Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дидори қарибулвӯқӯъи Роберт Блейк ба Тоҷикистон


Роберт Блейк, муовини вазири умури хориҷаи Амрико дар умури Осиёи Ҷанубӣ ва Марказӣ ҳафтаи оянда барои дидору мулоқот бо раҳбарони Тоҷикистон вориди Душанбе мешавад. Ба навиштаи хабаргузории “Азия Плюс”, қарор аст, Роберт Блейк рӯзҳои 12 ва 13 апрел дар Душанбе хоҳад буд ва бо Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳур, масоили ҳамкориҳои иқтисодӣ, сиёсӣ ва амниятиро баррасӣ мекунад. Муовини вазири умури хориҷаи Амрико ҳамчунин дар муколамаи солонаи сиёсии Тоҷикистон ва Иёлоти Муттаҳида ширкат хоҳад кард.
XS
SM
MD
LG