Интихоботи бидуни нозирон, ҳабси чеҳраҳои маъруф, марги пайиҳами фаъолони помирӣ дар зиндон ва истирдоду ҳабси мунтақидони ҳукумати Тоҷикистон. Созмони Дидбони Ҳуқуқи Башар (Human Rights Watch) инҳоро намунаи ҷиддии поймоли ҳуқуқи одамон дар Тоҷикистон номида, мақомотро барои чунин рафтор танқид кардааст. Гузориш дар бораи вазъи ҳуқуқи инсон дар соли 2025 рӯзи 4-уми феврал нашр шуд.
ИНТИХОБОТИ БЕ НОЗИРОНИ БАЙНУЛМИЛАЛӢ
Муҳаққиқони Дидбони Ҳуқуқи Башар (Human Rights Watch) мегӯянд, интихоботи порлумонии моҳи марти 2025 дар Тоҷикистон, ки дар натиҷаи он аз 63 курсӣ 49-тоаш насиби ҳизби ҳокими халқии демократӣ ва боқимонда “аз ҳизбҳои хурди рӯ ба ҳукумат” гардид, “бори аввал аз замони ҷанги шаҳрвандӣ” бе иштироки нозирони мустақил баргузор гашт.
Дафтари ниҳодҳои демократии Созмони Амнияту Ҳамкорӣ дар Аврупо моҳи феврали 2025 гуфт, бо сабаби ин ки мақомот як моҳ пеш аз интихобот нозиронро сабтином накарданд, ночор кори ҳайаташро қатъ кард.
Дар гузориши Дидбони Ҳуқуқи Башар (Human Rights Watch) инчунин аз сабтином нашудани расонаҳои мустақил, бавижа Радиои Аврупои Озод/Радиои Озодӣ барои бозтоби интихобот ёдоварӣ шудааст.
САРКӮБИ ҶОМЕАИ МАДАНӢ
Гузориши Дидбони Ҳуқуқи Башар ба ҳабси чеҳраҳои маъруф дар Тоҷикистон, аз ҷумла, 18 сол зиндонӣ шудани Шокирҷон Ҳакимов, ҳуқуқдон ва муовини раиси Ҳизби сотсиал-демократ ҳамчун намунаи ин саркӯбҳо таваҷҷуҳ кардааст.
Ҳакимов ва собиқ вазири корҳои хориҷӣ Ҳамроҳхон Зарифӣ; раиси пешини Ҳизби демократ Саидҷаъфар Усмонзода; муовини раиси Ҳизби демократ Аҳмадшоҳ Комилзода; раиси собиқи Шӯрои олии Тоҷикистон Акбаршоҳ Искандаров ва сарҳанги мустаъфии КДАМ Нурамин Ғанизода аз 18 то 27 сол зиндон маҳкум гардиданд.
Онҳо шумори бе ин ҳам афзуни маҳбусони сиёсиро дар Тоҷикистон зиёд карданд. Дидбони Ҳуқуқи Башар мегӯяд, дар пайи қонуни бахшиши гуноҳе, ки моҳи март президент Эмомалӣ Раҳмон имзо карду 897 маҳбус ва боздоштшударо фаро гирифт, ҳеч рӯзноманигор, фаъоли маданӣ ва ё сиёсатмадори оппозитсионӣ набуд.
Соли 2025 ду рӯзноманигори дигар ба шумори зиндониҳои сиёсӣ афзуданд. Рухшона Ҳакимова, рӯзноманигор ва бародарзодаи Шокирҷон Ҳакимов, моҳи феврал ҳамроҳи чеҳраҳои маъруф дар як мурофиаи баставу ношаффоф ба 8 сол ҳабс маҳкум шуд. Аҳмади Иброҳим, сардабири нашрияи “Пайк” дар Кӯлоб, моҳи январи соли 2025 бо иттиҳоми пешниҳоди ришва ҳангоми сабтиноми дубораи нашрияаш ба 10 сол ҳабс маҳкум шуд.
Human Rights Watch мегӯяд, ин ҳукм ҳам дорои ангезаҳои сиёсӣ мебошад. Гузориш мегӯяд, ҳафт хабарнигору блогере, ки гузоришҳои танқидӣ нашр мекарданд, ҳамчунон дар зиндонанд. Бар асоси гузориш, дастикам шаш фаъоли ҷомеаи мадании помириҳо, аз ҷумла, Улфатхоним Мамадшоева ва Манучеҳр Холиқназаров дар зиндон боқӣ мондаанд.
Муҳаққиқони Дидбони Ҳуқуқи Башар аз марги панҷ зиндонӣ аз Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳам ёдовар шудаанд. Ҳамаи онҳо дар пайи саркӯби эътирозҳои соли 2022 дастгиру зиндонӣ шуда буданд. Гузориш мегӯяд, ба баъзе аз онҳо ёрии фаврии пизишкӣ расонида нашуд.
Зубайдуллоҳи Розиқ, узви 83-солаи ҳизби ҳоло дар Тоҷикистон мамнӯи наҳзат дар паи бемории тӯлонии дил дар зиндон даргузашт.
МОНЕАҲО БАРОИ АЗОДОРОНИ ИСМОИЛӢ
Гузориши Human Rights Watch мегӯяд, мақомот дар Тоҷикистон дар моҳи феврал нагузоштанд, ки пайравони маҳзаби исмоилия дар Хоруғу Душанбе дар сӯги Карим Оқохони 4 маросим барпо кунанд. Дар шаҳри Хоруғ, маркази маъмурии ВМКБ, садои баландгӯро хомӯш карда, мардумро таҳдид кардаанд, ки даст ба эътироз назананд. Дар маросими монанд дар шаҳри Душанбе нерӯи барқро хомӯш кардаанд. Мақомот моҳи июл варзишгарони исмоилимазҳабро нагузоштанд дар Бозиҳои исмоилӣ дар Дубай иштирок кунанд ва таҳдид ҳам карданд.
САРКӮБҲОИ ФАРОМИЛЛӢ
Муҳаққиқони созмони ҳомии ҳуқуқи инсон ба мавзӯи боздошту истирдоди мунтақидони ҳукумати Тоҷикистон дар хориҷ аз кишвар ҳам таваҷҷӯҳ кардаанд. Моҳи феврал Дилмурод Эргашев, паноҳҷӯ ва фаъоли мухолифон, баъди ҳабсаш дар моҳи ноябри соли 2024 дар Олмон ба Тоҷикистон истирдод ва ба ҳашт сол зиндон маҳкум гардид. Ӯро бо иттиҳоми “даъвати оммавӣ ба фаъолияти экстремистӣ” ҳабс карданд, дар ҳоле ки парвандаашро дорои ангезаҳои сиёсӣ меноманд.
Моҳи май як паноҳҷӯ ва мунаққиди дигари ҳукумат Фарҳод Неъматов аз Шветсия истирдод ва бо иттиҳоми узвият дар “Ҳизб-ут-таҳрир” ба ҳашт сол зиндон маҳкум шуд. Неъматов пеш аз ҳабс ҳама иттиҳомҳоро рад карда буд.
ПАНОҲҶӮЁНИ АФҒОНИСТОНӢ ВА МУҲОҶИРОНИ ТОҶИК
Гузориш ба сарнавишти паноҳҷӯёни афғонистонӣ дар Тоҷикистон ҳам таваҷҷӯҳ карда, мегӯяд, даҳҳо марду зану кӯдаконро бо зӯр аз кишвар ронданд ва ҳеҷ маълум нест, ки далели мақомот барои ихроҷи онҳо чӣ буд.
“Муҳоҷирони тоҷик дар Русия соли 2025, як сол баъди ҳамла ба толори консертии “Крокус сити ҳол” дар Маскав, ки муттаҳамони асосиаш тоҷикистониҳо мебошанд, бо фишору азияти афзоянда рӯбарӯ шуданд,” – гуфта шудааст дар гузориш.
Мақомот дар Русия маҳдудиятҳои иловагие барои кори муҳоҷирон дар ин кишвар ҷорӣ карда, аз ҷумла барои кор дар соҳаҳои муайян монеаҳое роҳандозӣ намуданд.
СОЗИШИ ТАЪРИХӢ
Human Rights Watch дар гузориши солонааш дар бахши арзёбии вазъи Қирғизистон ва Тоҷикистон имзои созишномаи марзиро миёни ду кишвар дар моҳи марти соли 2025 “созиши таърихӣ” номидааст. Гузориш мегӯяд, созиш баъд аз низоъҳои марзии солҳои 2021 ва 2022, замоне ки ҳарду кишвар эҳтимол даст ба ҷиноятҳои ҷангӣ задаанду аз ҳарду тараф даҳҳо нафар талаф шуд, имзо гардид.
Дар бахши тоҷикистонии гузориши Human Rights Watch омадааст, қарордоди мазкур аз ҷумла табодули қаламравҳо, мудирияти муштараки захираҳои об, ӯҳдадориҳои дуҷониба барои истифода накардан аз дронҳову васоили ҷангӣ ва нерӯро пешбинӣ мекунад.