Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Интиқоди дигарбораи Никола Саркозӣ аз Русия


Раиси ҷумҳури Фаронса Русияро муттаҳам кард, ки ба қавли вай мушкилоти ҷаҳониро "печидатар" месозад. Ҳангоми гуфтӯгу бо донишҷӯён дар пойтахти Булғористон дар шаҳри София вай гуфт, кишварҳои бузург бояд дарк кунанд, ки масъулият доранд, то дар ҳалли мушкилоти ҷаҳонӣ кумак расонанд. Никола Саркозӣ Русияро ба он муттаҳам кард, нафту газро ҳамчун аҳром барои таҳмили иродаи худ ба Аврупро истифода мебарад. Қарор аст, Никола Саркозӣ ҳафтаи оянда ба Русия сафар кунад.

XS
SM
MD
LG