Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Амалиёти пурбори "Канал - 2006»


Дар пайи анҷоми давраи аввали як амалиёти вижаи Ожонсии мубориза алайҳи маводи мухаддири Тоҷикистон мавсум ба « Канал»-2006 беш аз 250 килограм маводи мухаддир кашфу мусодира шудааст. Бино ба иттилоъи дафтари матбуъотии Ожонсии мубориза бо маводи мухаддири Тоҷикистон аз ин миқдор 129 килограми онро маводи сахттаъсири ҳероин ташкил медиҳад. Дафтари матбуъотии бунгоҳи мазкур мегӯяд зимни амалиёти вижаи «Канал» - 2006 105 ҷинояти марбут ба қочоқ ва гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ошкор ва ҳамзамон дар ин замина 11 нафар афроди муртабит ба гурӯҳҳои гуногуни қочоқбар боздошт шудааст. Ҳамчунин гуфта мешавад дар натиҷаи ин амалиёт аз аъзои гурӯҳҳои қочоқбар 12 силоҳи оташфишон ва беш аз 90 адад тиру муҳимот мусодира шудааст.
Марҳалаи аввали амалиёти «Канал»- 2006 бар асоси тасмими сарони кишварҳои узви Паймони амнияти дастаҷамъӣ муштаракан дар қаламрави ин кишварҳо анҷом пазируфтааст. Ҳадафи ин амалиёт кашф ва ҷилавгирӣ аз қоҷоқ ва вуруди маводи мухаддир ба қаламрави кишварҳои узви Паймони амнияти дастаҷамъӣ ба шумули Русия, Қазоқистон, Қирғизистон, Тоҷикистон, Белоруссия ва Арманистон арзёбӣ мешавад.
XS
SM
MD
LG