Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Шумораи расмии бекорон наздик ба 43 ҳазор нафар эълон шуд


Вазорати ҳифзи иҷтимоии Тоҷикистон мегӯяд, пас аз санҷиши дархостҳои афроди ба марокизи шуғли аҳолӣ муроҷиат намуда ба 42 ҳазору 800 нафар мақоми расмии бекор дода шуд. Ба қавли Муртазо Бурҳонов, муовини аввали раиси хадамоти давлатии шуғли аҳолии Тоҷикистон, акнун онҳое, ки мақоми расмии бекор гирифтаанд, аз имтиёзоте ба мисли кӯмакпулӣ, ҷалб ба омӯзиши касбе ва гирифтани қарзи имтиёзнок бархӯрдор хоҳанд буд. Ҷаноби Бурҳонов гуфт, дар ним соли ахир ҳудуди шаст ҳазор нафар ба шӯъбаҳои шуғли аҳолӣ барои пайдо кардани ҷои кор муроҷиат кардааст. Муртазо Бурҳонов мегӯяд, мушкил дар ин аст, ки ба мо аслан ҷойҳои кори маошаш хеле пастро пешниҳод мекунанд ва бекорон намехоҳанд дар он ҷойҳо кор кунанд, аммо аз ҷониби дигар корҳое ҳам пешниҳод мешавад, ки маоши то 500 сомонӣ дорад, аммо чунин мутахассисони бекорро пайдо карда наметавонем.
Муртазо Бурҳонов гуфт, айни ҳол хадамоти давлатии ҳифзи иҷтимоӣ тарҳи барномаи вижаеро барои ба таҳсил фаро гирифтани занону ҷавонон дар омӯзишгоҳҳо таъмини теъдоди ҳарчӣ бештари бекорон бо кӯмакпулӣ таҳия кардааст ва рӯзҳои наздик ин тарҳ ҷиҳати баррасӣ ба ҳукумати кишвар пешниҳод хоҳад шуд.
Сафаргул Олимӣ, Душанбе
XS
SM
MD
LG