Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҷузъиёти номаи се гузоришгари СММ ба мақомоти Тоҷикистон


Мэри Лолор дар охири соли 2022 ба Тоҷикистон омада буд
Мэри Лолор дар охири соли 2022 ба Тоҷикистон омада буд

Мэри Лолор, гузоришгари вижаи Созмони Милал дар умури ҳуқуқи башар, ҷузъиёти номаеро расонаӣ кард, ки ӯ ва ду ҳамкораш дар бораи баста шудани 700 созмони иҷтимоӣ ба мақомоти Тоҷикистон фиристодаанд.

Онҳо ин номаро 16-уми феврали имсол навишта, барои посух гуфтан ба он ду моҳ фурсат додаанд. Аз ҷумла, онҳо аз ҳукумати Тоҷикистон хостаанд, ки дар бораи чӣ қадар баста шудани созмонҳои иҷтимоӣ дар панҷ соли охир омор дода, чораҳои андешидаи худро барои фаъолияти амни ҳомиёни ҳуқуқ дар ҷумҳурӣ бигӯяд.

Хонум Лолор рӯзи 8-уми май дар шабакаи "Х" (Твиттери собиқ) навишт, аз он замон ба камияш як созмони иҷтимоии дигар барҳам хӯрдааст. "Посух нав дастрас шуд, меомӯзем," – навишт ӯ, аммо номаи ҷониби Тоҷикистонро наовард.

Вазири адлияи Тоҷикистон дар моҳи феврали соли 2023 сабаби баста шудани шуморе аз созмонҳои ғайридавлатиро ба мушкили молӣ пайванд дода буд.

Ирен Хон
Ирен Хон

Дар муроҷиати Мэри Лолор ва ҳамкоронаш – Ирен Хон (озодии баён) ва Климент Воуле (озодии ҷамъомадҳои осоишта) – ба мақомоти Тоҷикистон гуфта шудааст, ки "бархе созмонҳоро баъд аз даъвати раисонашон ба Вазорати адлия ва ё ҳукуматҳои маҳаллӣ барҳам додаанд."

"Ба онҳо фишор овардаанд, то ариза нависанд вагарна тафтиш мекунанду камбудӣ ёфта, ҷазо медиҳанд," -- гуфта шудааст дар номаи гузоришгарон.

Ба гуфтаи намояндагони Созмони Милал, баъзе аз ин созмонҳо бист сол собиқаи кор дошта, бо барҳам хӯрданашон ҳимоят аз ҳуқуқ ба таҳсил, дифоъ аз қурбониёни шиканҷа, пешгирӣ аз хушунати хонаводагӣ, дастрасӣ ба замин ва ёрӣ ба маъюбон ба мушкил дучор шудааст.

Мэри Лолор ва ҳамкоронаш гуфтаанд, масъалаи барҳам додани созмонҳои иҷтимоӣ пас аз нооромиҳои соли 2022 дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҷиддӣ шуд.

“Ҳарчанд омори дақиқу расмӣ нест, тибқи гузоришҳо, дар соли 2022 ҳудуди 200 созмон бо ҳукми додгоҳ ва беш аз 20 созмон аз ҷониби Додгоҳи иқтисодии ВМКБ ва бе иштироки масъулони онҳо барҳам дода шудаанд,” – гуфта шудааст дар нома.

Пештар намояндагони панҷ ташкилот дар ВМКБ дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфта буданд, ки мақомоти қудратӣ онҳоро ба эълони варшикастагӣ ва басташавӣ маҷбур кардаанд.

Вазири адлия Музаффар Ашӯриён дар моҳи феврали соли 2023 гуфт, бештари ин созмонҳо ба далели камбуди буҷа “худашон аз байн рафтанд”. Департаменти давлатии Амрико моҳи апрели имсол навишт, ки “сабаб на танҳо мушкили пардохти андозу гузоришдиҳӣ аз манбаъҳои даромад, балки таҳдиди сохторҳои амниятӣ мебошад.”

Ба иттилои намояндагони Созмони Милал, раисони баъзе аз созмонҳои иҷтимоиро дар Тоҷикистон бо баҳонаи ифтитоҳи парванда ба гуноҳи ифротгароӣ тарсондаанд. Созмонҳои дигар ба сабаби дахолати маъмурони андоз ночор баста шудаанд.

Гузоришгарон гуфтаанд, дахолат ба кори созмонҳои иҷтимоӣ ва фишор ба ҷомеаи шаҳрвандӣ ба озодии ақида ва баён таъсир расонда, боис ба бад шудани ҳифзи ҳуқуқи одамон мегардад. “Ин ба худсензура оварда мерасонад ва монеи ҳамкорӣ бо фаъолони байнулмилалӣ мегардад... Пайомадҳояш ҷиддӣ хоҳад буд,” – таъкид кардаанд онҳо.

Бори аввал, моҳи декабри соли 2023, сафири Иттиҳоди Аврупо дар Душанбе Раймундас Кароблис аз баста шудани 700 созмони иҷтимоӣ дар Тоҷикистон хабар дод. Ӯ гуфт, “ин ба нафъи демократисозии ҷомеа нест.”

Дар ҳамин нишаст Аҳад Содиқов, намояндаи Ваколатдори ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистон ширкат дошт ва гуфт, ки ҳеч созмон ба зӯр баста нашудааст: “Асосан бо лоиҳаҳо кор мекунанд ва агар лоиҳа тамом шуд, фаъолияти онҳо ба охир мерасад.”

Вазорати адлия пештар гуфта буд, ки дар Тоҷикистон наздик ба ду ҳазор созмони иҷтимоӣ фаъол аст ва барҳам хӯрдани шуморе аз онҳо ба маънои бад шудани муносибат бо ҷомеаи шаҳрвандӣ нест. Ҳоло маълум нест, ки мақомоти Тоҷикистон ба суолу нигаронии гузоришгарони Созмони Милал чӣ посух ва чӣ далел пеш овардаанд.

XS
SM
MD
LG