Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Натсистони навбаромад муваффақ нашуданд


Полиси Ҷумҳурии Чех иттилоъ медиҳад, ки 250 нафар дар иртибот бо задухӯрди гурӯҳҳои натсистони навбаромад боздошт шудаанд. Дирӯз неонатсистон мехостанд, дар назди маркази яҳудии шаҳри Прага раҳпаймоӣ кунанд, вале полис онҳоро ба он ҷо роҳ надод. Дар бархӯрди миёни гурӯҳҳои неонатсист бо як гурӯҳ, ки худро ҷумбиши зиддифашистӣ меномад ва ҳамчунон гурӯҳҳои чапгаро камаш шаш кас ҷароҳат бардоштанд. Бархӯрди шанбеи даҳуми ноябр дар солгарди ҳамлаи фашистон ба хонаҳову ширкатҳои зери назорати яҳудиён ба амал омад. Шаби даҳуми ноябри соли 1938 натсистон дар қаламрави Олмон ва бахше аз Австрия хонаву ширкатҳои яҳудиёнро тору мор карда буданд.

XS
SM
MD
LG