Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Оғози фаъолияти "Помир Медиа" дар Бадахшон


Дар маркази устони Бадахшон оҷонсии иттилоъотии «Помир Медиа» ба фаъолият шуруъ кард.


Масъули оҷонсӣ журналист Қурбони Аламшоҳ мегуяд, ки аз назари вай фазои иттилоъотии Бадахшон бино ба мушкилоти ҷуғрофиёию мухобиротӣ ва адами нашрияҳои озод дар минтақа ҳануз ҳолати монанд ба инзиворо аз сар мегузаронанд.

Вай ҳадафи таъсиси чунин як оҷонсиро бо роҳи интишори матолиби ҷолибу фаврӣ оиди паҳлуҳои мухталифи ҳаёти сиёсиву иқтисодӣ ва иҷтимоию фарҳангии Бадахшон, мусоидат кардан ба беҳтаршавии вазъи иттилоърасонӣ дар минтақа арзёбӣ кард. Вай гуфт:


"Расонаҳои хабарии маҳаллӣ бештар ба тарғибу ташвиқ сару кор доранд ва ҳаёти воқеъиро кам инъикос мекунанд. Оиди Бадахшон дар расонаҳои хабарии хориҷӣ матолиби бештар ба нашр мерасад.Оҷонсӣ ба ғайр аз маркази устон дар маҳаллоти дурдасти Бадахшон низ хабарнигорони худро дорад, дар ҳоле ки ягон расонаи хабарии минтақа дар навоҳии он хабарнигор надоранд, бо истиснои радиои Бадахшон, ки он ҳам фақат дар ноҳияи Дарвоз як нафар хабарнигор дорад".


Бино ба гуфтаи Ифтихор Миршакаров як тан аз хабарнигорони оҷонсӣ дар қиёси расонаҳои хабарии маҳаллӣ фаъолият дар оҷонсӣ барояш имконияти бештари пахш намудани иттилоъоти фаврӣ ва озодро фароҳам сохтааст.
Аммо ба ақидаи Фаррухи Саидҳасаншоҳ-хабарнигори маҳаллии Би-би-си фаъолияти оҷонсӣ ба боло бурдани рақобат дар бозори эчодии минтақа мусоидат мекунад.


Вай гуфт:«Ба андешаи ман таъсиси Оҷонсии иттилоотии ҷадид, ки нахустин оҷонсӣ дар Бадахшон аст, як падидаи хуб аст ва дар миёни васоити ахбори минтақа рақобатро ба миён хоҳад овард. Бидуни рақобат ва сабкат пешрафт нест».


Оҷонсӣ бо ибтикори бунёди ҷамъиятии «Помир» ва Дастгирии молии Бунёди Сорос таъсис дода шудааст. Масъули оҷонсӣ мегуяд, ки онҳо маҳсули эчодиашонро дар ихтиёри ашхос ва ташкилоту муассисаҳои манфиатдор дар қаламрави вилоят ва ҷумҳурӣ қарор медиҳанд ва ҳамкориро бо манотиқи ҳамҷавор бо Бадахшони Тоҷикистон густариш хоҳанд дод.
Мирзоҷалоли Шоҳҷамол, Хоруғ.
XS
SM
MD
LG