Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Амрико бархе аз ҳавопаймоҳои худро аз Ӯзбакистон хориҷ мекунад


Латифи Латиф

Иёлоти Муттаҳида баъд аз маҳдудиятҳои нави ҳукумати Ӯзбакистон бахше аз ҳавопаймоҳои ҷангии худро аз пойгоҳи ҳавоӣ дар Хонободи Ӯзбакистон хориҷ карда, онҳоро ба Баграми Афғонистон ва Манаси Қирғизистон интиқол дод. Намояндаи вазорати дифоъи Амрико Брайан Витман ба хабарнигорон гуфт, Ӯзбакистон, аз ҷумла парвозҳои шабонаро аз фурудгоҳи Хонобод манъ кардааст. Ин хабарро рӯзномаи "Вашингтон Пост" низ нашр намуда, менависад, аломатҳои сардӣ бар пояи ихтилофи назари Амрико ва Ӯзбакистон дар масъалаи пажӯҳиши байнулмилалии рӯйдодҳои Андиҷон ба миён афтодааст. Вашингтон шумораи кушташудагонро дар Андиҷон зиёда аз 1000 нафар мешуморад, вале Тошканд мегӯяд, 173 нафар ба ҳалокат расидааст. Фурудгоҳи Хонобод дар Қаршии Ӯзбакистон, ки дар поёни соли 2001-ум ба ихтиёри нирӯҳои Амрико гузошта шуд, як омили густариши ҳамкориҳои Тошканду Вашингтон ба ҳисоб мерафт.
Латифи Латифӣ
XS
SM
MD
LG