Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳимояти ду созмон аз сарҳанги собиқ ва рӯзноманигори зиндонӣ дар Тоҷикистон


Муҳаммад Султон
Муҳаммад Султон

Ду созмони байналмилалӣ аз номи як фаъоли зиндонии тоҷик ва корманди собиқи КДАМ ба Созмони Милали Муттаҳид нома навишта, хостори раҳоии ӯ аз зиндон шудаанд.

Дар номае рӯзи 5-уми июн, ки Созмони “Freedom Now” ва ширкати байналмилалии ҳуқуқшиносони “Dechert LLP” аз номи Мамадсултон Мавлоназаров (Муҳаммади Султон), фаъоли зиндонӣ дар Тоҷикистон ба гурӯҳи кории СММ оид ба боздоштҳои худсарона фиристодааст, зиндонӣ кардани ӯро қасос барои интиқодҳояш аз кори мақомдорон номидаанд.

Муҳаммади Султони 72-сола, рӯзноманигор ва корманди собиқи Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон бо иттиҳоми “фаъолияти экстремистӣ” ва “таҳқири намояндаи ҳукумат” соли 2022 боздошт ва ба мӯҳлати 7,5 сол зиндонӣ шуд.

“Мо бовар дорем, ки Гурӯҳи кории СММ оид ба боздоштҳои худсарона ба ин натиҷа мерасад, ки ҳуқуқҳои шаҳрвандӣ ва инсонии Мамадсултон поймол шудааст ва ӯ бояд озод шавад,”—гуфта шудааст дар номаи ду созмон.

Дар ин нома ҳамчунин омадааст, ки Мавлоназаров пас аз бознишастагӣ аз КДАМ ба фаъолияти рӯзноманигорӣ машғул буд ва борҳо ӯро барои танқидаш аз кори мақомдорон дар Тоҷикистон таҳдид карда буданд. Ӯ бештар матлабҳои интиқодиашро дар саҳифааш дар Фейсбук чоп мекард.

Созмони “Freedom Now” ва ширкати байналмилалии ҳуқуқшиносони “Dechert LLP” дар номаашон гуфтаанд, ки ӯро маҳз барои навиштаҳояш дар Фейсбук зиндонӣ кардаанд.

“Ҳоло саломатии ӯ хуб нест ва пойҳояш варам кардаанду гурдаҳояш дард мекунанд. Борҳо ӯро барои бад шудани саломатиаш дар бемористони зиндон бистарӣ кардаанд,”—зикр шудааст дар номаи ду созмон ба СММ.

Ин созмонҳо аз гурӯҳи кории СММ оид ба боздоштҳои худсарона хоҳиш кардаанд, ки дар раҳоии Мавлоназаров кумак кунанд.

Гурӯҳи кории СММ оид ба боздоштҳои худсарона мавридҳои рабудани шаҳрвандон ва бедалел боздошт шудани онҳоро сабт ва таҳқиқ мекунад. Баъдан, ин Гурӯҳ ба ҳукуматҳои узви СММ амр медиҳад, ки қонунҳоро риоя кунанд ва ин афродро раҳо созанд. Тоҷикистон борҳо амрҳои ин Гурӯҳро дар бораи раҳоии бархе аз зиндониён нодида гирифтааст. Дар гузашта, мақомоти Тоҷикистон дар посух ба номаҳои ин Гурӯҳи СММ амалҳои худро қонунӣ дониста буд.

Муҳаммади Султон моҳи июни соли 2022 пас аз он боздошт шуд, ки мақомоти тоҷикро барои амалиёт дар вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон сахт танқид кард.

Моҳи майи он сол мақомоти тоҷик эълон карда буданд, ки дар Бадахшон “гурӯҳи муташаккили ҷиноиро безарар кардаанд.”

Муҳаммади Султон ин амалиётро саркӯби эътирозгарон ва қасос аз мардуми озодихоҳ номида буд.

Дар амалиёти мақомот дар Хоруғ ва Рушон наздик ба 40 нафар кушта ва даҳҳо нафари дигар боздошту зиндонӣ шуданд. Дар миёни боздоштшудаҳо фаъолони ҷамъиятӣ, ҳуқуқшиносон ва рӯзноманигор низ ҳастанд.

XS
SM
MD
LG