Як гурӯҳи мусаллаҳ имрӯз (12 - уми сентябр) бо истифода аз туфанг, норинҷак ва ҳадди аққал як мошини ҳомили маводи тарканда кӯшиш кард, то сафорати Амрико дар шаҳри Димишқро иҳота кунад.
Дар ин ҳамла чаҳор нафар - як ҳуҷумкунанда ва як афсари хадамоти амнияти Сурия кушта шуданд.
Ҳамлагари чаҳорум замхӣ шуд ва ҳоло дар боздошт аст. Ҳамчунин як дипломати ҷумҳурии Чин низ ҷароҳати сабук бардоштааст. Тибқи хабарҳо, дар ин ҳуҷум ҳеҷ амрикоӣ осеб надидааст.
Вазири корҳои дохилии Сурия Абдулмаҷид ҳуҷум ба сафоратро "ҳамлаи террористӣ" арзёбӣ кард. Ӯ гуфт, "рӯшан аст, ки ҳуҷумкунандагон маҳз сафорати Амрикоро ҳадаф қарор додаанд. Ин як гурӯҳи террористӣ буд, вале ҳувияти онҳо ҳанӯз дақиқ нашудааст. Тафтиш идома дорад ва дар ҷараёни он маълумоти бештар ошкор хоҳад шуд."
Вазири корҳои хориҷии Амрико Кондолиза Райс гуфт, ки Вошингтон аз ҷавоби Сурия ба ҳамла ба сафорати Амрико сипосгузор аст.
Як дипломати баландпояи Амрико низ изҳор намуд, ҳанӯз маълум нест, ки масъули ҳамла болои сафорат кӣ буд.