Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Идомаи намоишҳои эътирозӣ дар Сурия


Дар чанд шаҳри Сурия намоишҳои эътирозӣ аз сар гирифта шуданд.

Дар шаҳри Даръо, воқеъ дар ҷануби кишвар, ки он ҷо қаблан бархӯрдҳои шадиди эътирозгарон ва полис баргузор шуда буд, тақрибан 10 ҳазор нафар ба хиёбонҳо рехтанд.

Намоишҳои эътирозӣ ҳамчунин дар шаҳрҳои Байда ва Дума ва гирду атрофи Димишқ низ баргузор шуданд.

Бар пояи иттилоъи ҳомиёни ҳуқуқи башар, дар ҷараёни бенизомиҳо дар чанд ҳафтаи ахир беш аз 200 нафар ба ҳалокат расиданд.

Рӯзи панҷшанбе раисиҷумҳур Башор Асад ҳукумати навро таъин намуд ва амр кард, ки садҳо маҳбусони сиёсӣ озод карда шаванд.
XS
SM
MD
LG