Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Кушта шудани 6 нафар дар шаҳри Қандаҳор


Дирӯз дар шаҳри Қандаҳор вақте, ки афроди Толибон бамеро дар дохили як мошини ёрии таъҷилӣ мунфаҷир сохтанд, 6 корманди амниятӣ кушта шуд. Ҳамлакунандагон бинои полиси маҳаллиро ҳадаф қарор дода буданд. Хонмуҳаммад Муҷоҳид-раиси полиси Қандаҳор мегӯяд, ба эҳтимоли зиёд яке аз бамгузори интиҳорӣ ронандаи мошини ёрии таъҷилӣ будааст ва камарбанди худро замоне мунфаҷир сохтааст, ки як корманди полисро захмӣ кардааст. Ҷунбиши Толибон масъулияти ин ҳамларо бар дӯш гирифтааст.
XS
SM
MD
LG