Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Дар ҳама кишварҳои Осиёи Марказӣ режимҳои авторитарӣ ҳокиманд"


Ҳю Вилямсон
Ҳю Вилямсон
Гуфтугӯ бо Ҳю Вилямсон, мудири Дидбони Ҳуқуқи Башар (Human Rights Watch) дар Аврупо ва Осиёи Марказӣ, дар бораи фишор ба расонаҳои мустақил, маҳдудияти кори созмонҳои ғайриҳукуматӣ ва боздошти фаъолон дар минтақа.

ТОҶИКИСТОН

– Маълум аст, ки ҳукумати Тоҷикистон ҳама даъвату дархостҳои созмонҳои байнулмилалиро нодида мегирад. Оё механизмҳои дигари таъсиррасонӣ вуҷуд доранд, ки ба рӯзноманигорону фаъолони беасос боздошту маҳкумшуда кумак карда тавонанд?

– Ба назари ман, зарур аст, ки минбаъд ҳам дар бораи ин қазияҳо иттилоъ дода, таваҷҷуҳи мақомоти Тоҷикистонро ба ҳодисаҳои рухдода ҷалб кунем. Дар акси ҳол, ин одамон фаромӯш ва аз рӯзномаи байнулмилалӣ “берун” мешаванд. Мо итминон дорем, ки таблиғ муҳим аст, он ба вазъият таъсир мерасонад ва Тоҷикистон дар маркази таваҷҷуҳ мемонад. Ин ҳодисаҳо ва воқеаҳои Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон таваҷҷуҳро ба минтақа ҷалб мекунанд. Ин ба мақомоти Тоҷикистон масъулиятҳои байнулмилалиеро, ки бар зимма гирифтаанд, ёдрас мекунад. Оқибатҳоеро барои тамоми кишвар, аз ҷумла ба обрӯи байнулмилалии давлат дар пай хоҳад дошт.

ҚИРҒИЗИСТОН

– Шумо чанд рӯз пеш бо аъзои ҳукумати Қирғизистон мулоқот кардед. Мавзӯи асосии ин мулоқот чӣ буд?

– Мо дар мулоқот бо намояндагони Девони вазирони Киргизистон масъалаи бадтар шудани вазъро дар соҳаи ҳифзи ҳуқуқи инсон матраҳ кардем. Албатта, эътироф мекунем, ки ҳоло барои ин кишвар дар пасманзари ҷанг дар Украина ва ҳамчунин ба далели вазъи ҳозираи иқтисодӣ як давраи душвор аст. Аммо ин сабабе нест, ки барои он меъёрҳои ҳуқуқи инсон поин бурда шаванд. Мо дар бораи ҳамлаҳо ба бахши Радиои Озодӣ дар Қирғизистон, аз ҷумла баста шудани ҳисобҳои он ва ҳамчунин масдуд шудани сомонаи радио сӯҳбат кардем. Ҳамчунин дар бораи хатарҳои ҷиддие, ки тағйирот ба қонунҳо дар пай доранд, суҳбат кардем. Аз ҷумла, қонун дар бораи ҳимоят аз маълумоти бардурӯғ, ки соли гузашта қабул шуд ва тағйироти кунунӣ, ки ба кори расонаҳо ва созмонҳои иҷтимоӣ рабт доранд. Мо даъват кардем, ки ин ислоҳот бозбинӣ ё бозхонд шаванд. Зеро он ба созмонҳои ҷамъиятӣ ва воситаҳои ахбори ом сарбории иловагӣ меорад. Умедворем, мақомоти Қирғизистон садои мо ва созмонҳои дигари байнулмилалиро, ки онҳо низ аз мушкилоти охир нигаронанд, шуниданд. Умедворем, Қирғизистон, ҷое, ки дар он фаъолияти расонаҳои озод ва созмонҳои ғайридавлатӣ иҷозат буда, ҷомеаи озод вуҷуд дорад, бахусус дар муқоиса ба кишварҳои дигари Осиёи Марказӣ, роҳи рушди худро идома хоҳад дод.

– Мақомоти Қирғизистон вазъи кунунии озодии баёнро дар кишвари худ чӣ гуна арзёбӣ мекунанд? Хабарнигорони расонаҳои мустақил бар ин боваранд, ки вазъ босуръат бад мешавад...

– Бале, мо комилан розӣ ҳастем, ки вазъи озодии баён босуръат бад мешавад. Мо далелҳои мақомотро, ки гуё расонаҳо маълумоти ифротгароёна ва ғайри қобили қабул паҳн мекунанд, ҷонибдорӣ намекунем. Озодии баён барои Қирғизистон аҳамияти бузург дорад. Албатта, бояд ҳудуди муайян вуҷуд дошта бошад. Аммо мо ҳеч далели берун рафтани расонаҳои мустақил аз ҳудудеро, ки иҷозат дода шудааст, намебинем. Воситаҳои ахбори ом бояд то андозае таҳти назорат бошанд, аммо мақомот ҳоло аз сатҳи зарурӣ хеле берун рафта истодаанд. Мо фикр мекунем, ки онҳо бояд ба расонаҳои мустақил бештар кумак кунанд.

УЗБЕКИСТОН

– HRW изҳорот дод, ки амалҳои мақомоти Узбекистонро дар шаҳри Нуқус маҳкум кард. Оё дар ин замина аз он тараф вокунише шудааст?

– Мутаассифона, ҳеч гуна посух нагирифтаем. Моҳи августи имсол аз мақомоти он кишвар хоҳиш кардем, ки назари худро дар робита ба таҳқиқоти мо баён кунанд. Мо изҳорот ва гузориш фиристодем, аммо посухе нагирифтаем, ки хеле таассуфовар аст. Зеро мо дунболи муколамаи созанда бо мақомоти он кишвар дар ин замина ҳастем. Ибтидои моҳи июли имсол ҳодисаи муҳиме рух дод. Дар хиёбонҳои Нуқус ва ноҳияҳои дигари Қароқалпоқистон беш аз 20 кас кушта шуд. Ин кушторҳо бояд ба таври лозимӣ таҳқиқ ва гунаҳкорон ба ҷавобгарӣ кашида шаванд. Ҳама аз мақомот вобаста аст. Мо онҳоро борҳо ба муколама даъват кардем. Умедворем, тафтишоти мустақил анҷом мешавад. Мақомоти Узбекистон моҳи июли имсол як кумисюни вижа таъсис доданд. Мо ин тасмимро истиқбол мекунем, ки як қадам дар роҳи дуруст аст. Ҳамчунин дар ҳайати кумисюн намояндагони ташкилоти ғайридавлатӣ ҳастанд. Аммо, мутаассифона, наметавон гуфт, ки ин кумисюн аз давлат комилан мустақил аст. Кумисюн далелҳои кушта шудани беш аз 20 касро тафтиш намекунад. Бинобар ин, шубҳа дорем, ки гузориши кумисюн метавонад, роҷеъ ба кушторҳо равшание андозад ё далелеро дар ин масъалаи калидӣ пешниҳод кунад.

ҚАЗОҚИСТОН

– Шумо аз мақомоти Қазоқистон даъват кардед, ки рӯйдодҳои моҳи январро ошкоро ва беғаразона таҳқиқ кунанд. Аз байн тақрибан як сол гузашт. Фикр мекунед, оё мақомоти қазоқ тавонистанд, ба ҳама саволҳо посух гӯянд ва тафтишоти одилона анҷом диҳанд?

– Албатта, ҷавоб надоданд ва кореро ҳам, ки метавонистанд накарданд. Мутаассифона, дар Қазоқистон, дар кӯчаҳои Алмато ва шаҳрҳои дигари кишвар зиёда аз 230 кас ҷон бохт. Одамон захмӣ шуданд. Мақомоти Қазоқистон кӯшиш карданд, фарзияи худро дар бораи ҳодиса пешниҳод кунанд ва тафтишот гузаронанд. Аммо то ҳол мушаххас нашудааст, ки ин афрод чӣ гуна кушта шудаанд. Ҷавоб додан, ин пеш аз ҳама, вазифаи онҳо дар назди шаҳрвандони Қазоқистон аст. Вақте мо бо мардум суҳбат кардем, онҳо мунтазири посух аз мақомот буданд. На танҳо хешу табори кушташудаҳо, балки тамоми ҷомеа мунтазир буд. Ҷавобҳои додашуда кофӣ нестанд. Онҳо ба даъватҳо барои ҷалби коршиносони байнулмилалӣ ба тафтишот мегӯянд, ин хилофи қоида аст. Ба бовари мо, ин посух беасос аст. Зеро ҷалби коршиносони байнулмиллалӣ ё мустақил барои дастгирӣ дар тафтишот комилан қобили қабул аст. Мо фикр мекунем, ин бахши Қазоқистони наве нест, ки роҳбарияти ҷадиди кишвар дар бораи он иддао дорад. Ба назари мо, ба ҷои пеш рафтану кӯшиши ҳодисаҳоро фаромӯш кардан, дуруст мебуд, ки ба ҳодисаҳои рухдода ошкоро назар андозем ва нисбати шаҳрвандони худ софдилона рафтор кунем. Набояд кӯшиш ва вонамуд кард, ки ҳеч чиз рӯй надодааст ё ҳама чиз хуб аст.

РОҲ БА КУҶО?

– Дар Осиёи Марказӣ кадом тамоюлҳои умумии риояи ҳуқуқи инсонро мушоҳида мекунед?

– Дар ҳар кишвар то ҳол режими худкома ё авторитарӣ ҳукмронӣ мекунад. Ба истиснои Қирғизистон, ҳеч кишваре дар Осиёи Марказӣ интихоботи озоду одилона баргузор намекунад. Меъёрҳои асосии ҳуқуқи инсон, аз қабили ҳуқуқ ба озодии баён, озодии иттиҳодияҳо эҳтиром намешаванд. Ин маънои онро дорад, ки дар кӯчаҳои шаҳр як гуруҳи ташаббускори ғайридавлатӣ ё эътироз ташкил кардан мумкин нест. Озодии ҷамъомадҳо низ дар ҳама кишварҳо сахт маҳдуд аст. Қирғизистон низ дар ин замина истисно нест. Феълан дар Бишкек баргузории тазоҳурот манъ аст. Бинобар ин, дар умум вазъ тағйир намеёбад. Он дар пасманзари ҷанги Украина боз ҳам шиддат меёбад. Мо медонем, ки кишварҳои Осиёи Марказӣ чун анъана ба Русия наздиканд. Онҳо дар ҳайати Иттиҳоди Шӯравӣ буданд. Ин ҳам барои мақомот ва ҳам барои шаҳрвандон мушкил эҷод мекунад. Аммо, тавре зикр кардам, ин набояд баҳонае барои беэҳтиромӣ ба ҳуқуқи инсон шавад. Мақомот барои риояи ҳуқуқи инсон дар кишварҳои худ масъуланд. Онҳо бояд ба шаҳрвандони худ иҷоза диҳанд, ки андешаи худро дар бораи ҷанг дар Украина баён кунанд. Онҳо ҳамчунин бояд дастрасиро ба манбаъҳои мустақили иттилоот, ки ин масъаларо бозтоб мекунанд, таъмин намоянд.

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG