Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Боздошти 49 муҳоҷир дар бозорҳои яклухтфурӯшии Петербург


Пулиси Петербург дар натиҷаи рейд дар бозорҳои яклухтфурӯшӣ 49 шаҳрванди хориҷиро барои вайрон кардани қонунҳои муҳоҷират боздошт кардааст.

Рейдҳо дар бозорҳои яклухтфурӯшии воқеъ дар кучаи "Софийская", хиёбонҳои "Непокорённих" ва "Петро-Славянка" сурат гирифта, дар маҷмуъ санадҳои беш аз 350 муҳоҷири корӣ санҷида шудааст.

Нозирони роҳи Петербург низ санадҳои 242 мошинеро санҷидаанд, ки аз сӯи хориҷиҳо идора мешуд. Шаш ронанда барои нақзи қоидаҳои ҳаракат ҷарима шудааст.

Дар пулиси Петербург гуфтанд, рейдҳо алайҳи муҳоҷирон баъди он гузаронида шуд, ки ду ҷавони 20-сола аз Осиёи Марказӣ як муҳоҷири 26-соларо аз кишвари ҳамсояи худ рабуданд. Онҳо муҳоҷирро латтукӯб карда, телефон ва 55 ҳазор рубли русиро аз корти бонкияш гирифтаанд.

XS
SM
MD
LG