Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мулоқоти Ҷинтао ва Медведев дар нишасти BRICS


Руасои ҷумҳуриҳои Чину Русия Ҳу Ҷинтао ва Дмитрий Медведев имрӯз дар шаҳри Саняи Чин дар ҳошияи нишасти сарони BRICS, ки 5 иқтисоди дар ҳоли рушдро муттаҳид мекунад, ҷиҳати тақвияти ҳамкориҳо дар соҳоти нафту энержӣ тааҳҳуд супурданд. Дар ин мулоқот масоили амнияти ҷаҳонӣ низ баррасӣ шудааст. Матбуоти давлатӣ аз қавли Ҳу Ҷинтао мегӯяд, ки Чин хостори тақвияти равобит бо Русия тавассути рушди лӯлаи дуввуми гази байни Русияву Чин ва тарҳҳои дигари энержист.
BRICS Бразилияву Русия, Ҳинду Чин ва Африқои ҷанубиро дар бар мегирад.
XS
SM
MD
LG