Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дархости мухолифони Озарбойҷонро рад карданд


Шаҳрдории Боку пойтахти Озарбойҷон дархости расмии мухолифони давлат барои баргузории тазоҳурот дар маркази шаҳрро рад кардааст. Ба гузориши бахши озарии Радиои Озодӣ, Палатаи мардумӣ, як ҳаракати мухолиф аз мақомот хостааст, ба тарафдорони онҳо иҷоза диҳанд, ки аз ҷумла дар баробари қароргоҳи Ҳизби ҳокими Озарбойҷони нав рӯзи шанбе тазоҳурот кунанд, аммо ин дархост рад шудааст. Тайи як моҳи гузашта мақомоти интизомии Озарбойҷон ду маротиба нагузоштанд, тарафдорони мухолифин дар шаҳри Боку тазоҳурот кунанд ва чандин нафари онҳоро низ бо иттиҳоми вайрон кардани тартиботи ҷамъиятӣ ва муқовимат ба намояндаи давлат дастгир карданд.
XS
SM
MD
LG