Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Идомаи мурофиаи Вилдерс дар додгоҳи Амстердам


Имрӯз додгоҳи Амстердам ҳукм баровард, ки мурофиаи суханронии саршор аз нафрати вакили мардумии Ҳолланд-Герт Вилдерс идома ёбад. Сиёсатмадори мухолифи муҳоҷирон Вилдерс дини исломро шабеҳи фашизм дониста, манъи Қуръони шарифро талаб кардааст. Ҳизби Озодии Вилдерс аз пуштибонҳои ҳукумати муҳофизакори Ҳолланд аст. Ӯ мегӯяд, ки ягон амали мухолифи қонун накардааст ва тафсирҳояш дар бораи мусулмонон бахше аз мубоҳисаҳои шаръии сиёсӣ мебошад. Мухолифини Вилдерс таъкид мекунанд, ки паёмҳои ӯ боиси афзоиши табъизи мусулмонони Ҳолланд шудаанд.

XS
SM
MD
LG