Дастаи мунтахаби ҷавонони футзали Тоҷикистон (U-20) бо раҳбарии сармураббӣ Эраҷ Носеҳов дар доираи омодагӣ ба қисми ниҳоии мусобиқоти қаҳрамонии Осиё-2019 дар мусобиқаи байналмилалии Ҷоми Иттиҳод оид ба футболи хурд ё мини-футбол "Ирбис" мақоми сеюмро касб намуд.
Чунонки аз Федератсияи футболи Тоҷикистон имрӯз, 9-уми апрел, ба Радиои Озодӣ хабар доданд, ин мусобиқа дар шаҳри Қазони Тотористони Русия, дар маҷмааи варзишии «КАИ-Олимп», бо ширкати дастаҳои «ПСК» (Уляновск), «Ирбис» (Қазон), «Барис» (Йошқар-Ола), инчунин мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) тӯли ду рӯз идома кард.
Дар нимфинал мунтахаби Тоҷикистон аз дастаи «ПСК» бо ҳисоби 2:4 мағлуб шуд. Дар бозии дигари ниманиҳоӣ дастаи «Ирбис» бар тими «Барис» бо ҳисоби 13:0 ғолиб омад.
Барои ҷойи сеюм мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон бар тими «Барис» бо ҳисоби бузурги 22:0 пирӯзӣ ба даст оварда, бо ҷоми хотиравӣ ва медалҳои биринҷӣ сарфароз гашт.
Дар бозии ниҳоӣ дастаи «ПСК» тими «Ирбис»-ро бо ҳисоби 6:4 шикаст дода, ғолиби мусобиқа гардид. «ПСК» бо Ҷоми Иттиҳод ва медалҳои тилло мукофотонида шуд. Ҷоми хотиравӣ ва медалҳои нуқра насиби дастаи “Ирбис” гардид.
Эраҷ Носеҳов, сармураббии мунтахаби ҷавонони футзали Тоҷикистон (U-23), ба Радиои Озодӣ гуфт, ки ширкат дар мусобиқаи байналмилалии Ҷоми Иттиҳод дар Қазон яке аз марҳилаҳои омодагии даста ба қисми ниҳоии мусобиқоти қаҳрамонии Осиё-2019 маҳсуб мешуд, ки аз 14-ум то 23-уми июн дар шаҳри Табризи Эрон баргузор мешавад.
Мусобиқаи байналмилалии Ҷоми Иттиҳод оид ба мини-футбол ё футболи хурд «Ирбис»
Нимфинал
Мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) – «ПСК» (Уляновск) – 2:4
«Ирбис» (Қазон) – «Барис» (Йошқар-Ола) – 13:0
Бозӣ барои ҷойи сеюм
Мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) – «Барис» (Йошқар-Ола) – 22:0
Финал
«ПСК» (Уляновск) – «Ирбис» (Қазон) – 6:4
Наковен.Намеёваншон.Чи хеле дигароша наефтан.
Хандаи кас меояд ба ин соддагии одамон ... Шуморо худи макомот шикор кард , шумо бошед гуё , ки намедонед боз пеши худашон рафта ариза менависед.... Кудаки синфи 3-ро пурсед ба шумо мегуяд , ки аз ариза навиштана дари дигар кабинетро дар худи хамон шуьба кушоеду гиред чизхои худро.... О чихел онхо худашонро мекобан ?! Анекдот накл накунед ба мардум .... Мардум он мардуми соли 92 нестан ..... Дунё дигар шудааст.... Хама чиз ва хама кор маьлум давно .... Ба чашми Халки Точик Хок напошед ....
Кормандони хифзи хукук дар замони хозира рохзанхои конуниянд яъне "законый преступникан" ки хуччат доранд ва руи рост рохзани мекунанд.
Конечно монеъ мешаванд. Ки мехохад дар бораи худаш спектакл бинед?
Банда дар донишкадаи Исломии ба номи Имом Аъзам (мадраса) Мударрис ҳастам ва устод Шерзод А-ро хуб мешиносам. Устод низ вазъи ин донишкадаро хуб медонанд. Фишорхои амният ва дигар ниҳодҳои давлати болои устодон ва донишҷӯён хело зиёд аст.