Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Исроил ва Лубнон - 'омодаи оташбас'


Давлатҳои Исроил ва Лубнон ишора кардаанд, ки омодаи пазириши қатъномаи Созмони Милал барои барқарории оташбас дар Ховари Миёна ҳастанд. Ба гуфтаи мақомоти исроилӣ, нахуствазир Эҳуд Олмерт ҳозир аст рӯзи якшанбе (13 август) аз кобинеи худ бихоҳад, ки қатъномаро бипазирад. Ҳамин мақомот мегӯянд, ки Исроил то замони тасвиби ин қатънома амалиёти низомии худ алайҳи Ҳизбуллоҳро мутаваққиф нахоҳад кард.


Хабаргузориҳо ба нақл аз мақомоти Лубнон менависанд, ки интизор меравад давлати он кишвар низ қатъномаи Шӯрои Амнияти Созмони Милалро бипазирад.


Ба гуфтаи диплумотҳо, интизор меравад ба зудӣ аъзои Шӯрои Амният дар мавриди пешнависи қатъномаи барқарории оташбас ҷанги якмоҳаи миёни Исроил ва Ҳизбуллоҳ раъй бидиҳанд..


Хабаргузориҳо ҳамчунин гузориш додаанд, ки пешнависи қатънома истиқрори ҳудуди 15 000 посдори сулҳи Созмони Милал дар ҷануби Лубнонро пешбинӣ кардааст. Қарор аст ин нирӯҳо ҷиҳати барқарории оташбас ба артиши Лубнон кумак кунанд. Пешнависи қатънома аз ҳар ду тарафи даргир мехоҳад, ки хушунатҳоро ба таври комил мутаваққиф кунанд.
XS
SM
MD
LG