Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Душанбе – мизбони қаҳрамонии CAFA миёни дастаҳои мунтахаби ҷавонон


Аз 9-ум то 15-уми август дар шаҳри Душанбе мусобиқоти қаҳрамонии Анҷумани футболи Осиёи Марказӣ (CAFA) миёни дастаҳои мунтахаби ҷавонони зери 19-сола баргузор мешавад. Дар ин бора ба Радиои Озодӣ аз Федеросиюни футболи Тоҷикистон хабар доданд.

Ба иттилои ин манбаъ, дар мусобиқоти қаҳрамонии CAFA-2019 дастаҳои мунтахаби ҷавонони зери 19-солаи панҷ кишвар - Афғонистон, Тоҷикистон, Туркманистон, Узбекистон ва Эрон – ширкат меварзанд.

Ҳамоҳангсози кулли ин мусобиқот дабири кулли Анҷумани футболи Осиёи Марказӣ Санҷар Ризоев аз Узбекистон ва ёвари ӯ Илдар Гарифулин аз Қирғизистон мебошанд. Умед Ҷамолӣ аз Эрон ва Михаил Толкачёв аз Қирғизистон комиссарони бозиҳо, Муҳсин Туркӣ аз Эрон ва Оллоҳберган Сапаев аз Туркманистон нозирони доварон таъйин шудаанд.

Ҳамаи бозиҳоро гурӯҳҳои ҳакамон аз шаш кишвар – Афғонистон, Қирғизистон, Тоҷикистон, Туркманистон, Узбекистон ва Эрон - доварӣ мекунанд.

Тоҷикистонро довари FIFA (Федеросиюни байналмилалии футбол) Сайёдҷон Зайниддинов аз Душанбе, инчунин ёвари довари FIFA Ҳамза Шоймардонов аз Хуросон намояндагӣ хоҳанд кард.

Дар доираи мусобиқоти қаҳрамонии CAFA-2019 миёни дастаҳои мунтахаби ҷавонони зери 19-сола ҳамагӣ даҳ бозӣ доир мегардад. Ҳамаи бозиҳо дар Варзишгоҳи марказии Душанбе баргузор мешаванд. Мусобиқот за рӯи системи даврӣ аз як давра иборат аст. Тими ғолиб аз рӯи имтиёзҳои бештари ба даст овардааш маълум хоҳад шуд.

Мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон ба рақобатҳо аз даври дувум шуруъ мекунад. Футболбозони тоҷик аввалин бозиро 10-уми август муқобили дастаи Туркманистон доир менамоянд. Баъдан 12-уми август бо дастаи Афғонистон, 13-уми август бо мунтахаби Узбекистон ва 15-уми август бо мунтахаби Эрон бозӣ хоҳанд кард.

Бояд гуфт, ки мусобиқоти қаҳрамонии CAFA-2019 миёни дастаҳои мунтахаби ҷавонони зери 19-сола яке аз марҳилаҳои омодагии мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон ба мусобиқоти интихобии қаҳрамонии Осиё-2020 мебошад, ки аз 2-юм то 6-уми октябри имсол дар Душанбе барпо мегардад. Мунтахаби Тоҷикистон бо раҳбарии сармураббӣ Зайниддин Раҳимов дар гурӯҳи «С» бо тимҳои Сурия, Лубнон ва Молдив рақобат мекунад.

Мусобиқоти қаҳрамонии CAFA-2019 миёни дастаҳои мунтахаби ҷавонон (U-19)

Даври 1-ум

9 август (ҷумъа)

17:00 – Афғонистон – Туркманистон

20:00 – Узбекистон – Эрон

Даври 2-юм

10 август (шанбе)

17:00 – Афғонистон – Узбекистон

20:00 – Туркманистон – Тоҷикистон

Даври 3-юм

12 август (душанбе)

17:00 – Эрон – Туркманистон

20:00 – Тоҷикистон – Афғонистон

Даври 4-ум

13 август (сешанбе)

17:00 – Эрон – Афғонистон

20:00 – Узбекистон – Тоҷикистон

Даври 5-ум

15 август (панҷшанбе)

17:00 – Туркманистон – Узбекистон

20:00 – Тоҷикистон – Эрон

Эзоҳ: ҳамаи бозиҳо дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Душанбе баргузор мешаванд.

Ёдовар мешавем, мусобиқоти қаҳрамонии Анҷумани футболи Осиёи Марказӣ (CAFA) миёни дастаҳои мунтахаби зери 16-сола, ки аз 26-уми июл то 1-уми августи соли равон дар шаҳрҳои Душанбе ва Ҳисор доир гардид, бо пирӯзии мунтахаби наврасони Тоҷикистон ба поён расид. Мусобиқот бо ширкати дастаҳои мунтахаби наврасони Афғонистон, Қирғизистон, Тоҷикистон, Туркманистон, Узбекистон ва Эрон доир шуд.

Футболбозони навраси тоҷик таҳти раҳбарии сармураббӣ Аҳлиддин Турдиев бозии даври аввалро бо ҳамсолонашон аз Узбекистон бо ҳисоби 1:1 анҷом дода, сипас бар тимҳои Қирғизистон бо ҳисоби 2:0, Туркманистону Эрон бо ҳисоби якхелаи 3:0 ва Афғонистон бо ҳисоби 1:0 ғолиб омаданд.

Мунтахаби Тоҷикистон, ки бо сездаҳ имтиёз дар ҷадвали мусобиқот мақоми аввалро касб намуд, барои аввалин бор бо ҷоми қаҳрамонӣ ва медалҳои тилло сарфароз гашт. Дастаи Узбекистон, ки бо даҳ имтиёз ҷойи дувумро гирифт, бо медалҳои нуқра мукофотонида шуд. Тими Эрон, ки бо нӯҳ имтиёз дар ҷойгоҳи севум қарор гирифт, барандаи медалҳои биринҷӣ гардид.

Анҷумани футболи Осиёи Марказӣ, ки моҳи июни соли 2014 таъсис ёфтааст, ба яке аз панҷ минтақаи Конфедеросиюни футболи Осиё (AFC) шомил аст. CAFA федеросиюнҳои футболи шаш кишвар – Афғонистон, Қирғизистон, Тоҷикистон, Туркманистон, Узбекистон ва Эронро муттаҳид месозад.

Рустами Эмомалӣ, раиси Федеросиюни футболи Тоҷикистон ва шаҳрдори Душанбе, 24-уми апрели имсол президенти нави Анҷумани футболи Осиёи Марказӣ интихоб шудааст.

XS
SM
MD
LG