Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Вокуниши Амрико ба тасмими хуруҷи низомиёни англис аз Ироқ


УХ

Маъмурияти Буш гуфт, ки тасмими Бритониё барои шурӯъи берункашии 1600 нирӯяш аз Ироқ ба он ишора дорад, ки дар вогузории масъулият ба дӯши ироқиҳо пешрафте ҳосил шудааст. Вазири умури хориҷаи Амрико Кондализа Райс гуфт, ки эътилофи таҳти раҳбарии Амрико дар Ироқ дастнохӯрда боқӣ мемонад ва таъкид кард, ки Бритониё дар ҷануби Ироқ ҳазорҳо дигар нирӯҳои худро нигаҳ хоҳад дошт. Қонунгузорони ҳизби мухолифи демократӣ, ки Конгресси Амрикоро таҳти назари худ қарор додаанд, аз раиси ҷумҳурӣ Ҷорҷ Буш даъват карданд, ки аз барномаи Бритониё дар хуруҷи нирӯҳо пайравӣ кунад.





Тони Блэр, нахуствазири Бритониё гуфт, ки дар моҳҳои наздик шумори нирӯҳояшро дар Ироқ ба андозаи 1600 нафар коҳиш хоҳад дод. Феълан дар Ироқ, ғолибан дар ҷануби ин кишвар 7100 сарбози бритониёӣ ҳизмат мекунанд. Блэр гуфт, ки парлумон ва баъзе сарбозон дар Ироқ то соли 2008 боқӣ хоҳанд монд ва онҳо ба қавли Блэр кори зиёде доранд, ки бояд анҷом шавад.




Блэр гуфт, ки нирӯҳои бритониёӣ масъулияти таъмини амниятро ба ҳамтоёни ироқиашон вогузор кардаанд ва нирӯҳои боқимондаи бритониёӣ вазифаи кӯмаккунандаро ба артиши ироқӣ иҷро хоҳанд кард. Вай гуфт: "Нирӯҳои бритониёӣ, ки дар Ироқ боқӣ мемонанд, чунин вазифа хоҳанд дошт: омӯзиш ва кӯмак ба нирӯҳои ироқӣ, таъмини амнияти марзи Ироқу Эрон ва роҳҳои интиқоли озуқа, ва гузашта аз ин ҳама, онҳо бояд маҳорати анҷоми амалиёт алайҳи гурӯҳҳои тундравро дошта бошанд ва дар сурати дархости кӯмак аз ҷониби артиши ироқӣ бояд сари вақт дар канори онҳо ҳозир бошанд"




Блэр гуфт, ки нишонаҳое мавҷуданд, ки ҳукумати Сурия барои кӯмак ба Ироқ омодагӣ нишон додааст. ИМ Сурияро дар он муттаҳам кардааст, ки ба шӯришиёни Ироқ кӯмак мекунад. Дик Чейнӣ, муовини раиси ҷумҳурии Амрико эълони Блэрро истиқбол кард ва гуфт, ки коҳиши шумори нирӯҳо ба он ишора дорад, ки дар Ироқ корҳо ба хубӣ ҷараён мегирад. Кандализа Райс, вазири умури хориҷаи Амрико дар Берлин гуфт, ки нирӯҳои эътилоф дастнохӯрда боқӣ мемонанд.
XS
SM
MD
LG