Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

TEPCO: "Нерӯгоҳи Фукушима то охири сол дуруст мешавад"


Нерӯгоҳе, ки заминларзаву сунамӣ сахт осеб дид.
Нерӯгоҳе, ки заминларзаву сунамӣ сахт осеб дид.
Ширкати ТЕПКО-и Ҷопон, эълом кард, ки интизор дорад, вазъи нерӯгоҳи нимавайрони барқи атомии Фукушимаро то охири сол ба эътидол оварад. Тсунеҳиса Катсумата, мудири ширкат гуфт, онҳо қодиранд дар муддати се моҳ системаи хунуккунии нерӯгоҳро барқарор кунанд, ки ин ихроҷи олудагиҳо аз нерӯгоҳро кам хоҳад кард:" Қадами аввал, батадриҷ кам кардани мизони радиатсия аст ва қадами дуввум нигаҳ доштани маводи радиоактив зери контроли комил ва аз ин роҳ ба ҳадди камтарин коҳиш додани радиатсия." Ширкати Тепко умедвор аст, дар се моҳи баъд ихроҷи радиатсия аз нерӯгоҳи Фукушимаро, ки дар заминларза ва сунамии моҳи март башиддат осеб дид, комилан боздорад.
XS
SM
MD
LG