқи ворида камтар аз интизорот будааст ва як миллион киловатт соат дар як шабонарӯзро ташкил медиҳад. Қарор аст то моҳи марти соли 2008 Туркманистон ба Тоҷикистон 1 миллиарду 200 миллион киловот соат нерӯи барқ таҳвил диҳад. Барқи ворида аз Туркманистон асосан барои бароварда сохтани эҳтиёҷоти корхонаи алюминиуми Тоҷикистон – Талко масраф мешудааст. Тафсилоти бештар дар идома барнома.

XS
SM
MD
LG