Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Талаби панҷ созмони ҳомии ҳуқуқ аз ҳукумати Тоҷикистон


Манучеҳр Холиқназаров
Манучеҳр Холиқназаров

Панҷ созмони ҳомии ҳуқуқ бо ибрози ташвиш аз вазъи вакили мудофеи зиндонӣ, Манучеҳр Холиқназаров, аз ҳукумати Тоҷикистон озодии фаврӣ ва бе қайду шарти ӯро талаб кардаанд. Холиқназаров ду сол боз дар зиндони низомаш сангин аст.

Изҳороти муштаракро Кумитаи Норвежии Ҳелсинкӣ рӯзи 28-уми май нашр кард. Дар зери он Ҳамкории Байнулмилалӣ Барои Ҳуқуқи Башар (IPHR), Эътилофи зидди шиканҷа дар Тоҷикистон, Бунёди Ҳелсинкии ҳуқуқи инсон (HFHR, Лаҳистон) ва Созмони ҷаҳонии зидди шиканҷа (OMCT) низ имзо гузоштаанд.

“Манучеҳрро танҳо барои талошҳои хастагинопазираш барои ёрӣ ба ҷабрдидагони нақзи ҳуқуқи башар дастгиру зиндонӣ карданд,” – гуфт Бриҷит Дафур, мудири Ҳамкории Байнулмилалӣ Барои Ҳуқуқи Башар рӯзи 28-уми май.

Вай афзуд, “то замоне ки Манучеҳр Холиқназаров раҳо шуда, ба хона, ба назди пайвандонаш барнагардад, аз мубориза ба зидди ҳукми ноодилонаи ӯ даст намекашем.”

Манучеҳр Холиқназаров, раиси Анҷумани ҳуқуқшиносони Помир, дар моҳи майи соли 2022 ва дар пайи эътирози сокинон дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон дастгир шуд.

Дар он ҳодиса дар Хоруғ ва Рӯшон 34 нафар кушта шуда, даҳҳо каси дигар, аз ҷумла фаъолони маданӣ боздошт гардиданд. Мақомот онҳоро узви гурӯҳҳои ҷиноӣ, аммо наздикону ҷонибдоронашон афроди одӣ ном бурданд.

Холиқназаров қабл аз дастгиру ҳабс шуданаш узви “Комиссияи 44” буд. Аъзои Комиссия якҷоя бо муфаттишони Додситонии кул марги Гулбиддин Зиёбеков, сокини ноҳияи Роштқалъа ва беназмиҳои охири соли 2021-ро дар маркази ВМКБ таҳқиқ мекарданд. Таҳқиқ нотамом монд ё ҳадди ақал натиҷааш барои ҷомеа дастрас нест.

Додгоҳи олии Тоҷикистон рӯзи 9-уми декабри соли 2022 Манучеҳр Холиқназаровро бо иттиҳоми узвият дар гурӯҳҳои ҷиноӣ ва ҳамкорӣ бо созмонҳои мамнуъ паси дарҳои баста ба 16 сол зиндон маҳкум кард. Ҳомиёни ҳуқуқ ҳукмро беасос донистанд.

Намояндагони панҷ созмон рӯзи 28-уми май гуфтанд, вазъи саломати Манучеҳр Холиқназаров дар зиндон “бисёр бад шудааст”. Аз ҷумла, ба гуфтаи онҳо, вакили пешин аз дарди пушт азият мекашад.

“Мақомот бояд замонат бидиҳанд, ки ӯ ба ёрии тиббии муносиб дастрасӣ дошта бошад. Ва то даме ки паси панҷара аст, тибқи меъёрҳои байнулмилалӣ муолиҷа шавад,” – гуфта шудааст дар изҳороти муштарак.

Аз ин пеш ҳам чанд созмони байнулмилалӣ, аз ҷумла гузоришгари вижаи Созмони Милал дар умури ҳуқуқи башар аз ҳукм ва шароити нигаҳдории Манучеҳр Холиқназаров изҳори нигаронӣ карда, хоҳони раҳоии ӯ шудаанд.

Мақомоти Тоҷикистон вокуниш намекунанд. Масъулони панҷ созмони ҳомии ҳуқуқ мегӯянд, Душанбе бояд ба даъватҳо гӯш дода, “Холиқназаровро зуд озод кунад ва имкон диҳад, ки ба хона ба назди зану фарзандонаш баргардад”.

XS
SM
MD
LG